Фароҳамсозии зиндагии шод барои кӯдакон

33

Фароҳамсозии зиндагии шод барои кӯдакон

Фарзандони шод

Чӣ гуна фарзандони шод дошта бошем?

Зиндагии шод барои кӯдакон аз аслитарин орзуҳои ҳар падару модаре аст.

Волидайн мехоҳанд фарзандашон аз зиндагӣ лаззат барад ва ҳеч мушкиле надошта бошад, илова бар ин дар рӯбарӯӣ бо мушкилоти зиндагӣ қавӣ бошад ва ба суръат ба ҳоли хуб бозгардад.

Шодӣ коркарди муфиди мағзи инсонро афзоиш медиҳад.

Афроди шод дар шуғл ва зиндагии муштараки худ муваффақтаранд ва бозхурдҳои беҳтаре низ аз дигарон дарёфт мекунанд.

Нуктаи муҳим инҷост, ки то замоне ки худатон шод набошед, наметавонед фарзандони шодеро тарбият кунед.

Фарзандони шод волидайни шӯхтабъе доранд

Шӯхӣ кардан бо кӯдакон илова бар афзоиши шодӣ, онҳоро барои ба даст овардани муваффақиятҳои иҷтимоӣ дар оянда низ омода мекунад, чаро ки равобити иҷтимоӣ дар онҳо рушд меёбад.

Замоне ки волидайн бо фарзандони худ шӯхӣ карда ва онҳоро механдонанд, дар ҷиҳати афзоиши тафаккури халлоқона, пайдо кардани дӯстон ва мудирияти изтиробу стресс ба фарзандони худ кӯмак мекунанд.

Пас равобити наздиктар ва самимонатаре бо фарзандони худ барқарор кунед ва онҳоро бо чизҳои мутафовит бихандонед.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.