ЧӢ ГУНА БО ФАРЗАНДАМОН МЕҲРУБОН БОШЕМ?

39

ЧӢ ГУНА БО ФАРЗАНДАМОН МЕҲРУБОН БОШЕМ?

Меҳрубонӣ бо кӯдак

Чӣ гуна бо кӯдаконамон меҳрубонтар бошем?

Аҳамияти меҳрубонӣ бо кӯдак

Замоне ки бо фарзандони худ рафтори саршор аз муҳаббату меҳрубонӣ пеш бигиред, муҳити хона табдил ба макони амн барои онҳо мешавад, ки метавонанд масоил ва мушкилоти худро бо хаёли роҳат бо падару модари худ дар миён гузоранд. Дарин сурат, ҳатто аз мӯътод шудан ва дигар рафторҳои муҷримонаи онҳо дар оянда низ мешавад пешгирӣ кард. Ҳарчӣ робитаи самимонтаре бо кӯдакони худ дошта бошед, дар тарбияти онҳо муваффақтар хоҳед буд.

Барои ибрози меҳрубонӣ ва муҳаббат бояд ба нукоти зер таваҷҷӯҳ дошта бошем:

1 – Ишқ варзидан

2 – Кашфи алоқаҳо ва дилбастагиҳои муштараки байни худамон ва фарзандамон

3 – Сабр дошта бошем

4 – Бозӣ бо кӯдак

5 – Эҷоди назму қонун

***

Ишқ варзидан ба кӯдак

Замоне ки кӯдак ишқи падару модарро нисбат ба худ эҳсос мекунад, робитаи хубе бо онҳо барқарор мекунад. Муҳаббати қалбӣ ба танҳоӣ ҷавобгӯи ниёзҳои дарунии кӯдак нест. Кӯдак бо навозиш, бӯса ва табассум оромиш мегирад, эътимод ба нафс ва худюоварӣ пайдо мекунад ва мефаҳмад, ки дар зиндагӣ касоне ҳастанд, ки бидуни қайду шарт, ошиқона ӯро дӯст медоранд ва аз ӯ ҳимоят мекунанд.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.