Панҷ рамзи муваффақият

48

Панҷ рамзи муваффақият

Рамзу рози муваффақият дар корҳо

Инсонҳои муваффақ, рамзи муваффақият ва пирӯзии худро гоҳе бо дигарон дар миён мегузоранд ва тавсияҳое мекунанд.

Дар ин навишта ба панҷ намуна аз ин тавсияҳои афроди муваффақ, нигоҳе хоҳем андохт.

1 – Мутолиаи рӯзона

2 – Авлавиятбандии корҳо

3 – Мудирияти дороиҳо

4 – Саҳархезӣ

5 – Мушаххас кардани ҳадафҳо

Масъалаи аввал афзоиши огоҳӣ ва мутолиа дар масоил аст.

1 – Мутолиаи рӯзона

Ба гуфтаи афроди муваффақ ва коршиносон, фақат понздаҳ дақиқа мутолиа дар рӯз, метавонад он чунон таъсире дар зиндагии мо дошта бошад, ки моро ба рушди воқеӣ бирасонад.

Бинобар ин, ба содагӣ ба ходани китобҳое шурӯъ кунед, ки барои шумо мантиқӣ ҳастанд ва метавонанд роҳи ҳалли идеоле барои кӯмак ба шумо бошанд ва барои дидани мушкилоте, ки дар ҳоли ҳозир бо онҳо рӯбарӯ ҳастед, диди шуморо афзоиш диҳад.

Тезхонӣ дар сартосари ҷаҳон бисёр маҳбуб аст ва бисёре аз афроди муваффақ аз он барои беҳбудӣ дар муваффақияти худ, истифода мекунанд.

Ба унвони мисол, Аброҳом Линколн, Теодор Рузвелт ва Ҷорҷ Вашингтон ва афроди муваффақи дигаре буданд, ки суръатомӯзони машҳур ба шумор мерафтанд ва аз тезхонӣ баҳраманд мешуданд.

2 – Авлавиятбандии корҳо – таҳияи рӯихати корҳои зарурӣ

Таҳияи рӯихати корҳои зарурӣ, ё корҳои заруриро дар саффи аввал гузоштан, яке аз розҳои пирӯзӣ ва муваффақият аст.

Доштани феҳрасте аз авлавиятҳои мухталиф дар тӯли рӯз метавонад шуморо аз гирифтор шудан дар корҳои бемаъно ё аз пардохтан ба корҳои сода ва сипас надоштани замони кофӣ барои анҷоми корҳои воқеӣ боздорад.

 Маҳдудиятҳо боиси эҷоди як фаврият мешавад, ба иборати дигар, маҳдудиятҳо аҳамияти корҳои фавриро беҳтар ба мо нишон медиҳад ва ин метавонад нуқтаи шурӯи муваффақияти мо бошад.

Равиши зиндагии афроди муваффақ – авлавиятбандии корҳо буда ва ин идеяи аҷибу ғариб дар тӯли торих ва дар зиндагии афроди ботаҷриба вуҷуд доштааст.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.