Ҳикояти пирамарди ҳаммол

76

Ҳикояти пирамарди ҳаммол

Дар хиёбони Шамси Табрезии шаҳри Табрези Эрон, зиёратгоҳе вуҷуд дорад, ки ба “Қабри Ҳаммол” маъруф аст.

Нақл мекунанд, ки марди бесаводе дар Табрез зиндагӣ мекард ва тамоми умри худро дар бозори ин шаҳр, ба ҳаммолӣ ва боркашӣ мегузаронд то аз ин роҳ, ризқи ҳалоле ба даст оварад.

Як рӯз, ки мисли ҳамеша дар кӯчаҳои пуродами шаҳр машғули ҳамли боре буд, барои он ки нафасе бикашаду даме истироҳат кунад, борашро рӯи замин мегузорад ва камарашро рост мекунад.

Ҳамин вақт, садое таваҷҷӯҳашро ҷалб мекунад. Мебинад, бачае рӯи бом машғули бозӣ аст ва модараш мудом бачаро сарзаниш мекунад, ки болои бом бозӣ накун, меафтӣ!

Дар ҳамин лаҳза, бача ба лабаи бом наздик мешавад ва ноғофил пояш мелағзад ва ба поин меафтад. Модари бача фарёде мекашад ва мардум ҳам ҳайрон мемонанд.

Ҳаммоли пир фарёд мезанад: Нигаҳаш дор!!!

Кӯдак миёни замину осмон муаллақ мемонад. Пирамард наздик мешавад, ба оромӣ ӯро мегирад ва ба модараш месупорад.

Ҷамъияте, ки шоҳиди ин воқеа буданд, ҳама давру атрофи пирамард ҷамъ мешаванд ва ҳар кас аз ӯ саволе мепурсад. Яке мегӯяд, ту пайғамбар ҳастӣ! Дигарӣ мегӯяд, ту ҳазрати Хизр ҳастӣ! Касоне ҳам мегӯянд, ки ту ҷодугарӣ ва сеҳр мекунӣ!

Ҳаммол дубора ба сахтӣ борашро бар дӯш мегирад, хитоб ба ҳамаи касоне, ки ҳайрон-ҳайрон ба ӯ нигоҳ мекарданд ва ҳар кадом ба гунае воқеаро тафсир мекарданд, ба оромӣ мегӯяд: На ман на пайғамбар ҳастам, на ҳазрати Хизр ҳастам ва на соҳиру ҷодугар! Ман ҳамон ҳаммоле ҳастам, ки панҷоҳ-шаст сол аст, дар ин бозор мешиносед. Ман кори ғайриоддие анҷом надодаам, балки моҷаро ин аст, ки як ман умр, ҳарчӣ Худо фармудааст, итоат кардам, як бор ҳам ман аз Худо хостам ва ӯ иҷобат намуд…

***

Ту бандагӣ чу гадоён, ба шарти музд макун

Ки дӯст, худ равиши бандапарварӣ донад. (Ҳофиз)

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.