Тарбияти фарзанд дар ривоёт

32

Тарбияти фарзанд дар ривоёт

Паёмбари Акрам(с) фармуданд: “Аз ҷумлаи ҳуқуқи фарзанд бар падараш ин се чиз аст: номи некӯ бар ӯ бигзорад, навиштанро ба вай биомӯзад ва ҳангоме ки болиғ шуд, ҳамсараш диҳад”.

Паёмбари Акрам(с) фармуданд: “Ҳар кас духтаре дошта бошад, ки ӯро табоҳ насозад ва хораш накунад ва писарашро бар вай бартарӣ надиҳад, Худо ӯро ба биҳишт мебарад”.

Паёмбари Акрам(с) фармуданд: “Ҳаққи фарзанд бар падараш ин аст: номи некӯ барои ӯ бигузорад, адаби вайро некӯ гардонад ва дар ҷойгоҳи шоистае қарор диҳад”.

Паёмбари Акрам(с) фармуданд: “Фарзанд ҳафт сол сарвар аст, ҳафт сол банда (ва фармонбардор) аст ва ҳафт сол ёвар аст”. Дар ривояти дигаре омадааст: “Писарбача ҳафт сол бозӣ мекунад, (яъне ҳафт соли аввали зиндагӣ фақат бозӣ мекунад), ҳафт сол навиштанро фаро мегирад ва ҳафт сол ҳалолу ҳаромро меомӯзад”.

Паёмбари Акрам(с) фармуданд: “Кӯдаки худро дӯст бидоред ва бо онон меҳрубон бошед, вақте ба онҳо ваъдае медиҳед, ҳатман вафо кунед, зеро кӯдакон шуморо розиқи худ мепиндоранд”.

Паёмбари Акрам(с) фармуданд: “Ба бузургони худ эҳтиром бигузоред ва нисбат ба кӯдакони хеш тараҳҳум ва утуфату меҳрубонӣ намоед”.

Паёмбари Акрам(с) фармуданд: “Ба фарзандони худ эҳтиром кунед ва бо адаб ва равиши писандида бо онҳо муошират намоед”.

Паёмбари Акрам(с) фармуданд: “Вақте яке аз шумо ба фарзанди худ ваъдае дод, пас ба он вафо кунад ва аз аҳди худ тахаллуф нанамоед”.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.