Супориш ба занон дар бораи ҳамсардорӣ

332

Аз Расули Худо (с) ривоят шудааст, ки  “ Ҷиҳоди зан хуб шавҳардори кардан аст

Расули гиромӣ (с) фармудаанд: “ Бадтарин занони шумо касе аст, ки дар миёни хонаводаи худаш мутавозеъ (хоксор) аст, вале дар баробари шавҳараш мағрур аст ва аз корҳои нописанд парҳез намекунад. Замоне, ки шавҳараш нест, ороиш мекунад ва вақте, ки шавҳараш ҳаст хештандорӣ мекунад ва ба худ намерасад. Ба сухани ӯ гуш намекунад ва итоат намебарад. Дар халват монеъаш шуда ва ҳеҷ узреро аз он напазируфта ва  ҳеҷ хатоеро аз ӯ намебахшад”.

Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ мегӯяд: Назди Расули Худо поён нишаста будем ва дар бораи занон музокира мекардем. Он Ҳазрат фармудаанд: Оё шуморо аз беҳтарин занонатон хабар надиҳам? Гуфтанд бале! Эй Расули Худо! Фармуданд: Беҳтарин занонатон, зоё (фарзанд овар, бисёр меҳрубон ва бо муҳаббат, пушида ва бо ҳиҷоб бо иффат (покдоман) , зане, ки дар хонаводааш азиз ва бо шавҳараш мутавозеъ аст, дар канори шавҳараш бо зинат ва худоро аст ва дар назди дигарон афиф (бидуни ороиш) аст.

ҳамсари намуна

Дар ривояти дигар фармудаанд: “ Беҳтарин занони шумо зане аст, ки  ғизояш дилписанд асту хушбӯ ва агар садақа кунад садақааш пазируфта аст ва агар садақа надиҳад, боз ҳам мавриди қабул мебошад. Чунин зани коргузор аз коргузорони Худованд аст ва касе, ки барои Худо кор кунад бе баҳра намемонад. ”

Амири муъминон  Ҳазрати    Алӣ (а)  фармудаанд: “Беҳтарин занони шумо  панҷ хислат доранд. Занони содда ва беолоиш, занони дилраҳм ва хушху занони ҳамдил ва ҳамроҳ, шавҳараш ба ӯ ғазаб кунад хобаш намебарад, то он ки ӯро розӣ кунад ва замоне, ки шавҳараш набошад, худро ҳифз менамояд. Чунин зане амалҳояш барои Худост ва касе, ки барои Худо кор кунад, бебаҳра намемонад”.

Имоми Зайналобиддин(а) фармудаанд: “ Беҳтарин занони шумо касе аст, ки вақте шавҳарашро асабонӣ кунад, ба шавҳараш мегӯяд: Дастам дар даст туст, хоб намекунам, то ин ки аз ман розӣ шавӣ.”

Марде ба назди Расули акрам(с) омаду гуфт: Ҳамсаре дорам, ки вақте дохили хона мешавам ба истиқболи ман меояд ва вақте аз манзил хориҷ мешавам, маро гусел мекунад ва замоне, ки маро ғамгин бинад мегӯяд: Чӣ чизе ғамгинат кардааст? Агар ғами рӯзиатро мехӯрӣ, ғайри ту уҳдадори он ҳаст ва агар ғами охиратро мехӯрӣ, Худо ғаматро зиёд кунад. Расули Худо (с) фармудаанд: “ Ба ҳамсарат бигӯ, ки Ӯ яке аз коргузорони илоҳӣ аст ва барои Ӯ дар ҳар рӯз подоши шаҳид аст. ”

Эҳтироми дуҷониба ба якдигар ва ба бастагони якдигар

Вазифаи ҳамсарон эҳтиром ба ҳам ва ба бастагони ҳамдигар аст. Ҳамсарон дар ҳар рутбае аз таҳсил, мол, иҷтимо ҳам агар қарор дошта бошанд, боз ҳам вазифадор ҳастанд ба якдигар эҳтиром гузоранд. Зеро меъёри эҳтиром шахсияти воқеии афрод аст, на шахсияти ҳуқуқии онҳо. Барои ҳамин соҳибкор будан ва мақом доштан набояд моро аз эҳтиром кардан ба ҳам боз дорад.

Дар дини Ислом муъмин муҳтарам аст. Худованди мутаол вақте, ки муъминонро ба чизе даъват мекунад ё мункиреро рад мекунад бо эҳтиром ва некӯи аз онҳо ёд мекунад.

