Комёбӣ – талош – муваффақият

45

Комёбӣ, талош, муваффақият

Бардоштҳои озод аз маонии аҳодис

“Афсусҳои гузаштаро дар дили худ бедор макун, зеро туро аз пирӯзиҳои оянда бозмедорад”.

“Пирӯзӣ, самараи дурандешист ва дурандешӣ бар асари таҷриба ба даст меояд”.

“Кор ва талош барои ба даст овардани рӯзии ҳалол, аз фароизи илоҳист”.

“Худоё, моро аз неъмати сарзиндагӣ ва кӯшишу талош баҳраманд гардон ва аз сустию танбалӣ ва нотавонӣ маҳфуз бидор”.

“Кори андаке, ки бодавом бошад, аз кори бисёри хастакунанда умедворкунандатар аст”.

“Агар аз коре тарсидӣ, худро ба коми он биандоз, зеро тарси шадид аз он кор, душвортару зиёнбортар аз иқдом ба он аст”.

“Шарофатмандӣ ба ҳиммати баланди худамон аст, на ба фахрфурӯшӣ бар гузаштагонамон”.

“Арзиши ҳар инсоне ба ҳиммати ӯст”.

“Натиҷаи баландҳимматӣ – каромати инсонист”.

“Маънои ғафлат – ба корҳои беҳуда сарф кардани ҳиммат аст”.

“Танбалӣ  – офати муваффақият аст”.

“Касе, ки танбал аст, дар расидан ба орзуҳояш ноком мемонад”.

“Барои ободонии дунёят, он қадар кӯшишу талош кун, гӯё ҳамеша дар ин дунё хоҳӣ буд ва барои охират, ба қадре талош кун, ки гӯё фардо хоҳӣ мурд”.

“Танбалӣ ва беҳавсалагӣ – калиди ҳар бадӣ ва нокомист”.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.