Танбеҳи кӯдак

50

Танбеҳи кӯдак

Нукоте дар мавриди танбеҳи кӯдак

Аз он ҷо ки тарбият як амри муҳим мебошад, бояд дар вижагиҳо ва хусусиёти мураббӣ таваҷҷӯҳи лозимро дошта бошем. Як мураббӣ бояд чунин вижагиҳоро доро бошад, имл, тақво, ихлос, сабру бурдборӣ ва эҳсоси масъулият, мураббиён ва волидайн дар сурати баҳраманд будан аз чунин хусусиёт, муваффақ мешаванд.

Падару модарон бояд пеш аз танбеҳ, сабабҳои инҳироф ва иштибоҳи кӯдакро шиносоӣ карда ва ба синну сол ва фаҳму шароити кӯдакон огоҳ бошанд.

Тазаккур ҳамроҳ бо сарзаниш муфид нест, чун сарзаниш асароти муфиди тазакурро аз байн мебарад ва кӯдакро ошуфта мекунад ва кӯдак аз пазируфтани тазаккур худдорӣ мекунад.

Танбеҳи баданӣ ва задани кӯдак пеш аз синни даҳсолагӣ, таъсири дарунии бисёр бар ҷой мегузорад, бинобар ин падару модар аз задани кӯдак , дар синни поин, бояд парҳез намоянд. Задани кӯдак дар ҳолати хашм, боиси зиёни ҷисмӣ ва шикасти равонии кӯдак мешавад ва лозим аст падару модарон аз чунин иқдомоте дурӣ кунанд.

Сахтгирӣ ва қасоват дар бархурд бо кӯдак, сабаби тарсу заъф мешавад ва кӯдаконро ба масъулиятгурезӣ дар зиндагӣ одат медиҳад.

Лозим аст хитоб бо кӯдакон ва навҷавонон хитоби оромишбахш ва таъсиргузор бошад, чун хитоби “ё бунайя” – эй фарзанди дилбандам, дар Қуръон борҳо омадааст.

Инчунин роҳнамоӣ ва насиҳати кӯдакон, зимни хитоби оромбахш ҳамроҳ бо панду андарз бошад, чун пандҳои қобили фаҳм, таъсири бештаре дар равони кӯдакон дорад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.