Ҳадиси ахлоқ

59

Ҳадиси ахлоқ

Аҳодиси ахлоқӣ аз Имом Ҳусейн(а)

Имом Ҳусейн(а): “Бахил касест, ки аз салом бухл варзад”.

Имом Ҳусейн(а): “Ҳамнишинӣ бо хирадманд нишонаи писандидаву хирадманд будан аст”.

Имом Ҳусейн(а): “Ҳаргиз бемаврид сухан магуй, то барои сухан гуфтан ҷои муносиб пайдо кунӣ, зеро чӣ бисёр суханваре, ки сухани баҳаққе гуфта бошад, вале чун бемаврид буда, нописанду маъюб ҷилва кардааст”.

Имом Ҳусейн(а): “Битарс, ки аз ононе набошӣ, ки аз гуноҳи бандагони Худо битарсӣ, вале аз гуноҳи худ натарсӣ. Зеро Худованд маҳрум намекунад касеро аз биҳишт ва намерасонад касеро ба неъматҳои худ, магар ба воситаи ибодату итоати худи он банда”.

Имом Ҳусейн(а): ”Ҳар он кас, ки бахшандагӣ кунад, бузургворию сиёдат пайдо мекунад ва дар байни мардум азиз хоҳад шуд”.

Имом Ҳусейн(а): “Бипарҳез аз ситам бар касе, ки ғайри Худо ёре надорад!”

Имом Ҳусейн: “Ростгӯӣ бузургворист ва дурӯғгӯӣ нотанист”.

Имом Ҳусейн: “Кӯмак кардан, садақа аст”.

Имом Ҳусейн: “Аз ғайбат бипарҳез, зеро ғайбат хуришти сагҳои дӯзах аст”.

Имом Ҳусейн: “Адаб иборат аст аз ин ки вақте аз хона хориҷ мешавӣ, ба ҳар касе бархурд кунӣ, ӯро бартар аз худ бинӣ”.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.