Гӯшае аз одоби никоҳ бар асоси ривоятҳои исломӣ

133

Дини мубини ислом, дине ҷомеъ ва комиле аст ва дар тамомии ҳавзаҳои зиндагӣ сухан гуфта. Аз ҷумла, дар заминаи одоби никоҳ ва заношӯӣ ривоятҳои фаровоне аз ҳазрати Паёмбари Акрам (с) ворид шудаанд. Чӣ некӯст мусалмон бо онҳо ошно ва дар зиндагӣ бар асоси он раҳнамудҳо пеш биравад.

Дар ин навиштор бар он шудам то порае аз ривоятҳои ворида дар мавзӯи одоби нигоҳ ва заншӯиро пешкаши хонандагони гиромӣ намоям.

Интихоби замони хуҷаста

  1. Паёмбари Худо (с): “Мустаҳаб аст никоҳ кардан дар моҳи Рамазон, зеро дар ин моҳ, умеди баракат меравад.”[1]
  2. Паёмбари Худо (с): “Рӯзи ҷумъа, рӯзи хостгорӣ ва никоҳ кардан аст.”[2]

Ошкор баргузор кардани никоҳ

  1. Паёмбари Худо (с): “Никоҳро ошкору аланӣ баргузор кунед.”[3]
  2. Дар ривоят аст, ки Паёмбари Худо (с) аз никоҳи пинҳонӣ наҳй фармуд. Боре аз сӯи яке аз хонаҳои ансор садои даф шунид. Пурсид: чӣ хабар аст? Гуфтанд: эй Паёмбари Худо! Фалонӣ домод шудааст. Фармуд: Худоро шукр! Никоҳро аланӣ созед! Никоҳро ошкор созед!”[4]

Ҷашн гирифтан

  1. Паёмбари Худо (с): “Никоҳро ошкоро ва дар масоҷид баргузор намоед ва барояш даффу[5] доира бизанед.”[6]
  2. Ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо (с) аз маҳаллаи Бани Зурайқ мегузашт, ки садои созу овозе шунид. Пурсид: чӣ хабар аст? Гуфтанд: Эй Паёмбари Худо! Фалонӣ домод шудааст. Фармуд: Динаш комил шуд. Ин издивоҷ аст, на зино. Издивоҷ набояд пинҳонӣ сурат гирад, балки ҳатто агар мумкин аст бояд дуде, ки нишонаи зиёфат додан аст, дида шавад ё садои даффе шунида шавад. Ва ҳамчунин фармуд: Марз миёни издивоҷ ва зино, навохтани даф аст.”[7]

Зиёфат додан

  1. Паёмбари Худо (с): “Зиёфат додан, фақат дар панҷ маврид аст: дар урс, хурс, изор, викоз ва рикоз.”[8] Урс, ҳамон арӯсӣ аст. Хурс, замони таваллуди фарзанд. Изор, ҳангоми хатна кардан. Викоз, замони хариди хона. Рикоз, замони баргаштан аз Макка (ҳаҷ).
  2. Дар ривоят аст, ки Паёмбари Худо (с) ба касе ки издивоҷ карда буд, фармуд: “Зиёфат бидеҳ, гарчи бо қурбонӣ кардани як гӯсфанд бошад.”[9]

Арӯсӣ кардан дар шаб

  1. Паёмбари Худо (с): “Арӯсҳоятонро дар шаб ба хонаи бахт бибаред ва дар рӯз зиёфат бидиҳед.”
  2. Дар ривоят аст, ки издивоҷ кардан дар шаб, аз суннат аст, зеро Худованд шабро мояи оромиш қарор додааст ва занон дар ҳақиқат, ҳамон мояи оромиш ҳастанд.[10]

Шоистаҳои шаби арӯсӣ

  1. Паёмбари Худо (с): “Ҳангоме ки мард ҳамсарашро ба хона мебарад, аввал ду ракъат намоз бихонаду бар пешонии ӯ даст бикашад. Сипас бигӯяд: Бор Худоё! Дар ҳамсарам бароям баракат қарор деҳу ӯро бароям муборак гардон ва то замоне ки моро дар канори ҳам қарор додаӣ, бо хайру хуҷаста ва бобаракат бидор ва ҳаргоҳ ӯро аз ман ҷудо сохтӣ, ба хубии тамом ҷудо соз!

