Шаби қадр

338

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Шаби қадр чист? Шабе, ки дар он Худованд ба бандааш назари хоссе дорад.

Дар ин шаб Худованд ҳар ҳоҷату хостае, ки дар дили бандааш ҳаст иҷобат мекунад. Худованд дар сураи Қадр мефармояд: Шаби қадр беҳтар аз ҳазор моҳ аст.

Шаби бузургу арзишманд, ки дар он сарнавиштат ва тақдири инсон рақам мехӯрад .

Шабе, ки дар он Қуръон нозил шудааст ва саросар нуру раҳмат, хайру баракат ва саломату саодату офият ва аз ҳар ҷиҳат беназир аст.

Мурод таксир аст на таъин ва таҳдид, дар он шаб нузули фариштагон ба кураи замин, ки сардастаи онҳо Ҷабраил (а) мебошад, ҷиҳати дуои хайру талаби омурзиш барои шабзиндадорон ва касоне, ки талаби  марҳамат ва мағфират менамоянд.

Ин шаб ҳикмате дорад, ки Худованди мутаол барои мо ва шумо онро ихтисос додааст, то баҳраҳо бигирем ва дубора зинда шавем.

Расули Акрам (с) дар фазоили шаби қадр мефармояд:

1) Омурзиши гуноҳон; ҳар касе шаби қадрро эҳё дораду мӯъмин бошад ҳамаи гуноҳонаш бахшида мешавад.

2) Қалби Рамазон; моҳҳо назди Худованд 12 моҳ аст ва саромади онҳо Рамазон ва қалби моҳи Рамазон шаби қадр аст.

3) Беҳтар аз ҳазор моҳ; дар фарҳанги ғании Ислом, ҳама чизро бо меъёрҳои илоҳӣ месанҷанд ва Худованд дар фазилати шаби қадр мефармояд: لَيْلَةُ الْقَدْرِ خَيْرٌ مِنْ أَلْفِ شَهْرٍ

Ибодат ва бандагӣ дар ин шаб беҳтар аз ибодат дар ҳазор моҳ аст, чун хайроту баракот ва судҳои динӣ ва дунявӣ дар он аст ва онро шаби қадр номид.

4) Нузули Қуръон; тибқи ривоёт маҷмӯаи Қуръони карим дар шаби қадр нозил шуда ва ин нузули дафъӣ ва якбораи Қуръон аст, аммо нузули тадриҷии Қуръони карим дар замони 23 соли нубуввати Расули Худо (с) ба сурати алфоз нозил шудааст.

5)  Нузули малоика; фуруд омадани малоика ва рӯҳ дар шаби қадр

Пазироии шаби қадр тавре аст, ки дар он ниёзи яксолаи меҳмон таъмин мешавад ва замин бо нузули фариштагон дар шаби қадр музайян мегардад.

Худованд ғизои рӯҳ барои рушди маънавии мо инсонҳо медиҳад, ки Паёмбари акрам (с) дар хутбаи ҷумъаи  охири моҳи Шаъбон  мефармояд: Ин меҳмонӣ ҳеҷгуна монандие бо меҳмониҳои дунявӣ надорад.

Худованди олим, ғанӣ, холиқ, боқӣ ва азизу ҷалил мизбони инсонҳои ҷоҳилу, фақиру, фонӣ, махлуқ ва залил мешавад ва мегӯяд: Ман дуоятонро мустаҷоб мекунам ва барои ҳар нафасе, ки дар моҳи Рамазон ва шабҳои қадр мекашед подоши тасбеҳ ато мекунам.

Чӣ касоне аз ин шаб баҳра мебаранд?

Касоне, ки ин шабро эҳё мегиранд ва дар ин шаб зинда ҳастанд.

Касе, ки дар ин шаб худашро ҳеҷ чиз мебинад ва фақат умедаш ба Худост, ки ӯст бахшандаи меҳрубон ва аз суханҳои ногуфтаи дил огоҳ.

Дар ин шаб мо худамонро бояд ҳеҷ бубинем ва Худоро ҳамачи, яъне мағрур нашавем, ки агар амали солеҳе доштаем ба он такя накунем бояд ба раҳмати Худои бузург такя кунем. Ҳоло агар ту ба ман нигоҳ накунӣ ман чӣ кунам?!

Бояд чӣ кор кунем, то аз ин шаб баҳра барем?

Паёмбари Акрам (с) фармуданд: Амал дар ин шаб аз ҳазор моҳ болотар аст. Пас биёед дар ин шаб корҳои сахт анҷом диҳед, аз касоне, ки нороҳатем ё кинае ба дил дорем онҳоро аз таҳи қалб бубахшем.

Чаро аз меҳрубонии Худо бештар истифода намекунем?

Мо вақте аз Худо бихоҳем ончиро, ки худаш бароямон муқаддар месозад зиндагии олие хоҳем дошт.

Шаб ҳамон сояи кураи замин аст, ки бар ниме аз кураи замин меафтад ва ин соя ҳамроҳи гардиши замин дар ҳаракат аст. Як даври комили он дар бистучор соат анҷом мегирад. Ин муддат, ки торикӣ тамоми нуқтаҳои кураи заминро ором-ором фаро мегирад, шаби комили кураи замин ва шаби қадр аст, ки бо ихтилофи чанд соат зудтар ва дертар меҳмони мардумони гӯшаву канори саросари замин мешавад.

