Умед дар зиндагӣ

130

Умед дар зиндагӣ

Роҳҳои сода ва зинда нигаҳ доштани умед

Вақте мо ба чизе умед дорем, яъне ба натиҷаи мусбати иттифоқҳо ё шароит, дар зиндагиамон бовар дорем. Бинобар ин, умед доштан, ҳамон бовар доштани мо ба натиҷаи мусбати ҳар коре аст.

Баъзе вақтҳо мумкин аст, инсон умедашро аз даст диҳад. Ин масъала мумкин аст ба далели шикастҳои пайдарпай дар зиндагӣ пеш ояд.

Бо ин роҳҳо метавонем умедро зинда нигаҳ дорем ва зиндагиамон саршор аз умед ва таваккул бошад:

1 – Шароитро хуб бисанҷед;

2 – Қалби худро саршор аз қадрдонӣ ва шукргузорӣ кунед;

3 – Шароити мавҷудро бетарафона нигоҳ кунед;

4 – Ба ҳимояти атрофиён ва наздиконатон такя кунед;

5 – Бовар дошта бошед.

***

1 – Шароитро хуб бисанҷед

Зиндагии мо шабеҳи линзаи дурбин аст. Рӯи ҳар чизе бештар диққат кунем, барои мо возеҳтару рушантар ва воқеитар ба назар меояд.

Агар бар рӯи нуқоти манфӣ диққати бештар ва тамаркузи бештар дошта бошем, фақат нуқоти манфиро мебинем. Вале вақте тамаркуз ва диққати худро рӯи мавориди мусбат бештар кунем, чизҳои мусбат беҳтар дида мешавад. Мо ҳамон чизеро дар атрофамон мебинем, ки коштаем.

Вақте ки дар зиндагӣ бо шикасти бузург рӯбарӯ мешавед, бояд нисбат ба шароити мавҷуд арзёбии бештаре анҷом диҳед. Таваҷҷӯҳ кунед, ки бисёре аз афроди муваффақ ҳам борҳо таъми шикастро чашидаанд.

Сӯҳбати мо дар мавриди муваффақияти молӣ нест. Агар шумо дар паи шикаст, таслим нашавед, муваффақият дар тамоми заминаҳо барои шумо имконпазир хоҳад буд. Ба шикаст ба чашми монее нигоҳ кунед, ки бо паридан аз рӯи он, метавонед ба самти муваффақият ҳаракат кунед. Нагузоред мавонеъ садди роҳи шумо бишаванд.

Кулли зиндагӣ барои шумо ба монанди як сафари моҷароҷӯёна аст. Фақат мақсадатон нест, ки аҳамият дорад.

Дар аҳдофи худ бознигарӣ кунед то бубинед, дақиқан ҳадафатон чист ва чаро чунин ҳадафе доред. Агар далелҳои шумо маҳкаму қонеъкунанда буд, нагузоред ҳеч шикасте монеи роҳи шумо бишавад.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.