Интернет барои кӯдакон

36

Интернет барои кӯдакон

Фоида ва зарарҳои истифода аз интернет барои кӯдакон

Имрӯза интернет вориди зиндагии ҳамаи мо шудааст ва кӯдакон низ аз ин истисно нестанд. Имрӯз интернет ҳатто барои кӯдакон ҳам яке аз бахшҳои одии зиндагӣ гаштааст.

Бисёре аз бозиҳои мавриди алоқаи кӯдакон, ба сурати онлойн ва бо истифода аз интернет анҷом мешавад, инчунин кӯдакон барои тамошои филмҳо ва кортунҳо, аз интернет истифода мекунанд.

Ба ҳамин ҷиҳат, барои падару модарон лозим аст, ки дар бораи фоидаҳо ва зарарҳои истифода аз интернет бештар бидонанд.

Интернет барои кӯдакон

Интернет ва фазои маҷозӣ мисли як шаҳри бузургест, ки дар канори зебоиҳо, маконҳои пурхатар ва зишт низ дар он, вуҷуд дорад.

Фоидаҳои истифода аз интернет барои кӯдак

Аввалин фоидаи интернет ин аст, ки мо метавонем дастрасии роҳату ройгон ба иттилоот дошта бошем. Бисёре аз кӯдакон аз интернет барои истифода аз китобҳо ва маҷаллоти савтӣ ё маҷозӣ истифода мекунанд.

Инчунин яке дигар аз фоидаҳои он, доштани идеяҳои ҷадид ва пешрафт дар таҳсилот аст. Кӯдакон бо истифода аз интернет, ба омӯзиши ройгон ва тавзеҳоти дарсӣ мепардозанд.

Саргармии муносиб; ин яке аз муҳимтарин ҷаззобиятҳои интернет мебошад, ки ҳам бузургсолон ва ҳам кӯдаконро ба интернет алоқаманд сохтааст.

Яке аз саргармиҳои муносиби кӯдакон истифода аз бозиҳои интернетӣ мебошад, ки падару модарон аз онҳо истиқболи хубе мекунанд, зеро ин бозиҳо бо саргарм кардани кӯдак, сару садои онҳоро кам ва онҳоро оромтар мекунад.

Ҳамчунин ёдгирии забони англисӣ яке дигар аз фоидаҳои интернет ба шумор меравад. Дар баъзе маворид, барои истифода аз интернет, ниёзманди донистани забони англисӣ мешавем. Кӯдакон бо истифодаи зиёд аз интернет забондонии худро низ густариш медиҳанд.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.