Паёмбари гиромии Ислом (с) фармудаанд: Муъмин обрӯяш ва молаш ва хунаш эҳтиром дорад. Дар ривоят омадааст,  ки дар назди Худованди бузург панҷ чиз ҳурмат дорад:

  1. Расули Худо(с),
  2. Хонадон ва аҳлибайти Паёмбари Худо,
  3. Китоби Худо
  4. Хонаи Худо
  5. Мӯъмин

Яке аз фармонҳои Қуръони карим ба Паёмбар(с)   ва мӯъминон фармон       ба нармиш ва раҳму сабр нисбат ба аҳли имон аст:  “ Бо касоне, ки ҳамеша Парвардигорашонро мехонанд, шакибоӣ кун.”( Сураи Каҳф, ояти 28)

“ Бо муъминон фурӯтан ҳастанд.”( Сураи Моида,ояти 54)

“ Бо ҳамдигар меҳрубонанд.” ( Сураи Фатҳ,ояти 29)

Паёмбари акрам (с) фармудаанд: “ Беҳтарини шумо касе аст, ки дар ахлоқ хушхутар ва дар махориҷ сабукбортар ва барои хонаводааш мутавозеътар бошад.”

Ҳамсарон зимни самими буданашон бояд ҳарим ва ҳурмати якдигарро дар иртибот риоят кунанд. Эҳтироми дуҷониба, сабаби гармии конуни хонавода ва тарбияти дурусти фарзандон мешавад. Гуфтори нарм ва  мулоим, хитоб кардан бо номи нек, парҳез аз масхара кардан ва лақабҳои номуносиб, истифода накардан аз калимаҳои сабук ва бемаъно, таваҷҷӯҳ ба дидгоҳҳои якдигар, мушовира дар корҳои зиндагӣ, парҳез аз рад кардани назарҳои якдигар намунаҳоест барои эҳтиром ба якдигар, ки яке аз вазифаҳои ҳамсарон аст.

“ Эй касоне, ки имон овардед!  Гурӯҳе гурӯҳ[-и дигар]-ро масхара накунад, шояд [онон] беҳтар аз онҳо бошанд; ва на заноне занон[-и дигар]-ро, шояд[онон] беҳтар аз онҳо бошанд; ва худатонро айбҷӯӣ накунед; ва якдигарро бо лақабҳо[-и бад] нахонед; чӣ бад аст номгузории фисқ баъд аз имон; ва касе, ки тавба накунад, пас, онҳо худ ситамгаранд.” (Сураи Ҳуҷурот, ояти 11).

Истеҳзоъ(масхара), дар зоҳир як гуноҳ аст, вале дар ботин чанд гуноҳ аст. Дар масхара кардан гуноҳони таҳқир ва хор кардан, намоён шудани камбудиҳо, ихтилоф афканӣ, ғайбат, кина, фитна андозӣ, интиқому таъна ба дигарон наҳуфтаст.

Неши забон ва таъна задан аз гуноҳҳои бузург ҳаст, зеро дар бораи он ваъдаи азоб омадааст: “Вой бар ҳар айбҷӯӣ таъна зан … Қатъан ӯ дар (оташи) шиканандае афканда мешавад.” (ояти 1 ва 5) Айбҷӯӣ ва таъна ба ҳар шакле, ки бошад манъ ва ҳаром аст; чӣ аз пас ё назди он шахс бошад, бо забон ё ишора, шӯхӣ ё ҷиддӣ, кӯчак ва ё бузург.

Дар хонаводаи мӯъмин ва мусалмон набояд ҳеҷ яке аз ин мункирот бошад, то ҳамсарон дар ҳамин дунё аз биҳишти хонавода лаззат бибаранд. Ҳамон гуна, ки Қуръони карим дар бораи аҳли биҳишт мефармояд: “ Дар он ҷо [ биҳишт] ҳеҷ беҳудагӣ ва дурӯғе намешунаванд. ” ( Сураи Набаъ,  ояти 35)  Дар онҷо тамоми бархӯрдҳо бархоста аз рӯҳи солим, баёни солим аст.  “ Барои онҳо назди Парвардигорашон сарои саломат аст; ва ба [подоши] он чи анҷом медоданд, Ӯ сарпарасти онҳост. ” (Сураи Анъом, ояти 127) Ки шавҳардӯстони ҳамсоланд. (Сураи Воқеа, ояти 37)

Вале дар бораи аҳли дӯзах мехонем: “  Ҳар гоҳ уммате дохил шавад [гурӯҳи] ҳамонандашро лаънат мекунад. То ҳангоме ки ҳамагӣ дар он [оташ] ба якдигар бипайванданд, пайравонашон дар бораи пешвоёнашон гӯянд: “ Павардигори мо! Онҳо моро гумроҳ карданд, пас, азобе ду баробар аз оташ ба онон бидеҳ.” [Худо] Мефармояд: “ Барои ҳар як [аз шумо азобе] ду баробар аст, валекин намедонед.” ( Сураи Аъроф, ояти 38)  Дар онҷо ҳама гуноҳи худро ба гардани якдигар меандозанд: “ Агар шумо набудед, мо имон доштем.” (Сураи Сабаъ, ояти 31)

