“Худоро бисёр ёд кунед”

30

“Худоро бисёр ёд кунед”

Чаро бештар дар ёди Худо бошем?

Дар аҳамияти ёди Худо ҳамин бас, ки Паёмбари Худо(с) фармуд: “Аҳли биҳишт барои ҳеҷ чиз ба андозаи соате ки ба ғайри Худо бар онҳо гузаштааст ҳасрат намехӯранд”.

Ҳамон тавр ки дар фасли пеш гуфтем асос дар ахлоқи исломӣ таваҷҷӯҳ ба Худо ва иштиғол ба ёди ӯст ва усулан руҳи ҳамаи тоот ва  ибодот ва арзишҳои ахлоқиро ёди Худо ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, дар ин фасл мустақиллан  ба баҳс дар ин бора мепардозем.

Аз назари ислом сарчашмаи қудрати рӯҳӣ ва маънавӣ барои инсон ва танҳо омили саодат ва камоли ӯ таваҷҷӯҳ ба Худо ва иштиғол ба ёди ӯст, ҳамчунон ки ҳамаи гирифториҳои инсон ва ҳатто ҳамаи разоили ахлоқӣ ва маоюби руҳӣ ва амрози нафсонӣ, дар асл ношӣ аз ғафлат аз ёди Худо аст.

Дар таолими исломӣ дастуруламалҳои мухталифе вуҷуд дорад, ки ҳар фарди мусалмоне бояд аз тариқи онҳо Худоро ёд кунад то иштиғолоти рӯзмарра ӯро ба куллӣ аз ёди Худо ғофил нагардонад. Намозҳои панҷвақта аз муҳимтарин ва муассиртарин маворидест, ки фикр ва руҳи инсонро аз иштиғоли зиндагии рӯзмарра хориҷ намуда ба даргоҳи илоҳӣ маътуф мегардонад. Ба тавре ки агар ин фариза мутобиқ бо усул ва мувозине, ки дар шаръ таъин шудааст, анҷом пазирад ва ҳамроҳ бо диққат ва ҳузури қалб ва таваҷҷӯҳ ба маонии алфоз бошад, заминаро барои истимрори ёди Худо дар мароҳили дигари зиндагӣ фароҳам меоварад, он гуна ки шахс битавонад на танҳо дар ҳоли намоз ва ниёиш, балки дар мароҳили дигар низ ба ёди Худо бошад.

Таъкиди таолими исломӣ бар дуо аз ҷумла мавориди муҳимми дигарест, ки сабаби тақвияти таваҷҷӯҳи инсон ба даргоҳи Худо мешавад.

Бо таваҷҷӯҳ ба осори ҳаётбахши ёди Худо, Қуръони Карим дар мавориди фаровоне мӯъмининро ба он фаро хонда ва ба мудовимат дар он, амр фармудааст то мӯъминин бо он оби ҳаёт, дилҳои хешро сероб гардонанд: “Эй касоне, ки имон овардаед, Худоро бисёр ёд кунед”. (Қуръон, сураи Аҳзоб, ояти 41).

Ва дар ҷои дигар мефармояд: “Ва ҳангоме ки намозро ба поён расондед, истода, нишаста ва дар ҳоле ки ба паҳлӯ хобидаед, Худоро ёд кунед”. (Сураи Нисо, ояти 103).

Дар тавсияҳои Имом Алӣ(а) ба Имом Ҳасан(а)омадааст: “Дар ҳар ҳол Худоро ёд кун”. (Биҳор-ул-анвор, ҷ.42, саҳ.203).

Ҳазрати Расули Акрам(с) хитоб ба асҳоби худ фармуданд:

Оё шуморо огоҳ накунам ба беҳтарин ва поктарин аъмолатон дар пешгоҳи парвардигоратон ва пурарҷтарини онҳо аз назари дараҷа ва манзилат ва чизе ки аз дирҳаму динор ва аз муқобила бо душманон ва шаҳид шудан дар роҳи Худо бароятон беҳтар бошад?

– Гуфтанд: Оре, эй Расули Худо.

Фармуданд: Он бисёр ба ёди Худо будан аст. (Биҳор-ул-анвор, ҷ.93, саҳ.159).

Ҳамчунин он ҳазрат фармудаанд:

“Ёдкунандаи Худованд дар миёни ғофилон, ҳамчун зиндае дар миёни мурдагон аст ва ҳамонанди дарахти сабз дар миёни гиёҳони хушк ва низ ба сони ҷангҷӯест, ки дар миёни фирориён ба ҷанг истад”. (Кимиёи саодат, 1, саҳ.253).

Дар аҳамияти ёди Худо ҳамин бас, ки Паёмбари Худо(с) фармуд: “Аҳли биҳишт барои ҳеҷ чиз ба андозаи соате ки ба ғайри Худо бар онҳо гузаштааст ҳасрат намехӯранд”.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.