Ғуруру такаббур ва хатароти он

43

Ғуруру такаббур ва хатароти он

Дар Қуръони Карим аз забони Луқмони Ҳаким дар мавриди ғуруру такаббур чунин омадааст: “Бо беэътиноӣ аз мардум рўй магардону мағрурона бар замин роҳ марав, ки Худованд ҳеҷ мутакаббири мағруреро дўст надорад” (Сураи Луқмон, ояти 18-19).

Инчунин дар ривояте аз Авзоӣ чунин нақл шудаа: “Луқмон (а) ба писараш гуфт: «Эй писарам! Мутакаббирона дар рўзи замин роҳ марав, зеро заминро наметавонӣ бишикофӣ ва ба баландои кўҳҳо намерасӣ”.(Сураи Исро, ояти37).

Дар ривояти аз Авзоӣ нақл шудааст, ки Луқмон (а) ба писараш гуфт: Эй писарам! Зўргўӣ ва такаббуру тафохурро аз худ дур кун ва бидон, ки ту оқибат дар қабр сокин хоҳӣ шуд.

Дар ривояти дигаре, аз забони Луқмон омадааст: “Эй писарам! Аз зўргўӣ ва такаббуру тафохур бипарҳез, вагарна бо иблис дар хонааш ҳамсоягӣ кун!… Эй писаракам! Бидон, ки ҳар кас бо иблис ҳамсоягӣ кунад, ҳамоно дар сарои хорию пастӣ қарор мегирад, ки дар он маргу зиндагӣ нест”.

Ҳамчунин дар мавриди зӯргӯӣ ва такаббур аз забони Луқмони чунин нақл шудааст: Эй писарам! Вой бар касе ки зўр гўяду такаббур варзад! Касе ки аз гил офарида шудаасту ба гил бармегардад ва намедонад, ки ба куҷо хоҳад рафт, чӣ гуна худро бузург мешуморад?! Ё ба биҳишт меравад, ки дар ин сурат растагор аст, ё ба ҷаҳаннам, ки дар ин сурат ошкоро зиён карда бадбахт шудааст.

Хонаводаи намуна

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.