Аҳамияти нақши падар дар тарбияти фарзандон

52

Аҳамияти нақши падар дар тарбияти фарзандон

Падар чӣ қадар дар тарбияти фарзандон нақш дорад?

Дар ибтидо шояд ба назар бирасад, ки нақши падар дар тарбияти фарзандон бисёр кам аст ва бештарин нақшро дар тарбият, модарон бар ӯҳда доранд ва масъулияти падар асосан таъмини харҷи хонавода аст. Аммо дар ҳақиқат ин пиндор ғалат аст ва нақши падар ба ҳамон андоза, ки модарон нақш доранд, дар тарбияти фарзанд муҳим мебошад.

Бар асоси таҳқиқоти ба амал омада, падарон дар эҷоди эътимод ба нафс ва худбоварӣ, шинохти эҳсосот, ёдгирии солим ва муқобила бо изтироби кӯдакон нақши асосиро бар ӯҳда доранд.

Аҳамияти нақши падар дар тарбияти фарзандон

Тавре ки гуфта шуд, рафтори падар дар зиндагӣ ва тарбияти фарзандон аҳамияти зиёде дорад ва адами ҳузури падар, ё муассир набудани ӯ, метавонад ба бахшҳои мухталифи шахсиятӣ ва зиндагии фарзандон осеб бизанад.

Бо интихоби сабки фарзандпарварии муносиб лозим аст то аз ин осебҳо коста шавад. Аммо танҳо ҳузури падар кофӣ нест, барои доштани нақши хуб, мавориди зер низ бояд дар назар гирифта шавад:

1 – Рушди эҳсосот

2 – Пешрафти таҳсилӣ ва шинохти истеъдодҳои кӯдак

3 – Иртиботгирии муносиб ва коҳиши пархошгарӣ

4 – Боло бурдани эътимод ба нафс (худбоварӣ), махсусан дар духтарҳо

5 – Муқовимат дар баробари изтироб

***

 1 – Рушди эҳсосот

Ҳузури падар дар канори фарзандон бар рӯи шахсияти онҳо таъсир мегузорад. Бачаҳо ба сурати огоҳона ва ноогоҳона хусусиёти зиёдеро аз падар ба ирс мебаранд.

Ба роҳатӣ метавонед мушоҳида кунед, ки фарзандони афроде, ки иҷтимоӣ ҳастанд, бештар ба иҷтимоӣ будан тамоюл доранд. Навъи рафтор ва чигунагии сӯҳбати шумо бо фарзандатон сабаб мешавад, то эҳсосоти ӯ таҳрик шавад ва рушд ёбад.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.