Падару модар – сармашқи хубе барои фарзандон

46

Падару модар – сармашқи хубе барои фарзандон

Чӣ гуна сармашқи хубе барои фарзандонамон бошем?

Падару модарҳоеро мебинем, ки дар тарбияти фарзандонашон муваффақу комёб ҳастанд ва бо мушоҳидаи ин афрод, фикр мекунем, ки онҳо дар тарбияти кӯдаки худ, хуб ҳиммат намудаанд.

Албатта ин натиҷагирии дурусте аст, аммо ба гуфтаи мутахассисони тарбиятӣ, фақат ин кофӣ нест, балки падару модарҳое, ки дар тарбияти фарзанашон муваффақ ҳастанд, бар хилофи тасаввури умум, касоне нестанд, ки ба фарзанди худ дуруст зиндагӣ карданро ёд дода бошанд, балки онҳо худашон дар масири дуруст, зиндагӣ кардаанд.

Воқеият ин аст, ки фарзанди шумо касе намешавад, ки шумо аз ӯ интизор доред, ё ҳадди ақал саъй мекунед, ки ӯ он гуна бошад, балки ӯ дақиқан як нафар шабеҳи худи шумо мешавад.

Падару модарҳои муваффақ афроде ҳастанд, ки худашон улгу ва сармашқи хубе барои фарзандашон ҳастанд. Зеро тамоми инсонҳо ба таври худкор, аз замони кӯдакии худ, ёд мегиранд, ки дар анҷоми корҳо аз роҳу равиши падару модари худ пайравӣ кунанд.

Бинобар ин, фарзанди шумо як рӯнавишти комил (копия) аз худи шумост.

Агар шумо касе ҳастед, ки дар зиндагии фардӣ ва иҷтимоии худ ба далели рафторҳо ва афкори иштибоҳатон дучори бархе нокомиҳо ва шикастҳои эҳтимолӣ шудаед, наметавон аз фарзандатон интизори зиёде дошт, ки ҳатман муваффақ буда ва дар зиндагии худаш бисёр мутафовиттар аз шумо амал кунад.

Аз он ҷое, ки фарзандатон ба сурати нохудогоҳ аз кӯдакӣ шуморо улгу ва сармашқи худ қарор медиҳад, дар сурате ки интизор доред, фарзанди муваффақе дошта бошед, ибтидо худатон сармашқи хубе барои ӯ бошед.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.