Ҳуқуқи зан ва мард аз дидгоҳи Ислом ва Ғарб

125

Азҷумла мавзӯоти мавриди баҳс дарбораи ҳуқуқи зан, муқойисаи байни мактаби Ислом бо дастовардҳои тамаддуни ғарб аст, имрӯз дар дунё дарбораи ҳуқуқи зан, мактаби дигаре ройиҷ нест ва навъан шарқиҳо ва ҳамаи дунё таҳти таъсири дастовардҳои ғарбиҳо дар бораи тасовии зан ҳастанд ва тақрибан ин фикри ғарб ҳамаҷо ва ҳатто дунёи камунистиро ҳам гирифтааст. Бинобар ин муқойиса, муносибтарин тарафи Ислом ҳамин дастовардҳои дунёи ғарб аст, ки ғарбиҳо дар ин масъала хелеҳам бахуд меболанд. Боин муқойиса метавон фаҳмид, ки назари ғарбиҳо воқиан ба маслиҳати ҷомеа ва занҳо мебошад ё не? Ислом, занро чигуна мавҷуде медонад? Оё аз назари шарофат ва ҳайсияти инсонӣ ӯро баробар бо мард медонад ё ӯро ҷинси пастар мешуморад? Ин пурсише аст, ки акнун мехоҳем посухи онро баён намоем.

   Ислом дар бораи ҳуқуқи хонаводагии зану мард, фалсафаи хоссе дорад ва баъзе аз ҳуқуқ ва вазифаҳо ва шиканҷаҳоро барои мард муносибтар дониста ва баъзе аз онҳоро барои зан, дар натиҷа, дар баъзеҷо барои мард ва зан вазъи ҳамонанд ва дар баъзеҷои дигар вазъи номушобиҳе дарназар гирифтааст. Чаро? Оё бадон ҷиҳат аст, ки Ислом низ монанди бисёре аз мактабҳои дигар, назарҳои таҳқиромезе нисбат ба зан дошта ва занро ҷинси пасттаре шуморидааст ё сабаб ва фалсафаи дигаре дорад?.

   Баъзеҳо гумон кардаанд, ки Ислом дар бораи зан, адолатро риоят накардааст, дар сурате, ки ҳамонгуна, ки манобеи исломӣ нишон медиҳад ва соҳибназарони муҳаққиқ дар ин бора таҳқиқоти шойистае анҷом додаанд, Ислом мобайни баробарии зан ва мард ва адолат дар миёни онҳо фарқ гузоштааст қатъи аст, ки агар Ислом мегӯфт зан ва мард аз ҳамаи ҷиҳоти биюлужик, физиюлужик ва равонӣ ва ҳаргуна фаолияти мағзӣ ва рӯҳӣ, яке ҳастанд, ин хилофи воқеъ буд ва гумон намеравад касе дарин дунё пайдо шавад ва азинду синф иттилои лозим ва кофӣ дошта бошад ва чунин суханеро бигӯяд.

   Яке аз бузургон мегӯяд: Борҳо дар нутқҳо ва суханрониҳо ва навиштаҳои пайравони системи ғарбӣ шунида ва хондаед, ки муқаррароти Исломро дар бораи маҳр ва нафақа ва талоқ ва чандзанӣ ва мисли инҳо ба унвони таҳқир ва тавҳине нисбат ба зан ёд кардаанд? Чунин баён мекунанд, ки ин корҳо ҳеҷ далиле надорад ҷуз инки фақат ҳуқуқи мард риоят шудааст.

   Мегӯянд: Ислом, дини мардон аст ва занро инсони комил шинохта ва барои ӯ ҳуқуқе, ки барои як инсон лозим аст қарор надодааст. Агар Ислом занро инсон комил медонист чандто зангирифтанро иҷоза намедод, ҳаққи талоқро ба мард намедод, шаҳодати дузанро ба як мард баробар намекард, барои зан қимат баноми маҳр қоил намешуд, базан истиқлоли иқтисодӣ ва иҷтимоӣ медод ва ӯро ҷирахор ва воҷибуннафақаи мард қарор намедод.

