Аз замон хуб истифода кунем

74

Аз замон хуб истифода кунем

Мудирияти замон

Тавсияҳои Бройон Трейси дар масири муваффақият

Бройон Трейси мегӯяд: “Ман ҳамеша фикр мекунам, зиндагиам монанди офтоб аст ва тамоми авомили зиндагиам мисли сайёраҳое ҳастанд, ки пиромуни зиндагиам мечарханд. Ин авомил метавонад саломатии ҷисмӣ, равобити иҷтимоӣ ё шуғл бошад. Зиндагии ман замоне тағйир мекунад, ки ман бубинам мудирияти замон, хуршед аст ва тамоми чизҳои дигар сайёраҳое ҳастанд, ки дар даври он мечарханд”.

Нуктаи арзишманд ин аст, ки беҳтарин манбае, ки дар ихтиёр доред, замон аст. Агар бо тадбир аз замонатон истифода кунед, метавонед ба суръат ба аҳдофатон даст пайдо кунед. Бо мудирияти замон афроде чун Тимути Эской ва Морк Зуккерберг миллионер ё миллиардер шудаанд.

Вақте қудрататонро мутамаркиз кунед, зудтар дучори иштибоҳ мешавед, зудтар ёд мегиред ва ин таҷриба сабаб мешавад, ки зудтар аз дигарон ба муваффақият бирасед.

Дар зиндагӣ бо замон, монанди пул рафтор кунед, то хеле зудтар ба пешрафт бирасед.

Мумкин аст, саволе пеш биёяд, ки мудирияти замон (Time-Management) чист?

Дар посух инро бояд бигӯем, ки Мудирияти замон, яъне ҳушмандона кор кунед то баҳраварии худро чанд баробар афзоиш диҳед.

Дар таҳқиқоте, ки дар донишгоҳи Ҳорворд анҷом шуд, мутаваҷҷеҳ шуданд, ки вақте ба афроди номуваффақ, маҳорати мудирияти замон ва барномарезиро омӯзиш доданд, натоиҷ дар шуғл ва зиндагии онҳо то се баробар беҳтар шуда ва сатҳи ризоятмандии онҳо низ ба шиддат беҳбуд пайдо кардааст.

Дар навиштаи баъдӣ, ба муҳимтарин масоили мудирияти замон ба таври муфассал пардохта хоҳад шуд.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.