Фалсафаи ҳиҷоб дар намоз чист?

190

Фалсафаи ҳиҷоб дар намоз чист? Худо, ки бо ҳама маҳрам аст. Бо вуҷуди ин ҳатто агар номаҳраме ҳам набошад, зан бояд бо пӯшиши комил намоз бихонад.

Ҷавоб:

Як: Худои мутаол ҳаким аст. Ҳамаи аҳком ва дастурҳои дин низ дорои ҳикматҳои хосе ҳастанд. Пай бурдан ба ҳамаи асрори ибодатҳо ва хостаҳои дин, барои мо мумкин нест, чун илми мо маҳдуд аст. Ин Худои мутаол аст, ки бар ҳамаи замонҳо, ниёзҳо, қобилиятҳо ва… илм ва ишроф дорад. Пас агар хостае аз тарафи Худои мутаол содир шудааст, бешак дорои осор ва ҳикматҳои зиёд ва мутааддиде аст.

Ду: Яке аз муҳимтарин аслҳои дин, даъват ва фарохонии башар ба ибодат ва изҳори бандагӣ дар муқобили Худои меҳрубон аст. Мумкин аст огоҳӣ ба асрор ва ҳикматҳо, сабаби тақвияти ангезаҳо дар пайравӣ аз дастурҳои илоҳӣ шавад. Ба ҳамин далел иддае дар паи ёфтани асрор ва ҳикматҳои аҳком ҳастанд, вале сухани мо ин аст, ки набояд интизор дошта бошем тамоми осор ва асрори дастурҳои илоҳӣ барои мо равшан шавад, балки бояд бо равшан шудани як ё чанд ҳикмат, ҳамроҳ бо эътиқоде, ки ба Худои мутаол ва таолими Ислом дорем, ба амал бипардозем.

Се: Риояти ҳиҷоб дар намоз, навъе тамрини доимӣ ва рӯзона барои ҳифзи ҳиҷоб мебошад ва яке аз авомиле аст, ки дар посдошти доимии пӯшиши исломии зан ва ҷилавгирӣ аз осебпазирии он, нақши муҳиме ифо мекунад.

Чаҳор: Вуҷуди пӯшиши якпорча барои тамоми бадан ва доштани пӯшиши махсус барои намоз, таваҷҷуҳ ва ҳузури қалби инсонро бештар карда ва аз таваҷҷуҳи зеҳн ба таҷаммулот ва чизҳои рангорангро кам мекунад, ба тавре ки арзиши намози шахс бештар мешавад.

Панҷ: Доштани пӯшиши комил дар намоз, навъе адабу эҳтиром ба мақоми бузурги Худои мутаол аст. Аз ин рӯ ба тан кардани либоси дароз ва пӯшондани сар дар намоз, мустаҳаб ва суннат аст ва ҳамин адаби ҳузур дар пешгоҳи илоҳӣ, заминасози ҳузури маънавӣ ва ҳузур ёфтан ба маҳзари Ҳақ мешавад.

Шаш: Ҳамон Худо чунин дастур додааст тавассути расулаш.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.