Ҳушдор дар издивоҷ бо шаробхор

259

Чаро дар Ислом издивоҷ бо ашхоси шаробхор наҳй шудааст?

Чаро фарзандони ашхоси шаробхор одатан ноқисул-хилқат ё маълулу нотавон ҳастанд?

Дониши пешрафтаи рӯз ва донишмандон, дар бемориҳои алкулисм чӣ гуфтаанд?

Ва инак далелҳои манъ будани издивоҷ бо шаробхорро аз дидгоҳи Ислом ва пешвоёни дин ва зиёну зарару оризаҳои онро таҳти тафтишу баррасӣ қарор медиҳем.

Дар як ривоят Имом Саҷҷод (а) мефармоянд:

شَارِبُ الْخَمْرِ لاَ يُزَوَّج إذَا خُطِبَ

Агар шаробхор аз духтари шумо хостгорӣ кунад, васлат накунед ва ба ӯ зан надиҳед.

Дар ривояти дигар ҳазрати Имом (а) мефармоянд:

مَنْ َزَوَّجَ كَرِيمَتَهُ مِنْ شَارِبِ خَمْرٍ فَقَدْ قَطَعَ رَحِمَهَا

Касе, ки духтари худро ба шаробхоре бидиҳад, раҳими духтарашро қатъ кардааст.

Таъсири бади шароб дар рӯҳу ҷисми кӯдак сабаби қатъи раҳим мегардад. Агар ба диққат мутолиа кунем, дармеёбем, ки таъсири шароб бар генҳои сперма сабаби камбуди хромасомаҳо мегардад ва ё бар адади хромасомаҳо меафзояд, дар натиҷа фарзанде, ки таваллуд мегардад, ноқис аст ва хилқаташ дурусту саҳеҳ намебошад. Бинобар ин фарзандони ноқисул-хилқати духтари шумо аз як марди шаробхор, сабаби қатъи раҳими ӯ мебошад ва насли духтар комилан бурида мешавад ва тибқи назариёти табибон, пас аз ду ё се пушт, насли ӯ вайрон мегардад.

Гуноҳи итоати зан аз шавҳари маст бахшиданӣ нест

Доктор Корел мегӯяд: Мастии зан ё шавҳар дар лаҳзаи омезиш, ҷинояти ҳақиқӣ аст, зеро кӯдаконе, ки дар ин шароит ба вуҷуд меоянд, одатан аз оризаҳои асабӣ ё равонии дармоннопазир ранҷ мебаранд.

Дар гуноҳи бузурги нобахшидании зане, ки аз шавҳари масти худ итоат кунад, Имом Содиқ (а) мефармоянд:

أيُّمَا امْرَأةٍ أطَاعَتْ زَوْجَهَا وَهُوَ شَارِبُ الْخَمْرِ كَانَ لَهَا مِنَ الْخَطَايَا بِعَدَدِ نُجُومِ السَّمَاءِ وَ كُلُّ مَوْلُودٍ تَلِدُ مِنْهَا فَهُوَ نَجِسُ وَ لاَ يَقْبَلُ اللهُ مِنْهَا صَرْفًا وَ لاَ عَدْلاً حَتَّى يَمُوتَ زَوْجُهَا أوْ خَلَعَ عَنْهُ نَفْسَهَا

Ҳар зане ба ҳамбистарии шавҳари шаробхору масти худ тан диҳад, ба адади ситорагони осмон муртакиби хато шудааст ва фарзанде, ки аз он мард ба вуҷуд ояд, нопок, наҷис ва палид аст ва Худованд аз он зан ҳеҷ тавба ва фидяеро қабул намекунад, магар он ки шавҳараш бимирад ё аз ӯ талоқ гирад ва аз қайди заношӯӣ раҳо созад.

Бинобар ин, хоҳарам, духтарам, дар интихоби ҳамсар ҳамсаре, ки фардо падари фарзандони ту аст ва шарики зиндагии ту мебошад, диққат кун ва тафтиши бештар намо, то гирифтори чунин шавҳари шаробхори ҷинояткор нашавӣ!

Назариёти тиббӣ дар таъсири алкул бар генҳо

Яке аз соҳибназарон ба номи Ремонес Денекон мегӯяд:

Кӯдаке, ки аз падару модари шаробхор таваллуд шавад, осори заифи баданиро бо худ ҳамл мекунад ва дар маърази бархӯрд бо изтироби хатарноке хоҳад буд, ки саранҷом ба девонагӣ ё сустии умумии бадан ва дар занон ба нозоӣ мунҷар хоҳад шуд. Ва аз назари виросат ва ба ирс бурдани бемориҳои гуногун, ҳамин донишманд мегӯяд: Ба тавре, ки хонаводаҳо пас аз ду ё се насл вайрон мешаванд, илова бар ин, фарзандони ашхоси шаробхор ба таври кулӣ аз норасоиҳои ҷисмӣ ранҷ мебаранд ва дучори нороҳатиҳои қувваҳои ақлӣ, ҳамчун заиф шудани қувваи ҳофиза, инҳироф дар рушди қувваҳои ақлӣ, идомаи ҳолати кӯдакӣ ва ғайра, бемориҳои асабӣ «ҳестрик» ва бемориҳои дигари ҷисмонӣ хоҳанд шуд.

Дар вайрон шудани насли одами шаробхор ва бемориҳо ва нотавониҳои ҷисмӣ ва ноҳамоҳангиҳои ҷумҷума ва ҳатто маргу мири кӯдак ва ё бемориҳои дигар дар кӯдакони шумо, лозим аст аз шаробхорӣ ва нӯшидани шароб дурӣ намоед. Пас шумо падарам, модарам, аз як лаҳза ҳавасронӣ ва лаззатхоҳӣ ба василаи машруботи спиртӣ, сарнавишти мани фарзандро табоҳ накунед ва ба ин васила ба бемории ноилоҷ ва осебҳои ҷуброннопазир гирифторам насозед.

Бинобар ин, издивоҷ дар Ислом як паймони малакутӣ аст, ки бояд бар тибқи қонун ва асоси ҳаққу ҳақиқат устувор гардад ва пайванди никоҳу заношӯӣ дар асл, бояд ба меъёрҳои саҳеҳи исломӣ барқарор шавад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.