Рафтори Паёмбари Акрам (с) бо кӯдакон ва хонавода

141

Хусусиёти ахолқии зиндагии Паёмбар(с)

Дар ҳадисе аз ҳазрати Алӣ омада аст, ки мефармояд: Рафтори Пайғамбари Акрам(с) бо ҳамнишинонаш чунон буд, ки ҳамеша хушрӯ ва хандону мулоим буд. Ҳеҷ вақт сангдилу пархошгар ва айбҷӯ набуд. Ҳеҷ кас аз ӯ ноумед намешуд ва ҳар кас ба дари хонаи ӯ мерафт ноумед барнамегашт. Се чизро дар мавриди мардум раҳо карда буд, касеро мазаммат намекард ва сарзаниш намефармуд ва айбҳои пинҳони мардумро ҷустуҷӯ намекард. Дар вақти сухан гуфтан ба қадре зебо ҳарф мезад, ки ҳеҷ кас сухан намегуфт ва ҳаракат намекард. Ҷозибаи ахлоқи Расули Худо(с) ба ҳадде буд, ки он миллати ақибмондаи ҷоҳил ва он гурӯҳе хашин, ки Қуръон дар сураи тавба ояти (97) мефармояд:

الأَعْرَابُ أَشَدُّ كُفْرًا وَنِفَاقًا وَأَجْدَرُ أَلاَّ يَعْلَمُواْ حُدُودَ مَا أَنزَلَ اللّهُ عَلَى رَسُولِهِ وَاللّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ

бодиянишинони араб, куфр ва нифоқашон сахттар аст ва ба ноогоҳӣ аз ҳудуд ва аҳкоме, ки Худо бар Паёмбараш нозил карда сазовортаранд. ва Худованд доно ва ҳаким аст.[1] Аз суҳбат бо Расули Худо(с) дурӣ мекарданд ва дар маҷлиси он ҳазрат намеомаданд. Вале он ҳазрат бо доштани ахлоқи бузург сабаб шуд, ки онҳо бо оғуши дини Ислом биёянд.

Азамат дар ахлоқи Расули Худо(с)

Худованд дар бораи дар азамати ахлоқи Пайғамбари Ислом(с) мефармояд:

وَإِنَّكَ لَعَلى خُلُقٍ عَظِيمٍ

ва ту ахлоқи азим ва барҷастае дорӣ.[2]

Бояд таваҷҷӯҳ дошта бошем, ки Худованди Мутаъол аз чизе бо азамат ёд мекунад маълум аст, ки аз азамати болое бархурдор аст. Ахлоқе, ки ақл дар он ҳайрон аст. Лутф ва муҳаббат бе назир, сабру истиқомат ва таҳаммул ва ҳавсалаи тавсифнопазир дорад. Агар мардумро ба бандагии Худованд даъват мекард худаш бештар аз ҳама ибодат мекард. Агар касеро аз кори бад боз медошт худаш ҳечвақт кори бад анҷом намедод. Ӯ ҳеҷ вақт бадиро ба бадӣҷавоб намедод, балки дар баробари касоне, ки он ҳазратро азият мекард гузашт мекард ва бадии ӯро ба меҳр ҷавоб медод ва онҳоро шарманда мекард. Барои онҳо, ки ба бадани муборакаш санг мезаданд ва хокистари гарм бар сари ҳазрат мерехтанд даст ба дуо бармедошт ва барои ҳидояти онҳо дуо мекард. Парвардигоро! Қавми маро ҳидоят фармо чунки онҳо огоҳӣ надоранд. Худованди бузург дар бораи машаққат ва меҳрубонии он ҳазрат мефармояд:

لَعَلَّكَ بَاخِعٌ نَّفْسَكَ أَلَّا يَكُونُوا مُؤْمِنِينَ

Гӯӣ мехоҳӣҷони худро аз шиддати андӯҳ аз даст бидиҳӣ ба хотири инки онҳо (мушрикон) имон намеоваранд![3]. Аз ин оя чунин истифода мешавад, ки Расули Худо(с) то чи андоза нисбат ба мардум дилсӯз ва дар анҷоми рисолати худ заҳмат мекашид.[4]

Меҳру муҳаббати Пайғамбари Ислом(с)

Яке аз муҳимтарин усули ахлоқии Расули Худо(с) ки дар бархурдҳои иҷтимоӣ зоҳир мешуд, меҳрубонии он ҳазрат бо дигарон буд. Ба фармудаи Қуръони Карим: вуҷудаш رَحمَهً للعالََمِینً للعالََمِین буд.

