Ҳадаф аз ташкили оила

86

Аз нигоҳи касоне ки барои оила қадосат қоил нестанд, ҳадафи аслӣ аз ташкили оила, баҳрагирӣ аз комҷўиҳои ҷинсӣ аст, балки дар бисёре аз маворид, ҳадафе ғайр аз ин вуҷуд надорад. Аммо аз нигоҳи Қуръон ва аҳодиси исломӣ, ташкили оила дорои ҳикматҳо ва далелҳои гуногуни равонӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва динӣ аст ва ин ҳикматҳо, ки дар зер ба онҳо мепардозем, дар воқеъ, усул ва пояҳои таъкиди Ислом бар ташкили оила ва зарурати тақвият ва мустаҳкам намудани ин ниҳод, шумурда мешаванд.

1. Оромиши равонӣ

Нахустин ҳикмати ташкили оила, ки Қуръони Карим онро бо сароҳат баён кардааст, расидан ба оромиши равонӣ аст:

Ва аз нишонаҳои ў ин аст, ки аз худатон ҳамсароне барои шумо офарид, то дар канорашон ором гиред ва миёнатон дўстию раҳмат ниҳод. Оре! Дар ин неъмат барои мардуме, ки меандешанд, яқинан нишонаҳое аст.[1]

Ин оят ба чанд дарси муҳимми худошиносӣ ишора дорад, ки ба мавзўи оила тақаддус мебахшад:

а) Имкони бақои насл

Нахустин дарси худошиносӣ дар ин оят, хилқати ҳамсар ва имкони ташкили оила ва имкони бақои насл аз ин тариқ аст.

Илова бар ин оят, дар чанд ояти дигар низ, ин дарси тавҳидӣ такрор шудааст, монанди:

Худо падидоварандаи осмонҳо ва замин аст. Аз худатон барои шумо ҷуфтҳое қарор дод.[2]

Ва Худост, ки шуморо аз хоке ва сипас аз нутфае офарид ва онгоҳ шуморо ҷуфт-ҷуфт гардонид.[3]

Мавзўи имкони бақои насл аз тариқи офариниши ҳамсар (на танҳо дар мавриди инсон, балки дар мавриди анвои ҳайвонот),[4] дарси худошиносӣ аст. Дар ривояте аз Муфаззал ибни Умар гузориш шудааст, ки Имом Содиқ (а) дар баёни ин дарс мефармояд:

Агар кулуне[5] бар яке аз ду табақи дар дидӣ, оё мепиндорӣ, ки он беҳуда насб шудааст? Балки ба зарурат медонӣ, ки онро сохтаанд, то бо табақи дигаре канори ҳам ояд ва маслиҳати бастани дарро натиҷа диҳад ва ҳамин гуна ҳайвони нарро мебинӣ, ки гўё барои ҷуфти модааш омода шудааст, то барои идома ва бақои насл, ба ҳам бирасанд. Пас ҳалоку нокомӣ ва нагунбахтӣ, аз они файласуфнамоёне аст, ки чӣ гуна дилҳояшон аз ин офариниши шигефт, кўр аст то он ҷо ки тадбиру ҳадафмандии онро инкор мекунанд.[6]

Оре! Ақл аз он ҷо ки наметавонад бовар кунад, ки иттифоқоти кўри пай дар пай, мўҷиби падид омадани «мард» шуда бошад ва сипас ба манзури бақои насл, шахси дигаре ба номи «зан» падид омада бошад, роҳе ҷуз эътироф ба вуҷуди «Офаридгори ҳакими ҷаҳон» надорад.

б) Конуни оромиши зиндагӣ

Дарси дуввуми яктопарастӣ, ки дар мавзўи оила аз ояти ёдшуда (ояти 21 сураи Рум), мегирем ин аст, ки дар низоми офариниш, оила, конуни оромиши зиндагӣ аст.

