Фоидаҳои илмии рузадорӣ

96

Бисёре аз динҳо ба фаризаи  рӯза таъкид кардаанд. Аз ин рӯ бисёре аз донишмандон солҳост ба дунболи решаҳои  илмии ин бовари динӣ мегарданд ва то кунун ба натиҷаҳои  қобили таваҷҷуҳе  даст ёфтаанд,  ки ҳамагӣ муҳри таъид  бар фоидаҳои рӯзадорӣ мегузоранд.

Коҳиши  хатарҳои  бемориҳои  қалбӣ

Рӯза муҷиби стресс ва гуруснагӣ мешавад. Ба ҳамин далел организм  холестрини    бештаре озод мекунад ва ба ҷои глюкоза, иҷозаи  истифода аз равғани  баданро ба унвони  як манбаъи энергия   медиҳад. Ба ин тартиб шумори ҳуҷайраҳои  равған коҳиш меёбанд. Ин масъалаи  муҳим аст чароки мунҷар ба коҳиши  раған  ва коҳиши  эҳтимолии   тавсиъаи  муқовимати инсулин ё диабет мешавад.

Натиҷаҳои  ин таҳқиқот таид кард, ки ҳамчунин руза асароте бар раванди  тавлиди бештари ҳормони рушди HGH мегузорад ва як асари  муҳофизатӣ  дар мавриди сохти  рагҳо  ва таъодули  метаболикӣ  дорад .

Ин баррасиҳо  нишон дод   афроде, ки ба таври мураттаб  руза мегиранд нисбат ба касоне, ки руза намегиранд 58 дарсад бо хатари камтаре дар бурузи бемориҳои  хунӣ ва қалбӣ рӯбарӯ мешаванд.

Равиши нави  устоди эронии  донишгоҳи  Мюнстер барои дармони  бемории  алсгеймера (фаромушхотирӣ)  бо рӯзадорӣ

Дар соли  2009, Алии Гурҷӣ- устоди эронии  донишгоҳи  Мюнстери Оолмон бо истифода аз рӯзадорӣ  таҳқиқоте  барои дармони  бемориҳое чун алсгеймера, паркинсон ва сардардҳои  мегрин анҷом дод.

Баррасиҳои ин муҳаққиқм эронӣ ншон  дод, ки пас аз 12 то 14 соъат рӯзадорӣ , ошомидан боиси  эҷоди  мавҷҳои қавӣ дар мағзи сар  мешавад. Ин амвоҷ 10 то 20 баробари  амвоҷи маъмулии мағз аст. Таҳқиқот аввалияи  ин донишманд нишон  дод, ки гуруснагӣ ва ташнагии тулонӣ боиси афзоиши ҳассосиятпазирии қишри мағз мешавад.

Гурҷӣ бо таъкид бар инки  метавон  бо истифода аз  ин хосият дар дармони гирифторон ба бемориҳои  алсгеймера ва паркинсон иқдом кард, изҳор дошт: Таҳқиқоти  мо нишон  дод, ки рӯзадорӣ дар дармон ва пешгирии ин бемориҳо  таъсиргузор  аст, зимн онки  ин мавҷҳо   метавонад дар муқовим сохтани  ҳуҷайраҳо ва бофтҳои   асабии  мағз дар баробари сактаҳои  мағзӣ  таъсиргузор бошад.

Устоди  донишгоҳи  Мюнстери ҳамчунин бар асароти мусбати рӯзадорӣ  дар дармони  сардардҳои  шадиди  мегрин таъкид кард ва идома дод: Натиҷаҳои ин пажӯҳиш нишон   медиҳад, ки рӯзадорӣ   метавонад ба  унвони  яке аз равишҳои  таъсиргузор  дар дармони сардардҳои  мегрин истифода шуд.

Рӯза  ҳуҷайраҳои  солимро дар муқобили  химиядармонӣ  ҳифз мекунад

Дар соли  2008 донишмандони  амрикоӣ  ва итолиёӣ дар гуруҳи  таҳқиқотии  Валтер Лонго  аз донишгоҳи  Калифорния  ва бемористони   Гаслини дар Генуа  нишон доданд, ки гирифтани  рӯза  метавонад ба  унвони  як аслиҳаи таъсиргузор дар мубориза бо коҳиши  вазни  вобаста ба  химиядармонӣ  дар беморони  саратон ба  кор  равад.

Ин донишмандон  навъе рафтори   ҷодуиро кашф карданд,бар асоси он   ки ҳуҷайраҳои солим дар пайи  маҳдудияти  каллория  аз худ нишон медиҳанд ва ба  ин тартиб ҳуҷайраҳои солим метавонанд дар муқобили зарбаҳое, ки дар асари  химиядармонӣ  ба онҳо ворид мешаванд  аз худ дифоъ кунанд.

Ин пажӯҳишгарон  дар баррасиҳо   мушоҳида карданд, ки ҳуҷайраҳои солим дар замони  рӯза  тамоми энергияҳои  дар дастрас буда  барои идомаи  ҳаёти худро  мавриди  истифода қарор  медиҳанд ва бинобарин дар муқобили  химиядармонӣ нисбат ба бофтҳои  саратон аз худ муқовимати  бештарӣ нишон  медиҳанд.

Ба эътиқоди   ин донишмандон  рӯза  метавонад ҳуҷайраҳои солимро дар ҳолати  сукут  нигаҳ дорад ва ба  ин тартиб дар даврае  ки ҳуҷайраҳо  дар интизори  поён ёфтани  рӯза ҳастанд,  метавонанд муқовимати  худро барои идомаи ҳаёт афзоиш  диҳанд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.