Омилҳои муваффақияту комёбӣ

43

Омилҳои муваффақияту комёбӣ

Нӯҳ омили муваффақият ва комёбӣ  – 2

Бахши дуюм

Бройон Трейси 9 омилеро, ки ба шумо дар расидан ба муваффақияти фардӣ ва муваффақият дар касбу коратон кӯмак мекунад, баён кардааст:

1 – Таваҷҷӯҳ доштан ба омӯзиш

2 – Доштани маҳорат

3 – Густариши иртиботот бо афрод

***

4 – Пулдор бошед

Барои расидан ба муваффақият ва комёбӣ, пулдор бошед.

Шояд ин мавазӯъ боби майли шумо набошад, аммо чӣ бихоҳед ва чӣ нахоҳед, аз назари Бройон Трейси доштани пул, яке аз роҳҳои муваффақият дар касбу кор аст.

Ҳангоме ки ба мизони кофӣ пул доред, метавонед аз фурсатҳои ба вуҷуд омада истифода карда ва озодонатар амал кунед.

5 – Одатҳои хубатонро афзоиш диҳед

Бархе аз одатҳои хуб, ки метавонад боиси муваффақият дар касбу кор бошад, тавоноӣ дар тақсими корҳо, мураттабу муназзам будан аст. Ин корҳо метавонад бозгашт ба мавқеи сармояро дар пай дошта бошад ва дар ниҳоят ба муваффақият бианҷомад.

6 – Доштани андешаи мусбат

Роҳи муваффақият дар касбу кор ин аст, ки шумо беш аз ҳар чизи дигаре мусбатандеш бошед.

Барои мусбатандеш будан, бояд саъй кунед то дар ҳар шароите ҷиҳати мусбаташро бубинед.

Доштани нигариш ва андешаи мусбат дар тӯли замон метавонад асароти бисёр хубе бар кори шумо дошта бошад.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.