Офаридгори ҳакими ҷаҳон, марду занро ба гунае офаридааст, ки комилкунандаи якдигаранд ва аз ин рў, то дар конуни оила дар канори ҳам қарор нагиранд, оромиш пайдо намекунанд. Аллома Таботабоӣ дар ин бора мефармояд:

Ҳар як аз зану мард, ба дастгоҳи хоссе муҷаҳҳаз шудааст, ба гунае ки дар амал, ҳар як кори дигареро такмил мекунад ва тавлиди насл, натиҷае аз маҷмўи он ду аст. Пас ҳар як аз зану мард, ба худии худ ноқис ва ниёзманди дигарӣ аст ва аз маҷмўи он ду, як воҳиди комил ба вуҷуд меояд, ки метавонад тавлиди наслро мўҷиб шавад. Ба далели ҳамин нақс ва ниёзмандӣ аст, ки ҳар як аз он ду ба сўи дигарӣ кашида мешавад, то бо пайванд бо ў оромиш ёбад. Зеро ҳар ноқисе муштоқи камоли хеш аст ва ҳар ниёзманде ба касе ё чизе моил аст, ки ниёзи ўро бартараф созад.[7]

Ин ҷозибаи табиӣ, зомини иҷроии мудаббири ҳакими ҷаҳон барои бақои насли инсон ва дигар ҳайвонот аст. Аз Имом Содиқ (а) нақл шудааст, ки фармуд:

Агар муҳаррики инсон барои амали заношўӣ танҳо тамоюл ба фарзанд буд (ва ҳеҷ гуна лаззату комёбӣ дар ин амал вуҷуд надошт), мумкин буд, ки дар ин кор он қадар сустӣ кунад, ки насли башар камёб ва ё тамоман нобуд шавад.[8]

Нуктаи муҳим ин аст, ки аҳодиси исломӣ[9] ба комҷўии ҷинсӣ дар конуни оила, ки зоҳиран мавзўи сад дар сад моддие аст, тақаддусу арзиши маънавӣ бахшидаанд.[10]

в) Конуни мавваддат[11] ва раҳмат

Севвумин дарси худошиносӣ дар мавзўи оила, ки аз ояти 21 сураи Рум бардошт мешавад ин аст, ки Офаридгори ҳаким, оиларо конуни мавваддату раҳмат қарор додааст. Маваддату раҳмат, дар воқеъ ҷонмояи устувор кардани пайванди оилавӣ аст, ҳар чӣ қадар ин ҷонмоя тақвият шавад, ниҳод оила мустаҳкамтар мегардаду оромиши бештаре бар зиндагӣ ҳоким мешавад.

Худованди Мутаол, ба таври табиӣ, паймони издивоҷро омили пайдоиши маваддату раҳмат қарор додааст ва аз ин рў, гузориш шудааст, ки марде хидмати Паёмбар (с) расиду бо тааҷҷуб гуфт: Чӣ гуна аст, ки марде бо зане издивоҷ мекунад, ки ҳаргиз пеш аз он на ў он занро дидааст ва на он зан ўро дидааст, аммо ҳамин ки издивоҷ сурат мегирад ва мард бар зан ворид мешаваду ҳамдам мегарданд, ҳеҷ чиз барои онҳо маҳбубтар аз дигарӣ нест?!

Паёмбари Худо (с) дар посухи ў, ба қироати ин бахш аз ояти 21 сураи Рум басанда карду фармуд:

Худованд миёни шумо маваддату раҳмат ниҳод.[12]

Бинобар ин, барои ҳарчи гармтар шудани конуни оила ва баҳрагирии бештар аз баракоти он, лозим аст дар ҷиҳати тақвияти ин маваддату раҳмати худододӣ, барномарезиҳои дарозмуддат ва ҳамаҷониба сурат гирад.

Дар баёни фарқ миёни маваддат ва раҳмат, ки аз ҷиҳоте бо ҳам фарқ доранд, гуфта шудааст, ки:

Як. Маваддат, ангезаи иртибот дар оғози кор аст, аммо дар поён, ки яке аз ду ҳамсар мумкин аст заифу нотавон гардад ва қодир бар хидмате набошад, раҳмат ҷои онро мегирад.

