Тавсеяҳое барои як зиндагии хушбахт

117

Хонавода, ниҳоди муқаддаст аст, ки ҳастаи аввалияи он аз пайванди издивоҷи зану мард, шакл мегирад. Ин ду мавҷуд ҳар кадом бо сиришт ва вижагиҳои мунҳасир ба фардашон, тарҳи нав дар меандозад то дар канори якдигар, роҳи ҳаёти хешро ба гунае муштарак ва бо ҳолу ҳавои мутафовит аз замони муҷаррад тай намоянд.
Бархе ихтилофи назарҳо ва тафовути салиқаҳо, мумкин аст киштии зиндагии мушракатро дучори табу тоб намоянд ва мухобиротеро мутаваҷеҳ зиндагии заношӯи кунад. Ҳар чи қадар фаҳм, дарк, гузашт, биниш ва худотарсии тарафайн зану шавҳар бештар бошад, қудрати тавони муқобила ва руёрӯи онон бо ҳодисаҳо ва номулоимон ва ихтилофоти бештар мешавад.
Ба дигар сухан, заъфи шахсиятӣ, кутаҳфикрӣ, такравӣ, тангназарӣ ва дар назар нагирифтани ризои Худованд, омил ва сабабе мешаванд барои кам шудани ишқ ва алоқаҳо ва иҷод шудани дилсардӣ, бетафовутӣ ва дар ниҳооят суст шудан ва фуру рехтани пояҳои хонавода.
Бадин тартиб, агар нигоҳамон ба тарафи муқобил, нигоҳи амиқ ва воқеъбинона ва нигаришамон ба зиндагӣ, нигариши илоҳӣ ва инсонӣ, мубтани бар эҳтиром ва гузашт ва ишқ ва исор бошад, хоҳем дид, ки таъми ширин ва лаззатбахши зиндагӣ, солиёни дароз дар комамон хоҳад монд.
Ба қавли шоир:
Зиндаги зебост эй зебо пасанд
Зинда андешон ба зебои расанд
Он қадар зебост ин бе бозгашт
Каз барояш метавон аз ҷон гузашт
Дар инҷо матолиби корбурдӣ ва содаеро барои бархурдори аз як зиндагии хушбахт барои шумо хонандагони гироми фароҳам овардаем,  ки умед аст мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирад.

Омилҳои муртабит бо зиндагии муштарак
  Пеш аз издивоҷ
1. Баррасӣ ва таҳқиқ ва интихоби ҳамсар
2. Хостгорӣ, қарордодҳо ва харидҳо
Баъд аз издивоҷ
1. Робитаи заношуи ва ҷинсии завҷайн
2. Бордорӣ(яъне ҳомила шудани зан)
3. Кор кардани занон дар хориҷ аз манзил
4. Ошпазӣ ва хонадорӣ
5. Тарбияти фарзанд
6. Рафтор бо волидайни ҳамсар
7. Хариди мо яҳтоҷи хона
8. Хариди васоили хона
9. Мусофират ва меҳмонӣ
10. Интихоб ва тағири маҳалли сукунат
11. Таҳсили фарзандон
12. Робитаҳои иҷтимоӣ ва дустона
13. Издивоҷи фарзандон
14. Ҳодисаҳо ва пешомадҳо
Омилҳои муассир дар хушбахтии хонавода
1. Амал ба аҳкоми илоҳӣ
2. Фикрҳои хуб кардан
3. Доштани барномарезии муносиб
4. Дустони хуб
5. Фарзандони солим ва солеҳ
6. Мулоҳиза ва инсоф
7. Мантиқи будан
8. Кор ва талош
9. Дуо ва таваккул бар Худованд
10. Машварат кардан бо ҳамдигар
11. Нишот ва шодоби
12. Унс ва улфат бо Қуръон
13. Ишқ варзидан ба хонавода
14. Эътимод ва итминони мутақобил
Омилҳои муассир дар бадбахтии хонавода
1. Амал накардан ба дастуроти илоҳӣ
2. Бебарномагӣ
3. Моддагароӣ ва чашмҳавасӣ
4. Дахолатҳои бемавриди дигарон
5. Захми забон
6. Якравӣ ва такравӣ
7. Муътод будан
8. Бебанду борӣ ва фасоди ахлоқӣ
9. Бекорӣ ва беорӣ
10. Дурангӣ ва дуруӣ
11. Манфи фикр кардан
12. Ҳамсояҳои нобоб
13. Маъюс шудан ва ноумед шудан
14. Тан парвари ва шикампарастӣ

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.