Осори камтаваҷҷӯҳӣ ба кӯдак

25

Камтаваҷҷӯҳӣ ба кӯдак

Осорҳои камтаваҷҷӯҳӣ ба кӯдак чист?

Чаро бояд ба кӯдакамон таваҷҷӯҳи кофӣ дошта бошем?

Табиати кӯдак таврест, ки ба диққату таваҷҷӯҳи падару модар ва атрофиёнаш ниёз дорад. Кӯдакон дар паи таваҷҷӯҳ ва дарёфти ишқу муҳаббат ҳастанд ва барои дарёфти ин таваҷҷӯҳ аз ҳар роҳе истифода мекунанд. Агар кӯдаки мо натавонист бо рафторҳои хубаш таваҷҷӯҳ ва диққати моро ба худаш ҷалб кунад, баночор аз роҳҳои манфӣ ворид мешавад, то он таваҷҷӯҳ ва диққатро ба самти худаш баргардонад.

Масалан дар мактаб ва боғча дӯстони худро мезанад ва вақте муаллим падару модари кӯдакро фаро мехонанд, агарчӣ худи кӯдак аз ин кораш ҳарос дорад, аммо иштиёқи ҳамин таваҷҷӯҳро эҳсос мекунад.

Таваҷҷӯҳ ва диққат ба кӯдак, аввалин ва муассиртарин унсурест, ки рӯи тарбияти фарзанд таъсиргузор аст.

Ҳатто ин иштиёқ дар синини болотар мисли навҷавонӣ бештар ҳам мешавад.

Бинобар ин лозим аст, падару модарҳо аз ин нукта ғафлат наварзанд ва бо доштани диққат ва таваҷҷӯҳи кофӣ ва изҳори муҳаббату отифа ба фарзандон, дар тарбияти беҳтари онон иқдом кунанд.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.