Нақши падар дар тарбияти фарзанд

307

Нақши падар дар тарбияти фарзанд

Падар чӣ нақше дар тарбияти фарзанд дорад?

Ба ҳамон андоза, ки модар нақши муҳимме дар тарбият ва рушди кӯдак дорад, падар низ нақши асосӣ дар тарбият дорад.

Падар ҷойгоҳе мисли кӯҳ, ҷиҳати ҳифзи амнияти кӯдакро дорад.

Падар метавонад шуҷоатро ба дили фарзанди худ роҳ диҳад.

Аммо агар падар шахсе бошад, ки ҳомӣ нест, аҳли беадабӣ ва сустӣ аст, иҳонат мекунад ва рафторҳои вайронгар дошта бошад, осори номатлубе дар кӯдаки худ хоҳад гузошт.

Бо таваҷҷӯҳ ба он чӣ ки дар ин ҷо гуфта шуд, ба таъсири падар ва модар дар хона пай бурда мешавад ва масъалаи аслии хонавода падар ва модар ҳастанд, ки ҳамеша бо фарзандони худашон дар иртибот ҳастанд.

Албатта ин ба он маъно нест, ки дигар аъзои хонавода, мисли хоҳар, бародар таъсири чандоне надоранд, балки нақши онон ҳам муҳим аст, хусусан замоне ки онҳо фарзанди бузургтари хонавода бошанд.

Будани падар дар канори фарзандон бар шахсияти онҳо таъсир мегузорад. Бачаҳо ба сурати огоҳона ва ноогоҳона хусусиёти зиёдеро аз падар ба ирс мебаранд.

Ба роҳатӣ метавонед мушоҳида кунед, ки падарҳое, ки иҷтимоӣ ҳастанд, фарзандонашон низ бештар иҷтимоӣ мешаванд ва дар ҷомеа бо дигарон ба осонӣ иртибот барқарор мекунанд.

Чигунагии рафтор ва чигунагии сӯҳбат кардани падар бо фарзанд сабаб мешавад, ки эҳсосоти кӯдак таҳрик шавад ва рушд кунад.

Инчунин нақши падар дар таҳсил, шинохти истеъдодҳо, коҳиши пархошгарӣ, иртиботгирӣ бо атрофиён, афзоиши эътимод ба нафс ва худбоварӣ, муқовимат дар баробарои мушкилот ва изтироб бисёр муҳим ва ҳаётӣ аст.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.