Ду. Маваддат, дар бузургтарҳост, ки метавонанд ба ҳам хидмат кунанд, аммо кўдакону фарзандон, дар сояи раҳмат парвариш меёбанд.

Се. Маваддат, ғолибан ҷанбаи мутақобил дорад, аммо раҳмат якҷониба ва эсоргарона аст.

Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ (р):

Оила, яке аз боризтарин ҷилвагоҳҳои маваддат ва раҳмат аст, ки аз як тараф ду завҷро ба якдигар пайванд медиҳад ва аз тарафи дигар сабаб мешавад, ки ҳар ду, махсусан зан, бар фарзандони хурдсоли худ, ки дар таъмини ниёзҳои ҳаётии хеш заифу нотавонанд, меҳр биварзанд ва ба паноҳ додан, нигаҳдорӣ, пўшиш, таом додан ва тарбияти онҳо иқдом кунанд ва агар ин меҳрварзӣ набуд, насли башар мунқариз мешуд ва навъи инсон, ҳеҷгоҳ имкони ҳаёт намеёфт.[13]

2. Созандагии ахлоқӣ

Аз нигоҳи Қуръони Карим, ташкили оила ба василаи писару духтари ҷавон, дар воқеъ ба маънои таҳия кардани либоси тақво аст, зеро ин китоби осмонӣ, аз як сў дар канори либос ва зеварҳои тан, тақворо ба унвони либос ва зевари ҷон ва арзишмандтарин пўшиш, матраҳ мекунаду мефармояд:

Эй фарзандони Одам! Барои шумо либосе фиристодем, то шармгоҳатонро бипўшаду зевари шумо бошад, вале либоси тақво, беҳтарин либос аст.[14]

Ва аз сўи дигар, тасреҳ мекунад, ки зану шавҳар, либоси якдигаранд:

Онҳо либоси шумо ҳастанд ва шумо либоси онҳо ҳастед.[15]

Агар ин ду ояти нуронӣ дар канори ҳам мавриди тааммул қарор гиранд, ба равшанӣ далолат доранд, ки ташкили оила, яке аз боризтарин масодиқи либоси тақво аст ва аз ин рў, дар ҳадиси набавӣ омадааст, ки:

Ҳар кас издивоҷ кунад, нисфи динашро ҳифз кардааст.

Ва дар ҳадиси дигаре омадааст, ки:

Ҳеҷ ҷавоне нест, ки дар навҷавонияш издивоҷ кунад, магар он ки шайтонаш фарёд мезанад, ки: «Эй вой бар ман! Ду севвуми динашро аз газанди ман нигаҳ дошт». Бинобар ин, банда бояд дар як севвуми дигар (-и динаш) тақвои Худо пеша кунад.

Паёми оёте, ки ба онҳо шиора шуд ва аҳодиси фаровоне ҳам дар мавзўи онҳо ворид шудааст, ба масъулони ҷомеаи исломӣ, махсусан мудирони ниҳодҳои фарҳангӣ ва низ ба оилаҳо ин аст, ки барои муборизаи асосӣ бо таҳоҷуми сангини фарҳангии ин даврон ва пешгирӣ аз фасодҳои тарбиятӣ ва иҷтимоӣ ва кўмак ба насли ҷавон дар ҷиҳати созандагии ахлоқӣ, ҳеҷ коре муассиртар аз фароҳам овардани либоси тақво (ё ҳамон ташкили оила) барои онон нест. Барномаҳои фарҳангӣ барои ислоҳ ва рушду пўёии ҷавонон низ дар канори таҳияи ин либоси тақво, короии лозимро хоҳад дошт ва ҳатто шояд битавон гуфт, ки бидуни он, талош барои созандагии маънавии ҷавонон, дар воқеъ, заҳмати беҳуда кашидан аст!

