Аз даст додани имон барои саломати зарар дорад

96

Доктор Кристофер Шител, мутахассиси донишгоҳи иёлати Пен дар ин бора мегуяд: касоне ки имон худро аз даст медиҳанд, саломатии худро бештар ба хатар меандозанд, чун ин афрод бештар ба сигор ва нушидани арақ рӯй меоваранд ва ҳамчунин бештар дар хатари стирес ва афкор ва эҳсосоти манфӣ ҳастанд. Ба алова надоштан ё заъфи имон сабаби аз даст додани дӯстон мешавад.

Баррасиҳо нишон медиҳад: Афроди бо имон ва муътақид маъмулан аз рафторҳои носолим мисли кашидани сигор ва нушидани арақ ба далели ҳамоҳангӣ бо ҳамгуруҳиҳои худ дури мекунанд ва ин гуруҳҳо сохторҳои ҳимояти расмӣ ва ғайри расмиро барои тақвияти саломатии мусбат эҷод мекунад.

Ба гузориши рӯзномаи Телегроф, пайвандҳои иҷтимоӣ мутаалиқ ба ин гуруҳҳо ҳамчунин нусхаи дигаре барои беҳбуди саломати афрод аст. Ин ёфта ҳосили анҷоми озмойишоти рӯи 432 довталаб байни солҳои 1972 то 2006 аст.

Мутахассисон таъкид доранд: гароиш ба рафторҳои но солим сабаб мешавад аз дӯстон ва ё аъзои хонаводаатон фосила бигиред ва вақте онҳо шуморо тарк мекунанд ғамгин ва афсурда мешавед, ки паёмади он эҷоди стиреси равонӣ ва эҳсосоти манфие аст, ки саломати ҷисм ва равони шуморо ба хатар меандозад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.