Мегӯянд: Ислом, бо инки дини баробарӣ аст ва асли баробариро дар ҷойҳои дигар риоят кардааст, дарбораи зан ва мард риоят накардааст.

Асле, ки дарин истидлол бакор рафтааст, ин аст, ки лозимаи иштироки зан ва мард дар ҳайсият ва шарофати инсонӣ, яксонӣ ва ташобуҳ онҳо дар ҳуқуқ аст. Матлабе, ки аз назари фалсафӣ бояд ангушт рӯи он гузошт ин аст, ки лозимаи иштироки зан ва мард дар ҳайсияти инсонӣ чист? Оё лозимааш ин аст, ки ҳуқуқи мусови якдигар дошта бошанд батавреки тарҷиҳ ва имтиёзи ҳуқуқӣ дар кор набошад? Ё лозимааш ин аст, ки ҳуқуқи зан ва мард илова бар тасови ва баробари, мушобиҳ ва якнавохтҳам буда бошанд ва ҳеҷгуна тақсими кор вазифае дар кор набошад? Шак нест, ки лозимаи иштироки зан ва мард дар ҳайсияти инсонӣ ва баробарии онон аз лиҳози инсоният, баробарии онҳо дар ҳуқуқи инсонӣ аст, аммо ташобуҳи онҳо дар ҳуқуқ чигуна?

Камият ғайр аз кайфият аст. Баробарӣ ғайр аз якнавохтӣ аст. Ончи мусаллам аст, ки Ислом ҳуқуқи якхел ва якнавохте барои зан ва мард қоил нашуда аст вале Ислом ҳаргиз имтиёз ва тарҷиҳи ҳуқуқи барои мардон нисбат ба занон қоил нест. Ислом асли мусовоти инсонҳоро дарбори зан ва мард низ риоят кардааст. Ислом бо тасовии ҳуқуқи зан ва мард мухолиф нест, бо ташобуҳи ҳуқуқи онҳо мухолиф аст.

   Дар инки “индусинф боҳамдигар мутафовитанд, аз назари хилқати табии, ҷойи шакке нест ва даринбора таҳқиқот ба ҳадди лозим ва кофи анҷом гирифта аст. Инояти амр инаст, ки оё ин ихтилоф ва танаввуъ дар хилқати табии зан ва мард сабаб мешавад, ки яке ноқис ва дигари комил бошад, не чунин чизе нест, ин масъала танаввуъ аст, на нақс ва камол.”

   Ин ихтилофот, инъикосе “дар рубинои зиндаги гузошта аст, на дар ҳақойиқи воқии ва ҷавҳари ҳаёти индусинф зан ва мард. Ончи мумкин аст сабаби ихтилоф бошад, як идда воқииятҳо аст, ки мо онҳоро мушоҳида мекунем, монанди инки мард қуввати бештаре дар печидан дар лобалои тавлидоти сахти иқтисодӣ ва дифоъ аз кишвар, таҳаммули сахтиҳо ва хушунатҳои зиндаги дорад ва ҳамчунин дар ҷараёни таволуд ва таносул борероки синфи зан бадуш мекашад, сабаби тақайюди бештари ӯ мегардад ва дар ин ҷараён мард озодтар аст,ҳаминтавр, ки Симун Дувибор аз Найча нақл кардааст: Таслимшудани зан дар иҷрои падидаи хилқат, хеле бештар аз мард аст ва агар марде иддио кунад, ки ӯҳам мисли зан дарин ҷараён таслим мешавад, ба шарофатам савганд ё дуруғ мегӯяд, ё мард нест”.

