Шаш субҳонаи муфид барои беҳбуди амалкарди мағзи сар

130

Шаш хуроки матлуб дар субҳона метавонад омиле барои беҳбуди вазъияти мағзи сари инсон дар тули рӯз бошад. Ин 6 моддаи ғизоӣ дар сурате, ки дар хуроки субҳона гунҷонида шаванд таъсироти бисёре дар амалкарди мағзи сар хоҳанд гузошт.

Ғалладона

Маҳсулоти дорои ғалладона дар хуроки субҳона аҳамияти зиёд доранд, чаро ки бадани мо карбогидратро ба глюкоза табдил мекунад. Глюкоза низ маводи боаҳамият  ва зарурӣ барои мағзи сар аст.Ғизои ғанӣ аз ғалладона ва ё дорои ғаллоти комил витамини В доранд; витамине ки барои афзоиши ҳушу диққат ва солим мондани мағзи сар дорои аҳамият аст. Тавсияи куллӣ ин аст, ки ниме аз ғаллоти масрафии худро аз ғалладонаҳои комил таъмин кунед. Барои расидан ба энержии собит ва амалкарди беҳтари мағз    тавсия шуда аст, ки ғаллоти худро бо протеин истеъмол кунед. Чанд таркиби содаи ғаллот ва протеин метавонад қудрати мағзи сарро дар тули субҳ афзоиш диҳад.

Тухми мурғ

Колин ба унвони шабаҳи витамини B, ки дар тухми мурғ вуҷуд дорад, нақши муҳимме дар амалкарди мағзи сар ва ҳофиза дорад. Ин протеин бо собит нигоҳ доштани қанди хун ба фард кумак мекунад диққат кунад ва барои муддати тулонитаре эҳсоси серӣ дошта бошад. Муҳим нест, ки тухми мурғ дар субҳона ба сурати омлет,бирён,нимпаз ё обпаз хурда шавад, ончӣ аҳамият дорад ин аст ки тухми мурғ манбаи ғании маводи муфид ва нерубахш аст, ки мағзи сар ва баданро дар тамоми тули субҳ таъмин мекунад.

Ангур

Таҳқиқот нишон медиҳад ки ҳурдани навъҳои гуногуни ангур нақши муҳимме дар беҳбуди дифои зиддиоксидии мо дорад ва саломатии мағзи сарро афзоиш медиҳад .

Бодом

Бодом манбаи олӣ аз витамини E аст ва 37 дарсади мизони тавсияшудаи ҷазби рӯзонаи ин витамин бо хурдани 23 адад бодом таъмин мешавад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.