3. Созандагии иҷтимоӣ

Ташкили оила, на танҳо дар таъмини оромиши равонӣ ва созандагии ахлоқии насли ҷавон, фавқулодда муҳим ва муассир аст, балки дар созандагии ҷомеаи инсонӣ низ нақши асосӣ дорад. Аз Имом Ҳодӣ (а) ривоят шудааст, ки:

Худованди азза ва ҷалла, пайванди издивоҷро мояи улфати дилҳо ва пайвастагии насабӣ қарор дод ва ба воситаи ин пайванд риштаҳои хешовандиро ба ҳам пайваст ва онро мояи меҳру муҳаббат сохт. Дар ин падида, барои мардум нишонаҳое (аз қудрату раҳмати Худованд) аст.

Балки нақши ташкили оила дар мустаҳкам кардани ҷомеаи инсонӣ то ҷое аст, ки бинобар фармуда Имом Ризо (а), агар ҳеҷ далели равшане аз китобу суннат ба аҳамияти он вуҷуд надошт, осору баракоти гуногуни иҷтимоии он, барои ташвиқу тарғиби инсонҳои хирадманд ба ин кори муҳимми иҷтимоӣ кофӣ буд. Матни ривоят ин аст:

Агар дар бораи издивоҷу пайванд, ояти равшане аз китоби Худо ва суннати пайравишудае аз Паёмбар (с) ва аҳодиси фаровон набуд, бегумон некӣ кардан ба хешон ва наздик сохтани афроди дур ба якдигар ва улфат бахшидан миёни дилҳо ва дар ҳам танидани ҳуқуқ ва афзудан бар ҷамъият ва андўхтани фарзанд барои рўёрўӣ бо сахтиҳои рўзгор ва пешомадҳои замона, ки Худованд дар издивоҷ қарор додааст, худ кофӣ буд, ки хирадманди доно ба ин кор рағбат намояд ва инсони ҳидоятшудаи ростандеш, ба сўи он бишитобад.

4. Густариши ормони тавҳид

Ҳикмати ғоии ташкили оила ва ҳадафи ниҳоии Ислом аз ин ҳама таъкид бар ташкилу таҳким ва тадовуми он, густариши арзишҳои инсонӣ, интишори ормонҳои тавҳидӣ ва саранҷом, ҷаҳонӣ шудани Ислом аст ва бақои насли инсон, дар воқеъ муқаддима барои расидан ба ин ҳадафи бузург аст ва ҳадиси набавии зер ишора ба ин ҳикмат дорад:

Чӣ чизе монеъ мешавад, ки инсони мўъмин зан бигирад? Шояд Худованд ба ў фарзандоне рўзӣ кунад, ки заминро аз «Ло илоҳа иллаллоҳ» сангин кунанд.

[1] Сураи Рум, 21.

[2] Сураи Шўро, 11.

[3] Сураи Фотир, 11.

[4] Қонуни завҷият, на танҳо зомини бақои насли инсон ва ҳайвон, балки зомини бақои насли анвои гиёҳон ва ҳатто метавон гуфт, ки зомини бақои ҷаҳони модда аст. (Ниг: Сураи Раъд, 3, Сураи Қоф, 7, Сураи Зориёт, 49).

[5] Қулфи чўбине, ки дар қадим пушти дар мезаданд ва дарро бо он мебастанд.

[6] Биҳор-ул-анвор, ҷ. 3, саҳ. 75.

[7] Ал-мизон, ҷ. 16, саҳ. 166.

[8] Биҳор-ул-анвор, ҷ. 3, саҳ 79.

[9] Ниг: Тарғиб ба посух додан ба ғаризаи ҷинсӣ.

[10] Ниг: Таъкид бар подоши маънавии таъмини ниёзҳои ҷинсӣ.

[11] Муҳаббат ва дўстӣ.

[12] Сураи Рум, 21.

[13] Ал-мизон, ҷ. 16, саҳ. 166.

[14] Сураи Аъроф, 26.

[15] Сураи Бақара, 187.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.