Афзун бар ҳифзи эҳтироми якдигар, ҳамсарон вазифа доранд нисбат ба хонаводаҳои ҳам низ эҳтироми дутарафа дошта бошанд. Эҳтиром ба волидайн ба хонавода ба бастагони якдигар навъе эҳтиром ба ҳамсаратон аст. Ва риояти он, обест бар рӯйи бисёре аз ихтилоф ва кашокашҳо. Агар арӯси хонавода хидмате ҳарчанд кӯчак ба модари шавҳараш кунад, илова ба ҷалби муҳаббати ӯ, муҳаббати шавҳарашро низ ҷалб мекунад. Ё агар домоди хонавода аз рӯи эҳтиром пеши модари ҳамсараш ба по хезад, ҳам алоқаи ӯро ба худ ҷалб мекунад ва ҳам муҳаббати ҳамсараш ба ӯ зиёд мешавад. Паёмбари акрам (с) фармудаанд: “Касе, ки афроди мусинро бузург нашморад ва ба афроди кӯчак раҳм нанамояд, аз мо нест.” Қуръони карим дар бораи эҳтироми дуҷониба мефармояд: “ Ва ҳангоме, ки ба шумо[салому] дуруде гуфта шуд,  пас, бо [салому] дуруде беҳтар аз он ва ё ҳамонанди онро посух диҳед. Қатъан Худо бар ҳама чиз ҳисобрас аст.”(Сураи Нисо, ояти 86)

Оё подоши некӣ ҷуз некист?.” ( Сураи Арраҳмон, ояти 60)  Имом Зайналобиддин (а) фармудаанд : “ Ҷумлаи    هل جزاء الإحسان      дар бораи кофир ва мӯъмин ҷорист ва ҳар касе барои дигаре кори нек анҷом диҳад, бар ӯ лозим аст ҷуброн кунад.”

Ҳазрати Алӣ (а) фармудаанд: “ Неку хитоб кунед, то посухи зебо шунавед.”

Агарчи эҳтироми дуҷониба аз вазифаҳои ҳамсарон аст; аммо нақши мардон дар ин бора метавонад ҷиддитар бошад.  Расули гиромии Ислом (с) фармудаанд: “ Ҳар кас ҳамсар гирифт, пас ӯро эҳтиром кунад.”   Ва Имом Зайналобиддин(а) фармудаанд: “ Худованд раҳмат кунад, бандаеро, ки бо ҳамсараш бо некӣ рафтор кунад, зеро Худованд ӯро сарпарасти ҳамсараш қарор дод. Дар ҳақиқат, супоридани мудирияти хонавода ба мард, ба маънои ҳукмронӣ, бад хулқӣ ва нигоҳи мутакаббирона нест; чунон,  ки Паёмбари акрам (с) фармудаанд: “ Ман нисбат ба хонаводаам аз ҳама беҳтар рафтор мекунам.” Ва садо кардану ҷавоб додани он Ҳазрат ҳатто нисбат ба занон ва кӯдакон, ҳамроҳ бо эҳтиром буд. Он Ҳазратро ба хотири вафодори ба ҳамсараш Хатичаи кубро (рз) ҳатто баъд аз ӯ ба заноне, ки бо Хатичаи кубро (рз) дӯст буданд, эҳтироми хосса мегузоштанд.

Имоми Ҳасан(а) дар посух ба  мушовирати фарде дар хусуси издивоҷи духтараш фармудаанд: “ Ӯро ба издивоҷи марди бо тақво даровар. Чун агар ҳамсарашро дӯст дошта бошад, ӯро гироми медорад (ва эҳтиромашро нигоҳ медорад) ва агар ӯро дӯст надошт, ба ӯ зулм намекунад.”

Охирон нукта дар ин қисмат ин ки ҳунари мардони пирӯз  ин аст, ки тавре рафтор мекунанд эҳтироме, ки ба  онҳо гузошта мешавад, бархостаи қалб аст, на аз рӯйи тарс Расули гиромии Ислом (с) фармудаанд: “ Огоҳ бошед! Бадтарин афроди уммати ман касоне ҳастанд, ки дигарон аз тарси шаррашон ба онҳо эҳтиром мегузоранд. Огоҳ бошед! Он кас, ки мардум ӯро аз рӯи тарс эҳтиром кунанд, аз ман нест.”

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.