Чаро зан дар ҳоли намоз бояд бадани худро бипӯшонад?

98

Чаро  дар ҳоли намоз бадани зан бояд мастур бошад, дар сурате, ки Худованд аз ошкор ва ниҳони ҳар мавҷуде огоҳ аст?
Шаке нест, ки Худованд аз ҳама чиз дар ҳама ҳол бохабар аст ва пӯшида ва пинҳон барои Ӯ мафҳуме надорад, бо бандагони худ низ номаҳрам нест, вале инсон дар ҳоли ибодат худро дар ҳузури Худо мебинад ва бо ӯ сухан мегӯяд ва ба розу ниёз бо ӯ бармехезад, дар чунин ҳоле бояд муносибтарин либосро дар ҳузури Ӯ ба бар кунад ва рӯшан аст, ки муносибтарин  либос  барои  зан  ҳамон  либоси комил аст яъне либосе, ки нишонаи иффат ва покдомании ӯст ва беҳтарин ҳолоти  ӯро мунъакис месозад,  танҳо чунин либосе шоистаи ҳоли ибодат мебошад.
Ҳатто дар мавриди мардон на танҳо бо бадани урён намоз хондан ботил ва дур  аз рӯҳи  хузуъ ва эҳтиром ба соҳати муқаддаси  Парвардигор аст балки беҳтар ин аст, ки илова бар пӯшиши миқдори воҷиб, бо либосе намоз бихонад, ки ниҳояти эҳтиром бошад. Масалан танҳо бо либоси зерпӯш намоз хондан хуб нест ва шоистааст илова бар либоси зерпӯш, бар рӯи он либоси дигаре ҳам пӯшад.

 

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.