Меҳрубонӣ нисбат ба хонавода

Он ҳазрат дар хона либоси худро медухт ва пеш аз хоб оби вузӯи худро омода мекард. Дар мушкилоти хонаводааш ба онон кӯмак мекард ва мефармуд: Беҳтарини шумо касе аст, ки бо хонавода ва ҳамсараш рафтори нек дошта бошад ва ман беҳтарини шумо дар рафтор бо хонавода ва ҳамсарони худ ҳастам.

Кӯмаки Пайғамбари Худо (с) дар хона

Имом Ҳусайн(р) мефармояд: аз падарам дар бораи дохили хонаи Расули Худо(с) савол кардам. Фармуд: вақте, ки ба манзил меомад вақтҳошро се тақсим мекард. Қисмате барои Худо ва қисмате барои хонавода ва қисмате барои худ. Худашро ҳам байни худ ва мардум тақсим мекард ва кори афроди хосро бар дигарон муқаддам медошт ва онро ба баъд қарор намедод.

Кӯмаки мард ба зан дар хона

Расули Худо(с) дохили хонаи Алӣ(к) шуд ӯ ва Фотима ро дид, ки бо кӯмаки якдигар бо осёбдасти орд мекунанд. Пайғамбари Акрам(с) фармуд: кадом як хаста шудаед? Алӣ(к) гуфт: фатима хастатар аст. Пайғамбар(с) ба ӯ фармуд: бархез духтарҷон. Фотима бархост ва Пайғамбар Акрам(с) ба ҷои ӯ нишаст ва Алиро дар орд крдан кӯмак кард.[5]

Меҳрубонӣ нисбат ба кӯдакон

Ҳар вақт кӯдакеро барои дуо ё номгузорӣ пеши ҳазрат меоварданд, он ҳазрат барои эҳтироми хонаводаи кӯдак ӯро дар домани худ мегирифт. Баъзе вақт иттифоқ меафтод, ки кӯдак дар либоси он ҳазрат идрор мекард ва дигарон, ки ин ҳодисаро медиданд бар сари кӯдак дод мезаданд. Дар ин вақт Расули Худо(с) мефармуд: Бо ғазаб бо кӯдак рафтор накунед ва пеши ӯро бари бавл кардан нагиред.[6] Хонаводаи кӯдак бо хушҳолӣ фарзанди худро мегирифтанд, дар ҳоле ки нороҳатӣ дар вуҷуди он ҳазрат дида намешуд ва замоне ки онҳо мерафтанд ҳазрат либосашро пок мекард. Яке аз ёрони Пайғамбари Акрам(с) дар пеши ҳазрат нишаста буд, ки ба ӯ хабар доданд: Ҳамсари шумо духтар зоидааст ӯ нороҳат шуд. Расули Худо(с) ин манзараро дид фармуд: Замин, ҷойгоҳи ӯ ва осмон соябони ӯ ва рӯии ӯ ҳам бо Худо аст, пас тӯ барои чи нороҳат ҳасти? Ӯ ҳамчун гули хушбӯе аст, ки аз он истифода кунӣ. Дар замоне ки доштани духтар нанг буд.

وَإِذَا بُشِّرَ أَحَدُهُمْ بِالأُنثَى ظَلَّ وَجْهُهُ مُسْوَدًّا وَهُوَ كَظِيمٌ

дар ҳоле ки ҳар вақт ба яке аз онҳо башорат диҳанд, ки духтар насиби тӯ шуда аст,сураташ аз нороҳатӣ сиёҳ мешуд ва ба сахти хашмгин мегардид.[7] Расули Худо(с) фармуд: Беҳтарин фарзандони шумо духтарон ҳастанд ва аломати хуш қадамии зан он аст, ки аввалин фарзандаш духтар бошад. Як нафар пеши Пайғамбари Акрам(с) омад гуфт: Ҳеҷ, вақт кӯдаки худро набӯсидам. Ҳазрат фармуд: Ин аломати сангдилии ту аст. Дар бораи адолати миёни кӯдакон низ таъкид мекард ва мефармуд: Агар яке аз онҳоро дар пеши чашм бӯсиди дигариро ҳам бибӯс.

Обу таом додан ба кӯдакон

дар бораи Расули Акрам (с) ривоят шудааст, ки бар хурду бузург салом мекард. Яке аз вазифаи сангин ва дақиқ дар роҳи парвариш ва тарбияти фарзандон ҳифзи адолат ва баробари байни онҳоаст. Бинобар ин падарҳо ва модарҳое, ки дорои чанд фарзанд ҳастанд бояд дар рафтори худ ҳамаи онҳоро бо дар назар гирифтани адолат ва инсоф ва баробарӣ нигоҳ кунанд ва дар амал ҳамаи онҳоро дар назар бигиранд то баъзе аз онҳо эҳсоси кучаки накунанд. Ин рафторро Паёмбари Акарм (с) дар бораи кӯдакони худ анҷом медоданд.

