Дарсҳое аз Наҳҷулбалоға – 10

48

Дарсҳое аз Наҳҷулбалоға – 10

Арзишҳои ахлоқӣ

Бахшандагӣ, нигаҳдорандаи обрўст ва сабр пўшандаи даҳони бехирадон ва гузашт, закоти пирўзӣ ва дурӣ кардан, кайфари инсони хиёнаткор ва машварат, чашми ҳидоят аст. Касе, ки бо раъйи худ эҳсоси бениёзӣ кунад, ба коми хатарҳо афтад, сабр бо мусибатҳои шабу рўз мубориза кунад ва бетобӣ, замонро дар нобудии инсон ёрӣ кунад ва бартарини бениёзӣ, тарки орзуҳост. Ва чӣ бисёр ақле, ки асири фармонбардории ҳавас аст. Ҳифзу ба коргирии таҷриба, нишонаи пирўзӣ аст ва дўстӣ, як навъ хешовандӣ аст ва ба касе, ки ба сутўҳ омада ва тавони таҳаммул надорад, бовар ва эътимод накун. (Ҳикмати 211).

Бо сукути бисёр, ҳайбату виқори инсон бештар мешавад ва боинсоф будан, дўстонро зиёд мекунад ва бо бахшиш, қадру манзалати инсон боло меравад ва бо фурутанӣ, неъмат комил мешавад. Ва бо пардохти ҳазинаҳо, бузургӣ ва сарварӣ собит мешавад ва равиши одилона, мухолифонро шикаст медиҳад ва сабр дар муқобили шахси бехирад ёрони инсонро зиёд мекунад. (Ҳикмати 224).

Касеро, ки сабр наҷоташ надиҳад бетобӣ ўро ҳалок гардонад. (Ҳикмати 189).

Ғунҷоиши номаҳдуди зарфи илм

Ҳар зарфе бо рехтани чизе дар он пур мешавад, магар зарфи дониш, ки ҳар чӣ дар он ҷой диҳӣ, ғунҷоиши он бештар мешавад. (Ҳикмати 205).

Натиҷаи ҳилму бурдборӣ

Нахустин подоши бурдбор аз бурдборияш он ки мардум дар баробари нодон пуштибони ў хоҳанд буд. (Ҳикмати 206).

Марҳалаҳои худсозӣ

Касе, ки худро муҳосиба кунад, суд мебарад ва касе, ки аз худ ғофил шавад, зиён мекунад ва касе, ки аз Худо битарсад, дар амон мемонад ва касе, ки ибрат гирад огоҳ мешавад ва касе, ки огоҳӣ ба даст оварад мефаҳмад ва касе, ки фаҳмид, дониш омўхтааст! (Ҳикмати 208).

Сармашқҳои парҳезкорӣ

Аз Худо битарсед монанди тарсидани инсони ворастае, ки доман ба миён зада ва худро омода карда ва дар баҳра бурдан аз фурсатҳо кўшида ва бо тарс дар итоати Худо саъй карда ва дар дунёи зудгузар ва поёни зиндагӣ ва оқибати кор, хуб фикр кардааст! (Ҳикмати 210).

Таҳаммули мушкилиҳо ва хурсандӣ

Чашм аз сахтии хору хошок ва ранҷҳо бубанд, то ҳамеша хушнуд бошӣ. (Ҳикмати 213).

Нармхуӣ ва комёбӣ

Касе, ки дарахти шахсияти ў нарму беайб бошад, шоху баргаш фаровон аст. (Ҳикмати 214).

Ҳаё ва айбпўшӣ

Касе, ки либоси ҳаё бипўшад, касе айби ўро намебинад. (Ҳикмати 223).

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.