   Агар бихоҳем бубинем назари Қуръон дарбораи хилқати зан ва мард чист, лозим аст ба масъалаи сиришти зан ва мард, ки дар дигар китобҳои мазҳабӣ низ матраҳ аст, таваҷҷӯҳ куем. Қуръон низ дарин маъзӯъ сукут накардааст. Бояд бубинем Қуръон зан ва мардро яксиришти медонад ё дусиришти, Қуръон бо камоли сароҳат, дар оёти мутааддиде мефармояд: занонро аз ҷинси мардон ва аз сириште монанди сиришти мардон офаридаем. Қуръон дарбораи ҳамаи одамиён мегӯяд:

“Худованд аз ҷинси худи шумо барои шумо ҳамсар офарид.”

Оя, ошкоро арзишро бар милоки тақво қарордодааст. Бидуни ихтисос ба зан ё мард. Баназар мерасад имтиёзи бисёр муҳимме, ки дар синфи зан вуҷуд дорад, чашидани таъми ҳаёт аст, ки мард танҳо мафҳуме аз онро дарк мекунад. Чашидани таъми ҳаёт дар синфи зан бештар ва амиқтар аз мард дида мешавад ва ба ҳаминҷиҳат аст, ки қонуни илоҳӣ чунин иқтизо кардааст, ки иртиботи модар бо фарзандон ва кудакон то даврони рушди эҳсосот ва авотифи онҳо идома дошта бошад. Имом Хумайнӣ (р) даринбора мефармояд: “Ҳамонтавр, ки ҳуқуқи мардҳо дар Ислом матраҳ аст, ҳуқуқи занҳо низ матраҳ аст”.

Ислом ба занҳо бештар иноят кардааст то ба мардҳо, Ислом занҳоро бештар ҳуқуқашонро мулоҳиза кардааст то мардҳо. Инҳам маъно ки баъд аз ин чихоҳад шуд, занҳо ҳаққи раъй доранд. Аз ғарб болотар аст ин масоиле, ки барои занҳо мо қоил ҳастем. Ҳаққи раъйдодан доранд, ҳаққи интихоб доранд, ҳаққи интихобшудан доранд. Ҳамаи инҳо ҳаст. Тамоми муомилоташон ба ихтиёри худашон аст ва озод ҳастанд. Ихтиёри шуғлро озод ҳастанд. Албатта дар шарқ барои мардҳо як маҳдудиятҳое ҳаст, ки он маҳдудиятҳо ба фоидаи худи мардҳо ҳаст ва он маҳдудиятҳо, яъне дар он ҷоҳое ки мафсада ҳаст барои мард, аз қиморбозӣ пешгири мекунад. Ислом аз шаробхорӣ пешгири мекунад. Ислом аз гераин пешгири мекунад, барои инки мафсада дорад.

“Барои ҳама як маҳдудиятҳое ҳаст, маҳдудиятҳои шаръӣ ва илоҳӣ, маҳдудиятҳое аст, ки ба салоҳи худи ҷомеа аст, на ин аст, ки барои ҷомеа як чизи масалан нофеъ буда аст, ки маҳдудият барояш эҷод кардаанд.!”

Низ мефармояд: “Ислом мехоҳад, ки зан ва мард рушд дошта бошанд. Ислом занҳоро наҷот додааст аз он чизҳое, ки дар ҷоҳилият буд. Онқадре ки Ислом ба зан хизмат кардааст, Худо медонад ба мард хизмат накардааст, ки ба зан хизмат карда, шумо намедонед, ки дар ҷоҳилият зан чибуда ва дар Ислом чишуда”.

Яке аз андешамандон ва бузургон мефармояд:

“Шумо бояд занро бо чашми як инсони воло нигоҳ кунед, то маълум бишавад, ки такомул ва ҳақ ва озодии ӯ чист? Занро ба унвони як мавҷуде, ки метавонад мояе барои ислоҳи ҷомеа ё парвариши инсонҳои воло бишавад нигоҳ кунед то маълум бишавад, ки зан кист ва озодии ӯ чигуна аст, занро ба чашми он унсури аслии ташкили хонавода дарназар бигиред. Агарчи аз марду зан ташкил мешавад ва ҳарду дар ташкил ва мавҷудияти хонавода муассиранд. Аммо осойиши фазои хонавода ва оромиши сукуте, ки дар фазои хонавода аст ба баракати зан ва табиати занона аст. Бо инчашм ба зан нигоҳ кунед, то маълум бишавад , ки зан чигуна камол пайдо мекунад ва ҳуқуқи зан чист?”.

