Ишқварзии ҳалол аз назари Ислом

226

Аз он ҷое, ки дини Ислом ба унвони комилтарин дини илоҳӣ матраҳ аст ва ниёзмандиҳои башариро дар ҳар замоне ҷавобгӯст, нисбат ба издивоҷ ва конуни муқаддаси хонавода, ташвиқҳо ва тарғибҳои зиёде намуда аст, то ҷое ки байтулмолро яке аз абзорҳои расидан ба чунин ҳадафе қаламдод мекунад ва илова бар мавориди зарурӣ таклиф карда, то ҳокими ҳукумати исломӣ барои рафъи мӯъзали ҷавонон ва пешгирӣ аз афтодан дар вартаи инҳироф ва мафосиди иҷтимоӣ, аз байтулмоли мусалмонон истифода кунад. Дар ин хусус Паёмбари азимушшаъни Ислом (с) мефармоянд:

ما بنی بناء فی‌الاسلام احب الی الله عزوجل من‌التزویج

Дар Ислом ҳеҷ биное назди Худо маҳбубтар аз бинои издивоҷ нест”.

Покдоманӣ ва иффат дар ҳамаи миллатҳо сутуданӣ аст ва мухтасси қишри хоссе набуда ва нест ва ба ҳамин далел дар ҳамаи кишварҳо барои издивоҷ оини махсусе бо таваҷҷӯҳ бо қонунҳо ва фарҳанги ҳар миллате вуҷуд дорад.

Дар Ислом ишқварзӣ танҳо дар издивоҷ, писандида шумурда мешавад

Бешак эътиқодот ва боварҳои динӣ беҳтарин меъёр дар амри издивоҷ ҳастанд, ки ҳатман натиҷаҳои мусбати фаровонро низ дар пай хоҳад дошт. Дар воқеъ маънавият, ба зиндагии инсон маъно мебахшад, дар хонаводае, ки имон асл қарор дода шавад ва меҳвари зиндагии муштарак бар маънавият қарор бигирад ва бо меъёрҳое, ки Ислом ва Қуръон унвон мекунанд, зиндагии муштарак поярезӣ шавад, дастёбӣ ба издивоҷи муваффақ имконпазир хоҳад буд ва мӯҷиби хушнудии Худованд ва Паёмбари Ислом (с) мешавад ва ҳамчунин таҳсини дигаронро ҳам дар пай хоҳад дошт.

Маънавият, инсонро ба ҳадафе олӣ мерасонад ва ҳаллоли мушкилот, бартарафкунандаи норасоиҳо дар низоми хонавода ва иҷтимоъ аст. Маънавият нақши басазое дар комёбию саодати як зиндагии муштарак дорад.

Тарафайн пеш аз издивоҷ беҳтар аст бидонанд чӣ ҳадафе доранд ва бар асоси ҳадафи аслӣ барномарезӣ кунанд, мизони пойбандии тарафайн ба эътиқодоти динӣ аз аҳамияти басазое бархӯрдор аст.

Дар издивоҷ зану мард ба унвони зану шавҳар дар канори якдигар қарор гирифта ва зиндагии муштаракаи худро шурӯъ мекунанд. Таносуби завҷайн дар абъоди маънавӣ ва шахсиятӣ метавонад ба хушбахтию муваффақияти тарафайн поён ёбад. Бо таваҷҷӯҳ ба таъсири рафторҳо ва тарбияти хонаводагии ашхос дар зиндагии нав, мадди назар қарор додани пешинаи хонаводагии тарафайн аҳамияти басазое дар муваффақияти зиндагӣ дорад. Издивоҷҳое, ки маънавият дар он асл қарор мегирад, аз ширинию ҳаловати бештаре бархӯрдор хоҳанд буд. Имон ҷозиба ва кашиши нерӯманду қавӣ миёни тарафайнро ба иззату инсоният суқ медиҳад.

Дар фазои маънавӣ тарафайн Худовандро ҳозиру нозир бар аъмол, рафтору гуфторашон медонанд, дар сӯҳбатҳояшон садоқат доранд ва рӯъёҳошяон аз зиндагии оянда содиқона баён мешавад. Дар сурати бархӯрд бо мушкилот амиқтар ва мантиқитар бархӯрд мекунанд, иртиботот амиқ ва самимӣ аст, ҳамдилӣ вуҷуд дорад, суннатҳои ғалат ва таҷаммулот аз байн меравад ва мавзӯъи сода кардани издивоҷ мавриди таваҷҷӯҳ қарор мегирад, сайри парвариши шахсияти ашхос ба самти такомул аст ва фазоили ахлоқӣ ва инсонӣ дар раъс қарор мегирад.

