Нӯҳ омили муваффақият ва комёбӣ

50

Нӯҳ омили муваффақият ва комёбӣ

Авомили муваффақият чист?

Бройон Трейси яке аз суханронони маъруф ва муффақ дар ҳавзаи фурӯш ва мудирияти касбу кор аст. Ӯ роҳи муваффақият дар касбу корро ба 9 даста тақсим кардааст.

Бройон Трейси 9 омилеро, ки ба шумо дар расидан ба муваффақияти фардӣ ва муваффақият дар касбу коратон кӯмак мекунад, пайдо кардааст.

Онро имтиҳон кунед ва асароти фавқулоддаи онро дар касбу коратон бинед.

1 – Ба омӯзиш таваҷҷӯҳ кунед

Ба омӯзиш таваҷҷӯҳ кунед ва хароҷот барои омӯзишро як навъ сармоягузорӣ дар назар бигиред.

Муваффақтарин афрод дар ҳар ҳирфаву ҳунаре, афроде ҳастанд, ки дар ҳавзаи кории худ дониш ва маҳорат доранд.

Фарде, ки дорои таҳсилот дар ҳавзаи кории худ бошад, бо донишу биниши худ шоҳиди пешрафт дар фаъолиятҳо ва тағйирот хоҳад буд. Дар ниҳоят, баҳси таҳсилот, барои ҳар фарде мавзӯи муҳим ва асосӣ хоҳад буд.

2 – Маҳорат доштан

Дар кори худ бомаҳорат бошед. Яке аз роҳҳои муваффақият дар касбу кор, доштани маҳорат аст. Ҳарчӣ мизони маҳорати шумо дар ҳавзаи касбу коратон бештар бошад, фурсатҳои бештареро барои рушди ҳирфаи худ, дар пеш доред.

3 – Густариши иртиботот

Иртибототи худро бо афрод густариш диҳед.

Густариши доираи иртиботот барои муваффақияти як касбу кор бисёр муҳим аст.

Бо афзоиши иртиботот ва мизони талош метавонед бо афроди зиёде ошно шавед. Ҳар кадом аз ин афрод ба навбати худ, метавонанд дар сурати лузум, кӯмаккунанда бошанд.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.