Шаҳид Мутаҳҳарӣ мефармояд: “Ончи аз назари Ислом матраҳ аст, ин аст, ки зан ва мард ба далели инки яке зан аст ва дигари мард, дар ҷиҳоти зиёде мушобеҳи якдигар нестанд, ҷаҳон барои онҳо якхел нест, хилқат ва табиат онҳоро якнавохт нахостааст ва ҳамин эҷоб мекунад, ки аз лиҳози бисёре аз ҳуқуқ ва таколиф ва муҷозотҳо вазъи ҳамонанде надошта бошанд. Дар дунёи ғарб, акнун талош мекунанд миёни зан ва мард аз лиҳози қавонин ва муқаррарот ва ҳуқуқ ва вазойиф, вазъи воҳиди мушобиҳе бавуҷуд оваранд ва тафовутҳои ғаризӣ ва табии зан ва мардро нодида бигиранд.

Тафовуте, ки миёни назари Ислом ва системи ғарбӣ вуҷуд дорад дар инҷост. Калимаи “тасовии ҳуқуқ, як морки тақаллуби аст, ки муқаллидони ғарб бар рӯи ин роҳоварди ғарбӣ часпондаанд”.

Эъломияи ҳуқуқи башар, ки дар фасли гузашта, тавзеҳи кутоҳе дарбораи он додем, дорои як дебоча ва 30 модда аст, ки пас аз гӯфтугӯҳои зиёд, дар таърихи озармоҳи 1327 шамсӣ, мутобиқ бо 10 декабри 1968 мелодӣ, аз тарафи маҷмаи созмони милал тасвиб гардид ва ҷаҳониён он рӯзро баноми “рузи ҳуқуқи башар” ҷашн мегиранд.

Дар хеле аз маводи ин эъломия, ба озодии инсон ва анвои озодиҳо тасриҳ шудааст. Нуктаҳои мусбати зиёде дар ин эъломия дида мешавад ва нисбат ба ду эъломияи қабли – яъне эъломияи ҳуқуқи Америка (1776) ва эъломияи ҳуқуқи фарансия (1789 м) – комилтар аст. Вале камбудҳои зиёде низ дорад. Аввал инки озодии баёншуда дарин эъломия ҳамон озоди дар мактаби либролизм аст. Ин эъломия ҳеҷ ишорае ба “озодии мусбат” ё “озодии маъқул” ки бисёре аз файласуфон аз он ҳимоят мекунанд, надорад. Аз назари ин эъломия, танҳо қайди озодӣ, истилоқи он бо озодии дигарон аст.

Низ дар ин эъломия, ҳеҷ номе аз Худо набурда шуда аст, яъне комилан аз манзари моддӣ танзим шудааст.

Нуктаи дуввум, машруияти озодӣ мавриди баҳс аст. Дар моддаи аввал омадааст: ҳамаи афроди башар, озод ва боҳайсият ва ҳуқуқи яксон зойида мешаванд.

   “Агар мавзӯи илҳоди низ дошта бошем, бояд бигӯем ҳуқуқи афродро офариниши хосси онҳо таъйин мекунад. Барои мисол бояд бигӯем: чанд низоми офариниши бордорӣ ва зоюмон ва ширдоданро ба уҳдаи занон гузоридааст, занон бояд аз ҳимоят ва ҳуқуқи бештаре бархурдор бошанд, на онки бетаваҷҷӯҳи ба сиришти хосси зан ва мард, ҳуқуқи ҳамаро яксон бидонем.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.