Таъсиргузории дӯстон дар шахсияти кӯдак

46

Таъсиргузории дӯстон дар шахсияти кӯдак

Таъсиргузории дӯстон, ҳамсояҳо ва муҳити зиндагӣ бар тарбияти кӯдак

Таъсиргузорӣ рӯи дӯстони кӯдак, боис мешавад, ки падару модарон ба сурати ғайримустақим, кори тарбиятӣ рӯи кӯдаки худашон анҷом диҳанд.

Масҷид беҳтарин маҳалли тарбияти шахсияти инсон ва бахусус кӯдакон аст. Ошно кардани кӯдакон бо масҷид, ошно кардани ӯ ба аввалин ва солимтарин маҳалли иҷтимооти мардумӣ мебошад. Имон доштан, бовари динӣ ва рафтан ба масҷид боиси шакл гирифтани шахсияти мусбат дар кӯдак хоҳад буд. Чун масҷид яке аз қавитарин аркони тарбиятии фард ва ҷомеа аст.

Кӯдакон ҳамон андоза, ки аз волидайн ва мураббиён дарси адабу ахлоқ меомӯзанд. Ба ҳамон андоза дӯстон низ барояшон сармашқ ва улгу мебошанд. Пас волидайн бояд барои кӯдакони худ, дӯстон ва ҳамбозиҳои солиму боахлоқ интихоб намоянд.

Инчунин тазаккури бамавқеъ ва доимӣ ба кӯдакон ва навҷавонон низ сабаб мешавад, ки шарру фасод ва корҳои номатлуб дар чашми ӯ нописанд ояд ва аз ҳар он чӣ ки боиси гумроҳӣ ва бебандуборӣ  мешавад, мутанаффир гардад.

Огоҳсозӣ аз падидаҳои лағзишсоз ва инҳирофӣ ба падару модарон ва мураббиён кӯмак мекунад, ки кӯдакон ва навҷавонон ба осоонӣ аз ботил раҳо шаванд ва роҳи дурустро дар пеш гиранд.

Муҳимтар аз ҳама ин ки волидайн – падару модарон ва мураббиён бояд худ улгу ва сармашқи тарбиятӣ бошанд, чун дар даврони кӯдакӣ тарбият бар асоси улгупазирӣ ва сармашқгирӣ шакл мегирад. Бинобар ин нишон додани улгу ва сармашқи муносиб дар тарбият, таъсиргузор аст.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.