Модар талоқ чист?

310

Пушти ин пурсиш чист?

Шаку  шубҳа бадтарин эҳсосе  аст, ки як кӯдак метавонад дошта бошад ва баъзан сабаби тарс ва нофаҳмиҳо мешавад. Пас, нагузоред, ки кӯдак дар бораи ин, ки дӯсташ медоред шак кунад ва ин, ки дар ҳар пешомаде яке аз шумо дар хона наздаш ҳастед. Сӯҳбат кардан бо кӯдаконе, ки падару модарашон аз ҳам ҷудо ҳастанд, бисёр ҷолиб ва равшан аст; онҳо ҳамеша мехоҳанд бидонанд, ки дар ин бора айбе доранд ё не? Ва ин, ки волидайнашон онҳоро ҳанӯзам дӯст доранд ё не? Ва оё волидайнашон метавонанд бо ҳам дӯст бимонанд ва мисли дӯст бо ҳам рафтор кунанд? Дар ин қисмат, саволҳоро занӣ ҷавоб доданд, ки худ ӯҳдадори кӯдаконаш ҳаст ва падари кӯдакон ғоиб аст. Ва шумо метавонед саволҳоеро ҷавоб гардонед, ки мутобиқи шароитатон ҳастанд.

Дастурҳо барои ҷавобҳои шумо

Кӯдакони зери панҷ сол дунёро ба андозаи фаҳмашон дарк мекунанд, пас беҳтар аст барои онҳо каме аз сабаби ҷудо шуданатонро гӯед. Агар ин корро накунед, онҳо худ барои ин мушкили пеш омада ҷавобҳо метарошанд ва худро барои он сарзаниш мекунанд. Монанди « Модарам рафт, чун ман хонаро ҷазир мекардам»  ё « Падарам асабӣ шуд, чун пуламро гум кардам.»

Дар ин шароити ногувор ин фикрҳо ба кӯдак зарба мезанад. Барои равшан шудани тарсҳои кӯдак аз он савол кунед ва ҷавобҳои содда ба ӯ диҳед.

Сабаби талоқи шумо ҳар чизе, ки ҳаст ва ҳар қадаре ҳисси хубе надоред, набояд ҳисси бадатонро ба кӯдак интиқол диҳед. Кӯдак ба ҳар яке аз шумо тааллуқ дорад ва  агар шумо бадбинии худро нисбат ба касе, ки ниме аз кӯдакатонро ба вуҷуд овардааст нишон диҳед, кӯдак эҳсоси беарзиш будан мекунад.

Чӣ чизҳое дигареро лозим аст донед

Агар фақат шумо кӯдакатонро нигоҳубин мекунед, талош кунед ҳангоме, ки ӯ барои ҳамсари собиқатон дилтанг мешавад, шумо ғамгир нашавед ва тавре рафтор накунед, ки ӯ вуҷуд надорад.

Муаллимони кӯдакатонро аз ин пешомад хабардор кунед ва аз онҳо талаб кунед, то  муроқиби ӯ бошанд, ки дар мактаб мушкиле барояш эҷод накунад. Ба кӯдакатон ин иҷозатро диҳед, ки дар бораи тарсҳояш сӯҳбат кунад. Бо диққат ба ӯ гуш диҳед ва гапҳояшро ҷиддӣ гиред.

Кӯдакони бузургтар шояд дар бораи масъалаи моддӣ хавф  дошта бошанд чун талоқ бисёртар мушкили молиро ба вуҷуд меорад. Талош кунед,  ки ин вазбиниро бар души ӯ нагузоред, зеро ин ҳам боис мешавад, ки ӯ худро гунаҳкор донад.

қаҳр

Чизҳои дигаре, ки мумкин аст кӯдак аз шумо савол кунад

Оё туву падарам ҳанӯз маро дӯст медоред?

Оё падарам баъд аз талоқ маро дигар дӯст медорад?

Оё метавонам  бибӣ ва бобоямро бинам?

Оё боз метавонам ба мактаби худам равам?

Посух барои кӯдакони 2 то 4 сола

Талоқ вақте аст, ки зану шавҳар издивоҷашонро бар ҳам мезананд, чун дигар ҳамдигарро дӯст намедоранд. Ману падарат талоқ ҳам гирем,  вале туро дӯст медорем ва мисли гузашта туро нигоҳ мекунем.

Посух барои кӯдакони 4 то 6 сола

Ман ва падарат чун натавонистем мушкилҳоямонро ҳал кунем аз ҳамдигар ҷудо мешавем, вале талош мекунем, ки дӯсти ҳам бошем чун ин бароямон беҳтар аст. Мо туро ҳамеша дӯст медорем ва муроқиби ту ҳастем. Ман медонам, ки ту ҳардӯи моро дӯст медорӣ ва қасам мехӯрам, ки  ту ҳар вақт хостӣ метавонӣ дар назди ҳар кадоме аз мо бимонӣ. Падарат дар як хонаи дигаре зиндагӣ мекунад, шояд ҳар рӯз натавони ӯро бубинӣ, вале ӯ боз ҳам туро дӯст дорад.

Посух барои кӯдакони  6 то  8 сола

Талоқ ғамангез аст. Ҳеҷ кас дӯст намедорад хонаводааш ҷудо шаванд ба ҳамин хотир аст, ки ман баъзан гиря мекунам. Мо ҳанӯз ҳам дӯст медорем дар канори ҳам бошем; аммо падарат дар фикри зиндагии нав ҳаст . Талоқ кори душвор аст ва гоҳе мо нисбати ҳамдигар номеҳрубон мешавем, вале ин айби ту нест. Зану шавҳарҳо мумкин аст дар зиндагиашон дигаргун шаванд ва ишқашон тамом шавад, махсусан агар зуд издивоҷ кунанд (дар хурдсолӣ) аммо ҳардӯи мо туро хеле дӯст медорем ва  ҳеҷгоҳ ишқамон ба ту кам намешавад. Ва талош мекунам, то падаратро зуд-зуд бубинӣ ва рӯзҳои истироҳат бо ӯ бошӣ. Агар ту ба ӯ гӯйи, ки дӯсташ медорӣ ҳардӯи моро ёрдам кардаӣ ва метавони мисли гузашта бобоятро бубинӣ.

Посух барои кӯдакони 8 то 11 сола

Ҳеҷ кас талоқ гирифтанро дӯст намедорад. Ману падарат хеле кӯшиш кардем, то ин корро накунем, аммо дар охир тасмим ба он гирифтем . Падарат ба як хонаи дигар меравад ва ту назди ман мемонӣ. Ӯ пазмони ту мешавад ва туро мисли қабл дӯст медорад. Дар рӯзҳои истироҳатӣ ба диданат меояд. Мо фикр кардем, ки дар канори ман бимонӣ беҳтар аст ин тавр метавони ба мактаби худат равӣ ва бо дӯстонат бошӣ ва ташвиш накаш ман худам туро ба мактаб мебарам ва  пул ҳам дорем. Ва ҳар саволе , ки доштӣ аз ман бипурс.

ҷудоӣ

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.