Эҳёи шаби қадр

1) шабоҳати қадар ва қиёматро ҳис кунем.

2) умедвор бошем ва ба кам қонеъ набошем.

3) беқарор бошем барои наздик шудан ба Худо

4) мӯъминон мисли гуноҳкорон бо дастҳои холӣ ба маҳзари Худо бираванд ва гуноҳкорон мисли мӯъминон бо қалби мутмаин ба муҳаббату фазли Худо ба дуо бипардозанд. Худо агар мехост набахшад, моро садо намезад ва агар мехост сахт бигирад, савоби шаби қадрро инқадар боло намебурд.

5) ҷалби муҳаббати Худо бо муҳаббат бар дигарон.

6) бузургвор бошем ва барои пирӯзӣ ва сарафрозии миллатамон дуо кунем. Дуоҳоямонро ба хонаводаи худ маҳдуд накунем, балки барои маҳрумони ҷаҳон ба вижа мӯъминони мазлум дуо кунем, чун Худо аз бандагони бузургвори худ хурсанд мешавад.

7) расидагӣ ба ниёзмандон ва муҳаббат ба бастагон ва дуо барои беморон.

8) муҳаббат ба волидайн ва ҳалолият талабидан аз падару модари худ агар аз ин дунё рафтаанд ҳатман барояшон хайрот бидиҳем.

9) талаби маишати хуб ва нобудии фақирсозон, барои худ офият ва маишати хуб талаб кунед. Мӯъминон бояд тавонанд аз зиндагии хуб бархурдор бошанд то дар асари фақр ва тангии маишат ба гуноҳ наяфтанд ва аз зикри Худо ғофил нашаванд ва барои нобудии мустакбирони олам, ки фақирсозони ҷаҳонӣ ҳастанд низ дуо кунед.

10) ҳузур дар ҷамъи мардум. Агар мехоҳед шабҳои қадр ба ибодат дар танҳоӣ пардозед, каме ҳам дар миёни мардум ҳозир шавед то ба тавозӯъ наздиктар бошад ва аз нури нияти мӯъминон баҳра гирем.

11) дуои муносиби ҳол ва аз ҳар дуое, ки дилатонро ба Худо мутаваҷҷеҳ мекунад истифода кунед.

12) шаби қадр, ки таваллуди Қуръон аст хуб аст Қуръон бихонем.

13) тафаккур ва муҳосибаи нафс, ҳамин ки диламон аз кӯтоҳиҳоямон бигирад Худованд моро дар оғуш хоҳад гирифт ва моро навозиш хоҳад кард. Худо дӯст дорад ҳамаи гузаштаҳои моро ҷуброн кунад.

14) андешидан ба лаҳзаи видоъ ва мурури васиятномаҳо ва сафари бо шукуҳи охиратро ҷидди бигирем, агар эҳсоси тарс ё танҳоӣ кардем ба Худо паноҳ барем то ӯ ба мо оромиш диҳад на бо ғафлат аз марг ором бигирем.

15) каме мушорита ва барномарезӣ барои оянда, ки чигуна рафтори беҳтаре хоҳед  дошт. Барномаҳои кӯтоҳу мухтасар, вале доимӣ барои яксоли ояндаи худ бирезед ва аз Худо кӯмак хоҳед, ки шуморо дар анҷоми онҳо ёрӣ расонад.

Дар ҳадисе омадааст, ки аз Паёмбари Акрам (с) пурсиданд:

Дар шаби қадр аз Худо чӣ бихоҳем?

Ҳазрат фармуд: Офият бихоҳед.

Беҳтарин дуо барои худ ва дигарон дар шабҳои қадр талаби офият аст ва ҳамаи дуоҳоро ҳамроҳи офият бихоҳед. 《اللهم عافنا فى جميع الامور 》

Худоё дар ҳамаи корҳо ба мо офият бидеҳ.

Беморӣ зидди офият аст.

Доштани фарзанди носолеҳ зидди офият аст.

Ҳамсояи бад зидди офият аст.

Қарз ва гирифторӣ зидди офият аст.

Беобрӯӣ зидди офият аст.

Ҳар чизи баде зидди офият аст, пас дар офият хостан ҳама чиз ҳаст.

Рӯза гарчи фавоиду манофеи тиббӣ аз қабили дафъ ва бартараф шудани маводи зоиди бадан дар асари гуруснагӣ дорад, аммо саҳархезӣ ва шабзиндадорӣ дар шабҳои азими Рамазон,  латофати рӯҳ ва истиҷобати дуо дар чизи дигаре аст ва маҳруми воқеӣ касе аст, ки аз ин ҳама хайру баракат маҳрум бошад.

Худованди Таборак ва Таоло дар ҳар шаб аз моҳи мубораки Рамазон се бор худаш мегӯяд ва нидо медиҳад: Ҳар чизе бихоҳӣ ман бароят медиҳам. Касе ҳаст, ки тавба кунад, ман ҳам тавбаашро қабул мекунам ва аз мани Худо пузиш биталабад, ман ҳам ӯро меомурзам.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.