Нигоҳи бомуҳаббати фарзанд ба чеҳраи падару модар

79

Нигоҳи бомуҳаббати фарзанд ба чеҳраи падару модар

Нигоҳ кардан ба чеҳраи падару модар – ибодат аст

Паёмбари Худо(с) фармуданд:

Дар чаҳор мавқеъ дарҳои осмон, ба раҳмат боз мешавад:

1 – Ҳаноме ки борон меборад;

2 – Ҳангоме ки фарзанд ба чеҳраи падару модари худ нигоҳ мекунад;

3 – Ҳангоме ки дари Каъба боз мешавад;

4 – Ҳангоме ки издивоҷе сурат мегирад.

***

Паёмбари Акрам(с) фармуданд:

Нигоҳ кардани фарзанд ба чеҳраи падару модари худ, аз рӯи меҳрубонӣ ва муҳаббат, ибодат ба шумор меояд.

***

Аз Имом Содиқ(а) нақл шудааст:

Нигоҳ кардан ба падару модар ибодат аст.

***

Ибни Аббос мегӯяд: Паёмбари Акрам(с) фармуданд:

Фарзанди некӯкоре, ки ба волидайни худ, аз рӯи меҳру муҳаббат нигоҳ кунад, барои ҳар нигоҳ кардан, савоби ҳаҷҷи мақбуле хоҳад дошт.

Саҳобагон аз Паёмбар пурсиданд: Агарчи дар рӯз сад бор нигоҳ кунад?

Паёмбар(с) фармуданд: Бале, зеро лутфу карами Худованд беш аз инҳо мебошад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.