Арзишҳои ахлоқӣ

55

Арзишҳои ахлоқӣ

Намоде аз арзишҳои ахлоқӣ дар аҳодиси набавӣ

Бахши дуюм

1 – Саховат: Саховату бахшандагӣ дӯстиро ҷалб мекунад ва ахлоқро зинат мебахшад.

2 – Фаромӯш кардани бадиҳо: Бадиҳои бародаронро фаромӯш кун, то дӯстиашонро пойдор кунӣ.

3 – Диду боздидҳо: Диду боздидҳо муҳаббатро мерӯёнад.

4 – Ҳадя додан: Ба якдигар ҳадя диҳед, зеро кинаҳоро мезудояд.

5 – Салом додан: Бо якдигар даст диҳед, то кинаҳо аз дил биравад.

6 – Хайрхоҳӣ: Хайрхоҳӣ дӯстӣ ва муҳаббат ба бор меоварад.

7 – Эъломи дӯстӣ: Ҳар гоҳ яке аз шумо ёру бародарашро дӯст дошт, ӯро аз он бохабар кунад.

8 – Мудоро: Саломати дину дунё дар мудоро кардан бо мардум аст.

9 – Адаб: Мардум ба адаби некӯ ниёзмандтаранд то ба симу зар.

10 – Баровардани ниёз ва кӯмак ба мардум: Ҳар кӣ дар паи баровардани ниёзи бародараш бошад, Худованд низ ниёзҳояшро бароварда мекунад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.