Ибодати ҷавонон дар каломи набавӣ

48

Ибодати ҷавон дар каломи набавӣ

Арзиши ибодат дар ҷавонӣ

Паёмбар (с): Бартарии ҷавони ибодатпеша, ки дар наврасӣ ба ибодат рўй овардааст, бар пироне, ки дар бузургӣ ба ибодат рўй овардаанд, монанди бартарии паёмбарон бар дигар мардум аст.

Паёмбар (с): Худованди азза ва ҷалла мефармояд: «Ҷавони мўътақид ба қазо ва қадари ман, хушнуд аз китоби ман, қаноаткунанда ба рўзии ман ва раҳо кунандаи хостаҳои нафс ба хотири ман, монанди яке аз фариштагони ман аст».

Паёмбар (с): Худованди Бузург ҷавонеро, ки ҷавонияшро дар роҳи бандагии Худо сипарӣ кунад, дўст медорад.

Имом Боқир (а): Иброҳим (а) мўи сафеде дар риши худ дид. Фармуд: «Сипос Худовандеро, ки Парвардгори ҷаҳониён аст. Он ки маро ба ин син расонид ва як лаҳза нофармонияшро накардам».

Худованд бо ибодати ҷавонон ифтихор мекунад. Паёмбар (с): Худованди Бузрг ба ҷавони ибодатпеша назди фариштагон ифтихор мекунад, дар ҳоле ки мефармояд: «Бандаамро бингаред. Барои ман хостаҳои нафси худро канор ниҳодааст».

Паёмбар (с): Ҳеҷ ҷавоне хушиҳои дунё ва саргармиҳои онро канор наниҳод ва дар ҷавонӣ ба истиқболи бандагии Худо нарафт, магар он ки Худованд ба вай подоши 72 сиддиқ бахшид. Онгоҳ фармуд: «Худованди Бузург (хитоб ба вай) мефармояд: «Эй ҷавони раҳо кунандаи шаҳват ба хотири ман ва сипарӣ кунандаи ҷавонияш барои ман! Ту дар пешгоҳи ман монанди баъзе фариштагон ҳастӣ».

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.