Нукоте дар бораи беморони хос ва рӯзадорӣ

79

Беморони хос(касоне, ки бемории ғайримаъмулӣ ва махсус доранд) бо таваҷҷуҳ ба гирифторӣ  ба як бемории хос ва шароити ҷисмии худ метавонанд нукотеро дар робита бо  тағзияи  бадани худ дар тули  ин моҳ риоят кунанд, то  битавонанд беҳтар рӯза бигиранд.

Гирифторон ба бемории  гемофилия, ки як бемории генетикӣ аст бо масъалаи  халалдоршавии  бастани  хун рубару  ҳастанд.

Бадани гирифторшудагон ба бемории  гемофилия    ба ин беморӣ созгор шудааст ва рӯза гирифтан муҷиби  афзоиши  халалдоршавии  бастани  хун дар онҳо намешавад ва мушкилии хосе  барои  рӯзадорӣ надоранд.

Мубталоён ба М.S, ки  бемории онон бо гуруснагӣ шиддат  пайдо мекунад, пас  аз машварат бо пизишки худ рӯза бигиранд.

Бемороне, ки собиқаи  ихтилолот ва хунрезиҳои гуворишӣ(ҳозимаӣ) доранд бояд пас аз машварати пизишк иқдом  ба рӯзадорӣ кунанд.

Бо таваҷуҳ  ба тулонӣ будани  муддати рӯзадорӣ ва гармои ҳаво бадан моеъоти бештаре хориҷ  мекунад ва ҳамин амр муҷиби  заъиф шудани  бадани беморон мешавад, аммо ин  вазъият

мушкилии хуни   онҳоро шиддат намебахшад.

Мубталоён ба М.S, ки  бемории онҳо пешрафт карда ва дар ҳоли масрафи кортон ҳастанд набояд рӯза бигиранд.

Бемороне, ки  ниёзманди истеъмоли  доруҳои  хурокӣ ҳастанд ё пас аз гузаронидани сузандору  дучори аломатҳое монанди таб ва бадандард мешаванд ва барои коҳиши ин  аломатҳо бояд доруи хурокӣ масраф кунанд, иҷозати  рӯзадорӣ надоранд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.