Саҳар ва ифтор чи бихурем, ки беҳтар аст?

68

Саҳар чи бихурем?
Беҳтар аст   аз  меваҳо  ва неъматҳои хуби  илоҳӣ ( ғизоҳои қуръонӣ ё ғизоҳое, ки зикри онҳо дар Қуръон рафтааст), ки дар афкор ва аъмоли  инсон асари  басазое  дорад ва сарнавишти  инсонро  иваз    мекунад  истифода  шавад аз ҷумла ;
аз мағзҳои   бодом ва фандуқ ва хурмо ва меваҳои   фасл ва чанд пиёла   об ё оби меваҷот.
Шарбати асал бо лимони тоза  як то ду стакан  бамурур майл(оҳиста –оҳиста хурда) шавад.
Ҷавонаи  тозаи  гандум + мағзи  бодоми хом + асал ва меваҷоти фасл бо  як то ду стакан об.
Таваҷҷуҳ : Чун ғизо ба тарзи  пухта истеъмол  намешавад  нушидани  моеъот баъд аз хурокиҳои  баёншуда  зарар надорад.
Яке аз муҳимтарин  иллати  пурхурӣ  дар ин моҳи  муборак  тарс аз гуруснагӣ  аст ва ин чизе нест ба ҷуз одати бади  равонӣ.

Ифтор чи бихурем ?
Беҳтар аст ки бо як стакан  шарбати асал     ифтор кунем ва ним соъат баъд ғизо хурда  шавад.
Метавон  бо нисфи  стакан  об ё оби мева бо чанд адад хурмо ифтор карда билофосила ғизоро сарф  кунед.
Аз ғазоҳои сода хусусан  аз  як навъ ғизо  бештар истифода нашавад.
Ғизоҳое ки монанди : навъҳои гуногуни  палов ва хурокҳое ки  бирён  нашуда бошанд.
Аз салад ва кабутиҳои тозаи фасл ҳатман истифода шавад.
Дар сурати  истифода аз атола  ( беҳтар аст   ки атолаи  ҷав бо   кашки марғуб бошад ) сир     ва пиёзи бирёншуда   истеъмол  нашавад.
Дар ин моҳ беҳтар аст ки аз  равғани    зайтун  истифода шавад,  вале бояд  ҳарорат дода нашавад.
Дар ин моҳи муборак беҳтар аст ки тамрин(машқ)е шавад то бар нафси саркаш ғалаба шавад.
Беҳтарин тамрин дар ин моҳ ғалаба бар нафси шикам аст.
Ғизоро бо ҳарорати мулоим пухта  ва аз хурдани он лаззат бибаред ва аз пурхурӣ  ва беҳудахурӣ бипарҳезед
Ҳафтае ё як  то ду бор ғизои гуштӣ  истифода шавад.
Нон камтар хурда  шавад ва аз пур  кардани  шикам то ҷое,ки  имкон ҳаст, парҳез шавад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.