Камбуди муҳаббати падар ба духтарон ва осори он

68

Камбуди муҳаббати падар ба духтарон ва осори он

Камбуди муҳаббати падар ва таъсири он бар равобити отифӣ ва эҳсосии духтарон

Камбуди муҳаббати падар сабаби пеш омадани мушкилоте дар ояндаи духтарон хоҳад шуд.

Духтароне, ки дар тӯли даврони кӯдакӣ ё навҷавонии худ камбуди муҳаббат аз ҷониби падарро эҳсос карда бошанд, аз лиҳози отифӣ омодаи барқарории иртиботҳои носолим ҳастанд. Ба иборати дигар, ин духтарон мумкин аст, дар оянда қурбонии иртиботҳои носолим бо афроди судҷӯ ва булҳавас бишаванд.

Баҳрамандӣ аз муҳаббати падарона барои рушди ҳиссӣ ва отифии духтарон бисёр таъсиргузор аст ва метавонад нақши асосӣ дар чигунагии иртиботҳои отифии ӯ дар оянда, махсусан бо ҷинси мухолиф (писарҳо) бошад.

Духтареро дар назар бигиред, ки дар хонаводаи носолим аз лиҳози равонӣ ва отифӣ мутаваллид мешавад. Ба унвони мисол, падар ва модари ӯ маъмулан бо ҳамдигар дар ҳоли низоъ ҳастанд ва ӯ камтар шоҳиди меҳру муҳаббат миёни онҳост. Ӯ дар хонаводаи худ амнияти отифиро ҳис намекунад ва ин ҳолатро ба тамоми равобити худ бо дигарон густариш медиҳад.

Аз он ҷо ки падару модар нақши аслиро дар шаклгирии боварҳои ӯ нисбат ба одамҳо ва равобити ӯ доранд, агар волидайни ӯ ба мизони кофӣ ба ӯ меҳр наварзида бошанд ва ниёзҳои отифӣ ва эҳсосии ӯ ба сурати солим бароварда нашуда бошад, ӯ доиман дар даруни худ навъе камбудро эҳсос мекунад.

Писарону духтароне, ки дар кӯдакӣ мавриди бемуҳаббатии волидайн қарор гирифта бошанд, ё эҳсосоти онҳо аз тарафи падару модар нодида гирифта шуда бошад, рафторҳои номуносиберо аз худ нишон медиҳанд.

Дар аксари маворид, мушоҳида мешавад, ки писароне, ки дар кӯдакӣ мавриди бемеҳрӣ ва бетафовутии волидайн қарор гирифтаанд ва волидайни сарде доштаанд, рафтори талабкорона ва пархошгарона дар пеш мегиранд, мумкин аст, ба мавқеиятҳои болое аз назари таҳсилӣ ва шуғлӣ ҳам бирасанд, аммо ба далели ин ки дар даруни худ аз камбуди муҳаббат ранҷ мебаранд, замоне ки бо фарде вориди робитаи эҳсосӣ ва отифӣ шаванд, рафторҳояшон талабкорона ва пархошгарона хоҳад буд.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.