Сипас бигӯяд: Сипос Худоеро, ки маро аз гумроҳӣ ба ҳидоят кашонду ниёзамро бароварда сохт ва сустиямро ба нишот табдил карду маро аз зиллат ба иззат расонд ва маро аз бепаноҳӣ сарпаноҳ доду аз муҷаррад будан ба ҷуфт шудан кашонд ва барои корҳоям ҳамкоре қарор доду маро аз танҳоӣ наҷот дод ва пастиямро баландӣ бахшид! Сипоси фаровону пок ва хуҷастае барои он чи ба ман ато фармудӣ, эй Парвардигори ман! Ва барои он чӣ қисматам кардӣ ва лутфе, ки ба ман намудӣ!”[11]

  1. Дар ривоят аст, ки вақте вориди ҳамсарат мешавӣ, мустаҳаб аст, ки аз ҳамсарат бихоҳӣ, ки ду ракъат намози мустаҳаббӣ бигузорад. Ҳаргоҳ назди ту даромад, бовузӯъ бош ва худат низ ду ракъат намоз бигузору шукри Худоро баҷо овар ва бар Паёмбару Аҳли байташ салавот бифиристу бигӯ: Парвардигоро! Улфату муҳаббат ва ризояти ӯ аз манро рӯзиям фармо ва маро низ аз ӯ розӣ бидор ва моро ба нектарин тарзу осонтарин улфату созиш, дар канори ҳам бидор, ба дурустӣ ки ту ҳалолро дӯст дорию ҳаромро нохуш медорӣ.”[12]
  2. Паёмбари Худо (с) ба Алӣ ибни Абӯтолиб (к) васият карду фармуд: Эй Алӣ! Ҳаргоҳ арӯс ба хонаат омад, вақте нишаст, кафшҳояшро бикашу поҳояшро дар зарфе бишӯй ва оби онро аз дари хонаат то атрофи хонаат бипош, зеро агар чунин кунӣ, Худованд аз хонаи ту ҳафтод ҳазор навъ фақрро мебараду ҳафтод ҳазор навъ баракатро ба он ворид мекунад ва ҳафтод раҳмат бар он фурӯ мефиристад, ки бар болои сари арӯс болу пар мезанад, то баракати онҳо ба ҳар гӯшае аз хонаат бирасад ва арӯс, то замоне ки дар он хона аст, аз мубтало шудан ба анвои маризӣ дар амон мемонад. То як ҳафта арӯсро аз хӯрдани чаҳор чиз манъ кун: ҷурғот, сирка, кашниз ва себи турш.

Алӣ (а) гуфт: Эй Паёмбари Худо! Барои чӣ ӯро аз ин чаҳор чиз манъ кунам?

Фармуд: Зеро раҳим аз ин чаҳор хӯрокӣ нозо мешавад ва фарзанд намеоварад.

Алӣ (а) гуфт: Эй Паёмбари Худо! Сирка чӣ хоссияте дорад, ки бояд аз хӯрдани он манъ шавад?

Фармуд: Агар пас аз хӯрдани сирка ҳайз шавад, дигар ҳаргиз ба таври комил пок намегардад ва кашниз, ҳайзро дар шиками ӯ таҳрик мекунаду зоймонро бар ӯ сахт месозад ва себи турш, ҳайзи ӯро мебандаду мояи дард мешавад.

                                                                                                                        

[1] Оиладорӣ аз нигоҳи Қуръон ва суннат.

[2] Ҳамон манбаъ.

[3] Ҳамон манбаъ.

[4] Ҳамон манбаъ.

[5] Даф: соз ва олати тарабе аст, ки дар арӯсиҳо зананд.

[6] Оиладорӣ аз нигоҳи Қуръон ва суннат.

[7] Ҳамон манбаъ.

[8] Ҳамон манбаъ.

[9] Ҳамон манбаъ.

[10] Ҳамон манбаъ.

[11] Ҳамон манбаъ.

[12] Ҳамон манбаъ.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.