Ангезаҳои тарбияти фарзанд

165

Гузашта аз ишқ ва муҳаббате, ки Худованд нисбат ба фарзанд дар вуҷуди инсон ба амонат ниҳодааст, ангезаҳои дигаре низ инсонро ба ин амри муҳим ташвиқ ва тарғиб мекунад, ҳазрати Алӣ(к) дар номае ба фарзанди бузургвораш имом Ҳасани Муҷтабо(а) ангезаҳои худро аз тарбияти фарзанд баён мефармояд, ки ин ангезаҳо иборатанд аз:

 А Эҳсоси сӯд ва зиёни муштарак

Шояд битавон гуфт аслитарин ангезаи тарбияти фарзанд ин аст, ки падар фарзандро усораи сулола ва идомаи хеш медонад. Аз ин рӯ ба мизоне ки хайр ва саодати худро мехоҳад хайрхоҳии ӯ низ ҳаст. Ин мавзӯъ сабаб мешавад, ки ҳамвора ба дунболи ёфтани шиваҳои муъассири тарбиятӣ барои иршод ва роҳнамои фарзандаш бошад.

Дар ин замина ҳазрати Алӣ(к) ба фарзанди азизаш мефармояд: “Туро дидам, ки пораи тани ман, балки ҷони манӣ, он гуна ки агар осебе ба ту расад, ба ман расидааст ва агар марг ба суроғи ту ояд, зиндагии маро фаро гирифтааст, пас кори туро кори худ шумурдам ва номае барои ту навиштам, то туро дар сахтиҳои зиндагӣ раҳнамуд бошад. Ҳол ман зинда бошам ё набошам.”[1]

 Б­ Пешгирӣ аз пазириши тарбияти нодуруст

Дар бахши дигаре аз нома ҳазрат ба баёни ангезаи худ аз шитоб дар тарбияти фарзанд ишора намуда ва мефармояд: “Писарам! Ҳангоме ки дидам солёне аз ман гузашт ва тавоноӣ рӯ ба костӣ рафт. Ба навиштани васият барои ту шитоб кардам ва арзишҳои ахлоқиро барои ту баршумурдам, пеш аз он ки аҷал фарорасад ва розҳои дарунамро ба ту мунтақил накарда бошам ва дар назарам коҳише падид ояд, чунон ки дар чашмам падид омад ва пеш аз он, ки хоҳишҳо ва дигаргуниҳои дунё ба ту ҳуҷум оваранд ва пазириш ва итоат мушкил гардад, зеро қалби навҷавон чун замини кошта нашуда омодаи пазириши ҳар базрест, ки дар он пошида шавад. Ва дар идома мефармоянд: дар оғози тарбият тасмим гирифтам, то китоби Худои тавоно ва бузургро ҳамвора бо тафсири оёт ба ту биёмузам, ва шариъати ислом ва аҳкоми он аз ҳалол ва ҳаромро ба ту таълим диҳам ва ба чизи дигаре напардозам, аммо аз он тарсидам, ки мабодо раъй ва ҳавое ки мардумро дучори ихтилоф кард ва корро ба онон шубҳанок сохт, ба ту низ ҳуҷум оварад, гар чи огоҳкардани туро нисбат ба ин умур хуш надоштам, аммо огоҳ шудан ва устувор монданатро тарҷеҳ додам, то таслими ҳалокатҳои иҷтимоӣ нагардӣ.”[2]

 В- Ихлос ва хайрхоҳӣ

Аз он ҷо ки падар худро пухтатар аз фарзандаш медонад бо ниҳояти ихлос ва хайрхоҳӣ талош мекунад, ки таҷрибиёти худро дар қолиби андарз ва мавъиза ба ӯ мунтақил намояд. Ҳазрати Алӣ(к) бо ишора ба ин матлаб ба фарзанди бузургвораш мефармояд: “Ҳамоно ман аз ҳеҷ андарзе барои ту кӯтоҳӣ накардаам ва ту ҳарқадар кӯшиш кунӣ ва ба ислоҳи хеш бипардозӣ ҳамонанди падарат наметавонӣ бошӣ.”[3]

[1]. Наҳҷулбалоға, номаи 31.

[2]. Ҳамон, номаи 31.

[3]. Ҳамон, номаи 31.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.