Чигунагии комил будани як зан

88

Агар қасд доред дар зиндагӣ ба як зани комилу идеал табдил шавед, ҳатман ин матлабро бихонед. Бо доштани ҳар як вижагии зер тавоноии Шумо ба унвони як зан ва модар дубаробар хоҳад шуд:

– Доштани шахсияти қавӣ. Аз қадимулаём аз зан ба унвони ҷинси заиф ном бурда мешавад. Аммо милёнҳо зан дар саросари дунё нишон додаанд, ки онҳо мавҷудоти заъифе нестанд. Яке аз вижагиҳои як зани комил ин аст, ки бар таваҳҳуми заъиф будани худ пируз шавад, яъне ба тавре дар зиндагӣ улгуе барои дигарон қарор бигирад.

– Доштани шахсияти мусбат. Барои табдил шудан ба як зани комил ин аст, ки вижагиҳое, чун садоқат, амонатдориву вафодорӣ, фурутаниву гузашт ва мерубонӣ дар шумо мавҷуд бошанд. Ин таркиби хусусияҳо агар дар зан арзи вуҷуд пайдо намоянд, ӯро дар бадтарин шароити зиндагӣ ҳам сарипо нигоҳ хоҳанд дошт.

– Худсохтагӣ. Дар асри имрӯз дигар зан будан ба маънои нигаҳдорӣ аз фарзанд ва анҷоми корҳои хона нест, ҳатто як зани хонашин низ метавонад дар канори вазифаи модарӣ худкифо ва дорои тавоноӣ ҷиҳати истиқлоли молӣ ва отифӣ бошад.

– Ғаризаҳои модарӣ. Зан зотан як модар мутавалид мешавад. Як зани комил ниёзманди ин аст, ки дар канори тамоми машғулиятҳои зеҳнӣ ва корӣ метавонед як модар бошед. Модар будан маънои доштани фарзанд нест, балки ба маънои ҳомӣ ва нигаҳдори хонаву хонавода будан аст.

духтари мусулмон

– Доштани зебоиҳои дарунӣ. Агарчи доштани як чеҳраи зебо барои ҳар зане як ҳусн ҳисоб мешавад, аммо он чи аз зебоии зоҳир фаротар аст, зебоиҳои дарунии зан аст. Барои ин ки ба зебогии дарунӣ бирасед, ниёзманди як имони қавӣ, покдоманӣ ва холис будан ҳастед.
Дар ибтидои роҳ бояд нафс ва ғурури худро қурбонӣ кунед.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.