Нуктаҳои тарбиятӣ

43

Нуктаҳои тарбиятӣ

Нуктаҳои тарбиятии кӯдак ва навҷавон

Аз ҳакиме пурсиданд: Замони тарбияти кӯдак чӣ замонест?

Посух дод: Бист сол пеш аз таваллуди кӯдак.

Яъне ончӣ дар тарбият нақши асосӣ дорад, тарбияти волидайн аст.

***

Волидайн барои пешгирӣ аз муоширату дӯстии кӯдакон ва навҷавонон бо рафиқони нобоб, онҳоро ошкоро манъ накунанд, чун ки кӯдакон ва навҷавонон илова бар ин ки ҷиддӣ мешаванд, аз дӯстонашон дифоъ мекунанд, балки дар ин маврид, аз онон бихоҳанд, бештар ба қавонини хонавода амал кунанд.

***

Падару модар кӯдакро дар шароите қарор надиҳанд, ки кӯдак маҷбур ба дурӯғгӯӣ шавад, балки бо диди гузашту афв, заминаи ростгӯиро барои онҳо фароҳам кунанд.

***

Салом паёми сулҳу оштӣ аст.

Дар одат додани кӯдакон ба салом кардан, волидайн сармашқ бошанд, ки ҳам асароти омӯзишӣ дорад ва ҳам ба онон шахсият мебахшад.

***

Яке аз авомили рушди шахсияти кӯдак вогузории масъулият ба онон аст.

Падару модарон дар харидҳои сари кӯча ин маъмуриятро ба сурати тадриҷӣ, ба онҳо вогузор кунанд; албатта бо назорат ва ҳисобрасӣ.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.