Одоби муошират бо мардум

35

Одоби муошират бо мардум

Одоби муошират, дар баёни Луқмони Ҳаким

Луқмон (а) ба писараш гуфт:

“Эй писаракам! Сухан гуфтанро бо салому мусофаҳа бо мардум оғоз кун”. (Ал-ихтисос).

“Агар чизе надорӣ, ки бо он силаи раҳим кунӣ ва ба бародарони худ бибахшӣ, некхўию кушодарўиро аз даст мадеҳ, зеро ҳар кас ахлоқашро некў гардонад, некўкорон ўро дўст медоранду бадкорон аз ў канора мегиранд.

Бо сад нафар рафоқат кун, вале ҳатто бо як нафар душманӣ макун. Эй писаракам! Дар ҳақиқат туро баҳрае асту хубӣ. Баҳраат, ҳамон дини туст ва хубият, рафтори ту бо мардум. Пас бо онон душманӣ макун ва ахлоқи некро биёмурз. Эй писаракам! Ғуломи некўкорон бошу фарзанди бадкорон мабош”. (Маони-ул-ахбор).

“Эй писарам! Бо хешонат силаи раҳим куну ба бародаронат эҳтиром бигузор ва дўстонатро аз касоне интихоб кун, ки ҳаргоҳ аз онон ҷудо шудӣ ё онон аз ту ҷудо шуданд, ба заҳмат наафтӣ”. (Ал-ихвон).

“Барои мардум ҳамонеро биписанд, ки барои худ меписандӣ ва барои онон маписанд, он чиро ки барои худ намеписандӣ”. (Иршод-ул-қулуб).

“Чунон ширин мабош, ки фурў бурда шавӣ ва чунон талх мабош, ки тард шавӣ”. (Шуаб-ул-имон).

“Бо мардум ошкоро душманӣ макун, ки онҳо низ бо ту душманӣ мекунанд. Ва нотавон мабош, ки хорат мекунанд. Ва ширин мабош, ки туро мехўранд. Ва талх мабош, ки тардат мекунанд”. (Ал-ихтисос).

“Эй фарзандам! Суханат поку зебо ва чеҳраат кушода бошад, то пеши мардум аз касе, ки ба онон ато мекунад, маҳбубтар бошӣ”. (Аз-зўҳд, Ини Ҳанбал).

Луқмон (а) ба писараш гуфт: Эй писаракам! Туро ба хислатҳое васият мекунам, ки агар ба онҳо чанг бизанӣ, ҳаргиз аз бузургӣ наафтӣ. Хулқатро барои дуру наздик бикушо ва нодониатро аз кариму лаим боз дор ва бародаронатро муроқибат куну бо хешонат силаи раҳим намо ва ононро аз пазируфтани сухани хабарчину зўргўе, ки мехоҳад туро ба фасоду фиреб водорад, эмин бидор. Бародаронат бояд касоне бошанд, ки ҳаргоҳ аз онон ҷудо шудӣ ё онон аз ту ҷудо шуданд, ононро ғайбат накунӣ ва онон низ туро ғайбат накунанд. (Кашф-ур-райба).

“Бо фақеҳ муҷодала ва бо подшоҳ душманӣ ва бо золим ҳамроҳию дўстӣ ва бо фосиқи палид рафоқат макун ва бо муттаҳам низ рафоқат макун.

Дўсти худ ва дўсти падаратро дўст дошта бош”.

“Суханатро дар ихтиёри касе, ки ба он гўш намедиҳад, қарор мадеҳ, зеро ҷо ба ҷо кардани сахраҳо аз сари кўҳҳо, осонтар аст аз сухан гуфтан бо касе, ки гўши шунаво надорад”. (Рабиъ-ул-аброр).

Луқмон (а) ҳаргоҳ аз канори сарватмандон мегузашт, мегуфт: «Эй аҳли неъмат! Неъмати бузургтарро фаромўш накунед». – Ва ҳаргоҳ аз канори фақирон мегузашт, мегуфт: «Бипарҳезед, ки ду бор фиреб нахўред». (Рабиъ-ул-аброр).

Касеро ки аз Худо итоат мекунад, хор макун ва касеро ки аз Худо нофармонӣ мекунад, эҳтиром макун. (Ал-мавоиз-ул-ададия).

“Ҳаргоҳ ба инсоне бархўрдӣ, диққатат дар хирадаш бештар аз гуноҳаш бошад, зеро гуноҳи ў бар худаш аст, вале хирадаш ҳам барои ўст ва ҳам барои ту”. (Баёзи Тоҷиддин).

“Хирадманд касест, ки бо рози чеҳраҳо бар рози дилҳо истидлол кунад ва бо назари нахусташ поёни корҳоро бубинад ва аз мубҳамҳои онҳо пардаҳои торикиро бизудояд”.

“Бародарон се дастаанд: найрангбоз, ҳисобкаш ва алоқаманд. Найрангбоз касест, ки аз хубии ту истифода мекунад, вале ба ту фоида намерасонад. Ҳисобкаш касест, ки ба андозае, ки аз ту баҳра бурдааст, ба ту фоида мерасонад. Алоқаманд касест, ки бидуни тамаъ, ба дўстии ту ишқ меварзад”. (Муҳозарот-ул-удабо).

“Бо мардум дўстӣ кун, зеро дўстӣ бо онон мояи амн асту душманияшон мояи ҳарос. (Наср-уд-дурар).

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.