Падару модар – сармашқ барои фарзандон

136

Падару модар – сармашқ барои фарзандон

Бархе аз падару модарҳо фикр мекунанд, ки равиши аслии тарбиятии кӯдакон ин аст, ки бо амру наҳй бо онҳо ҳарф бизананд, тасаввурашон ин аст, ки ҳамин ки хубу бадро ба кӯдаки худ мегӯянд, яъне дар ҳоли тарбият ҳастанд. Имрӯза ин исбот шудааст, ки тарбияте некӯст, ки бо амал ҳамроҳ бошад.

Масалан дар мавриди омӯзиши эҳтиром гузоштан ба кӯдак, ин ки шумо ба кӯдаки худ бигӯед, дар мавриди холаи худ дуруст сӯҳбат кун, (яъне пушти сарашон ҳарфҳои номуносиб назан), аммо худатон пас аз меҳмонӣ, ҳанӯз аз дар берун нарафта бо чашму абрӯ ишора мекунед ва пас аз меҳмонӣ дар роҳи баргашт, дохили мошин, дар як фазои танг, шурӯъ ба сӯҳбати боҳарорат пушти сари хоҳари худ мекунед, ин як сармашқи заҳрогинест барои фарзандон.

Фарқе ҳам намекунад, дар ин мавриди хос ҳақ бо шумо бошад ё на, масъала ин ҷо доварии миёни шумо ва хоҳаратон нест, балки масъалаи аслӣ ин аст, ки шумо натавонистед сармашқи хубу муносибе барои фарзандатон бошед, пас чӣ тавр интизор доред, ки ӯ худро дар баҳси шумо дохолат надиҳад ва пушти сари холааш ҳарфе назанад?!

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.