Дарсҳое аз Наҳҷулбалоға – 11

28

Дарсҳое аз Наҳҷулбалоға – 11

Ҳикмати рӯзадорӣ

Бар асоси омӯзаҳои исломӣ, ҳар таклифи шаръӣ ва ҳар дастуре, ки бар ӯҳдаи муслимин гузошта мешавад, дорои ҳикмату ҳадафе мебошад. Ин ҳикмат гоҳе бар мо пӯшида ва гоҳе ошкор аст. Албатта донистани онҳо метавонад ангезаи амалро дар инсон тақвият кунад.

Дар манобеи исломӣ омадааст, ки мабнои шаклгирии ҳамаи аҳкоми шаръӣ ва илоҳӣ масолеҳ ва мафосидест, ки ҳикмат ва фалсафа ва иллати он ҳукм аст.

Матни зер ба ҳикмати рӯзадорӣ дар баёни Амиралмӯъминин Алӣ(а) мепардозад.

Имом дар хутбае мефармоянд:

“Худованд бандагони мӯъминашро ҳифз мефармояд ба василаи намозҳо ва закотҳо ва рӯза гирифтан дар рӯзҳои воҷиб (рамазон); барои ором мондани дасту по ва андоми дигари эшон ва чашм ба зер андохтанашон ва фурӯтании ҷонҳояшон, забунии дилҳояшон ва, берун кардани кибру худписандӣ аз онон, дар намоз. (Ҳангоми саҷдаи намоз) молидани рухсорҳои некӯ барои фурӯтанӣ, часпондани аъзои шарифа (ҳафт мавзеъ: пешонӣ, ду кафи дастҳо, ду зону ва панҷаи пойҳо) ба замин барои изҳори кучакӣ ва зиллат ба пешгоҳи боазматаш”.

Ҳазрат мефармоянд: “Худованди Мутаол бандагони боимони худро аз фиреби шайтон маҳфуз ва масун медорад, ба василаи намозҳо, закот додан, таҳаммули машаққат ва ба василаи рӯза гирифтан дар рӯзҳои муқаррар (моҳи мубораки рамазон) ва барои эҷоди оромиш дар аъзои онон ва барои хошеъ намудани чашмон ва ром кардани нафсҳо”.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.