Тарафайн якдигарро мустаидди камол, пешрафту таҳаввул мепиндоранд, таъкидашон бар сафаҳоти барҷаста ва мусбати якдигар аст, тағйироти рафторӣ ва пешрафти фикрӣ ва ахлоқии якдигарро таҳсин мекунанд, бо ироаи пешниҳоди муносиб дар хусуси ҳалли масоил ва эътиқод ба гуфтугӯҳои созанда ва самарабахш, дар тасмимгирӣ мушорикат мекунанд ва дар ҳидояти зиндагии муштарак аз ҳамоҳангии лозим бархӯрдор ҳастанд, маслиҳати зиндагиро бар манфиати шахстӣ тарҷеҳ медиҳанд ва саъй мекунанд хостаҳои шахсии худро дар роҳи таҳаққуқи аҳдофи зиндагии муштарак нодида бигиранд ва ҳар ҷо ки маслиҳати бузургтаре матраҳ аст, инъитофпазирии бештаре нишон медиҳанд, ба такомули якдигар меандешанд, ба тақвияти рӯҳияи якдигар фикр мекунанд, аз интихоби худ розӣ ҳастанд, қадршинос, хушқавл, сӯҳбатпазир ва қаҳргурез, мусбатгаро, шод, камтаваққӯъ, сабур ва боҳавсала ҳастанд ва каломи ҳақ ва мантиқи саҳеҳро аз ҷониби якдигар мепазиранд.

Дар маънавият, ишқи ростин ва ҳақиқӣ вуҷуд дорад, макру найранг, тазоҳуру дурӯғ вуҷуд надорад.

Беэътиноӣ ва бетаваҷҷӯҳии ашхос ба маънавият метавонад мушкилот ва манеаҳоеро дар зиндагии муштарак эҷод кунад: ин гуна робитаҳо бисёр сусту шикананда хоҳанд буд ва робитаҳо ҳар рӯз камрангтар мешавад, тарафайн худро мулзам ба риояти тааҳҳудоти ахлоқӣ намебинанд, худро дар чорчӯби издивоҷ ва хонавода қарор намедиҳанд, дучори лағжишу иштибоҳ мешаванд, ба хостаҳои якдигар таваҷҷӯҳе надоранд, амалкардҳо мӯҷиби мухолифати тарафайн мешавад.

Рафторҳои нописанди худро тавҷеҳ мекунанд, музокира ва гуфтугӯ маъно надорад, ашхос арзише барои якдигар қоил намешаванд, таниш ва бӯҳрон дар зиндагӣ вуҷуд дорад, тафоҳум ва робитаи некӯе вуҷуд надорад, якдигарро бо дигарон муқоиса мекунанд, интизорҳои беҷо аз якдигар доранд, аз интихоби худ пушаймон ҳастанд, якдилию якрангӣ вуҷуд надорад, тарафайн нисбат ба якдигар бетафовут ҳастанд ва ҳеҷ гуна тааллуқи хотире надоранд, аз калимаҳои носазою малоловар дар сӯҳбатҳояшон истифода мекунанд, аз марзи таодул хориҷ мешаванд, конуни хонавода барояшон аҳамияте надорад, ба манофеи шахсии худашон менигаранд, самимияту рафоқат маънӣ надорад ва лаҷоҷату рақобати носолим вуҷуд дорад.

Зиндагӣ бидуни маънавият давоме надорад ва тӯле нахоҳад кашид, ки оташи ишқ ба сардӣ табдил мешавад ва ширинии муваққати зиндагии кӯтоҳ ба талхии доимӣ мубаддал мешавад, ҳеҷ зиндагии муштараке наметавонад бидуни маънавият ба масири худ идома диҳад. Маънавият доруи шифобахшу илтиёмдиҳандаи заъфҳо ва камбудҳо ва норасоиҳое аст, ки одатан дар низоми хонавода пеш меояд ва ҳидояткунандаи инсон ба сӯи саодату беҳрӯзӣ аст ва ба истиноди мазмуни ояти 32 сураи муборакаи Нур, Худованд мефармояд: “Муқаддимоти издивоҷро фароҳам намоед ва аз фақру тангдастии онҳо нигарон набошед ва дар издивоҷашон бикӯшед, чаро ки агар фақиру тангдаст бошанд, Худованд онҳоро аз фазли худ бениёз месозад”.

Ба умеди он ки ҳамаи ҷавонҳо бо қарор додани меъёри имон ва шинохти кофӣ беҳтарин тасмимро, ки ҳамон интихоби оқилона ва саҳеҳ аст, бигиранд ва саодатманд шаванд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.