Салом додан ба кӯдакон

Яке аз равишҳои некӯи Расули Худо (с) ба унвони суннат бар ҷой гузошт салом кардан ба кӯдакон мебошад чун, ки кӯдакон дар дар ҳоле, ки хӯрдсол ҳастанд ва аз масъулиятҳо мегурезанд вале ба хуби мефаҳманд ва муҳаббатро дарк мекунанд. Ин равиши Расули Худо (с) бар хилофи дидгоҳи гуруҳи кутоҳ андеш ва ҷоҳиласт, ки ҷое барои кудакон дар байни худ намешиносанд ва фарзандонро ҷудои аз худ ва ночиз медоананд. Аммо дар мактаби ислом суфориш шуда, ки онҳо низ ҳамашон шоистаи ҳамон рафторе ҳастанд, ки як бузургсолро он тавр эҳтиром мекунанд. Бале Расули Худо (с) ба кудак эҳтиром мегузошт ва талош мекард, ки онҳо вориди муҳити иҷтимо шаванд. Дар бораи салом кардан ба кудак ривоятҳои зиёде нақл шудааст аз ҷумлаи ин ривоятҳо инаст: Анас ибни Молик мегуяд: Ҳазрат Муҳаммад(с) дар вақти роҳ рафтан бо чанд кудаке хурдсол мувоҷҷеҳ шуданд ва ба онҳо салом карда ғизо даданд. Дар ҳадиси дигар нақл шудааст, ки Расули Худо (с) бар кучаку бузург салом мекард. Ва дар салом кардан бар дигарон ҳатто кудакон пеша мегирифт. Ва ҳар кастро медид аввал ӯ салом мекард ва ба онҳо даст медот.

Бӯсидани кӯдак

Яке дига аз равишҳои Расули Акрам (с) нисбат ба кудакон бӯсидани онҳо будааст. Асари он ин аст, ки алоқа ва муҳаббат байни падару модар ва фарзандро зиёд мекунад. Бӯса нишон медиҳад, ки падару модар дар бораи фарзанд ҳам аз алоқаи падару модар нистаб ба худо огоҳ мешавад ва нируи тозае дар ӯ ба вуҷуд меояд. Аҷибтар ин аст, ки эҳтироми Расули Худо (с) нисбат ба фарзандони худ бештар дар пеши мардум анҷом мешуд ва он ду фоида дорад. Якум ин, ки решаи шахсияти фарзанд бо эҳтиром гузоштан дар пеши мардум беҳтар тақвият мешавад. Дуюм ин, ки Расули Худо (с) аз ин роҳ равиши парвариши кудакро ба мардум меомухт. Паёмбари Акрам (с) фармуд: касе, ки фарзанди худро бибусад худованд барои ӯ як ҳасана меанвисад ва касе, ки фарзанди худро хушҳол кунад худованд ҳам рузи қиёмат ӯро хушҳол мекунад. Дар ҳадиси дигаре омадааст, ки марди назди Расули Худо (с) омад ва гуфт: ман то ҳозира ҳеҷвақт куадакеро набусидам! Ҳаминки рафт Паёмбари Акарм (с) фармуд: ин мард ба назари ма аҳли оташ ва ҷаҳаннам мебошад. Дар ривояти дигар омадаст, ки Расули Худо (с) ҳасану ҳусайн (с)-ро мебусид.

Паёмабар ва бусидани имом саҳсану имом ҳусайн

Расули Акрам (с) алова бар бусидани духтараш фотимаи заҳро (с) фарзандони вай имом ҳасану имом ҳусайнро низ дуст медошт ва мебусид. Абу ҳурайра мегуяд: Паёмабари Акарм (с) ҳамеша ҳасану ҳусайнро мебусид. Уйайна аз ансор гуфт: ма даҳ фарзанд дорам, ки ҳаргиз ҳеҷ кадоми онро набусидам он ҳазрат фармуд: касе, ки раҳм накунад бар ӯ раҳм намешавад.

 

[1]Сураи Тавба, ояти 97

[2]Сураи Қалам, ояти 4

[3]Сураи Шуъаро, ояти 3

[4]Тафсири Намуна, ҷ, 15, саҳ. 208

[5]Биҳор-ул-анвор, ҷ, 43, саҳ. 50

[6]Суна-ну-наби, саҳ.104-105

[7]Сураи Наҳл, ояти 58

Саид Ҷуъмахон саид

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.