Ташкили хонавода дар Ислом

48

 Нақши издивоҷ дар коҳиши гуноҳ

Тарки издивоҷ ва руҳбоният ва тарки дунё дар дини Ислом ҷойгоҳе надорад. Бар хилофи мазҳабҳои таҳрифшудаи масеҳият ва тафаккури ғалати кешишҳо ва роҳибони масеҳӣ, ки лозимаи тақарруб ба Худовандро тарки издивоҷ медонанд, дини Ислом зимни муқаддас донистани издивоҷ, ташкили хонаводаро ба унвони як кори ибодӣ донистааст.

Бахше аз гуноҳон ба ҷиҳати шаҳват ва бахши дигар ба ҷиҳати “ғафлат” аст. Доруи ғафлат ёди Худованди мутаол ва намоз аст ва доруи шаҳват издивоҷ. Ҳазрати Лут(а) моро барои ҷилавгирӣ аз гуноҳи мардуме, ки собиқа доштанд, ва дур доштани онон аз таарруз ба меҳмононаш, бо ишора ба духтарони худ, ба онон пешниҳоди издивоҷ дод: гуфт: “Эй қавми ман! инҳо духтарони ман ҳастанд, ки метавонед бо онон издивоҷ кунед. Онҳо барои шумо покатаранд, пас аз Худо парво кунед. (Сураи Ҳуд, ояти 78)

Бо ин ки Қуръони карим ба касоне, ки тавони иқтисодӣ барои издивоҷ бо занони озодро надоранд, дастур медиҳад, то барои олӯда ба гуноҳ нашудан, бо канизон издивоҷ намоянд: “Ва ҳар кас аз шумо, ки тавоноии молӣ надорад то бо занони озод ва бо имон издивоҷ кунад, пас аз канизи бо имоне, ки шумо молики онед, ба ҳамсарӣ бигирад. (Сураи Нисо, ояти 25)

Ҳамчунин, дар ривоятҳои фаровоне самараи издивоҷ, коҳиши гуноҳ ва ҳифзи дин дониста шудааст.

Расули Худо(с) дар ривоятҳои зиёде фармудааст:

“Ҳар касе издивоҷ кунад, нисфи дини худро ҳифз кардааст. Пас, дар ними дигар аз Худо парво кунад.”

“Ҳаркас дӯст дорад, ки Худоро пок ва покиза дидор кунад, пас бо доштани ҳамсар ба дидораш биравад”.

“Эй ҷавонон! ҳаркас аз шумо иститоат ва тавони издивоҷро дорад, пас издивоҷ кунад, ки издивоҷ беҳтарин васила барои чашмпӯшӣ аз нигоҳ ба номаҳрам ва покдоманӣ аст”.

Ҳаркас дар ҷавонӣ издивоҷ кунад, садои нолаи шайтон баланд мешавад, кӣ: “Вой бар ман, ду севуми динаш аз дастбурди ман дар амон монд”.

Имом Содиқ (а) фармуд: “Марде назди падарам омад. Падарам аз ӯ пурсид: Оё ҳамсар дорӣ? Ӯ гуфт: На, падарам фармуд: “Дӯст надорам, ки дунё ва ончи дар дунёст бароям бошад ва ман бедуни ҳамсар бошам. Сипас фармуд: “Ду ракъат намозе, ки як марди ҳамсардор бихонад, бартар аз ибодати марди безан аст, ки шабро бедор ва рӯзро рӯза бидорад. Сипас падарам ҳафт динор ба ӯ дод ва ба ӯ фармуд: “Бо ин пул издивоҷ кун!” пас аз он фармуд: “Расули Худо(с) фармуд: “Ҳамсар бигиред! чароки рӯзиро бештар месозад”.

Агарчи издивоҷ кори мустаҳаб аст; аммо дар дастуроти фиқҳӣ баён шудааст: “Касе, ки ба воситаи надоштани зан ба ҳаром меафтад, воҷиб аст зан бигирад”.

Аҳамияти ташкили хонавода

Ислоҳи ҳар ҷомеае, машрут ба ислоҳи хонаводаҳо аст ва ҷомеаи солеҳ ва солим баромада аз хонаводаҳои солеҳ ва солим аст, ки пайкараи иҷтимоъро ташкил медиҳанд.

Издивоҷ, аз оятҳои бузурги илоҳӣ аст. “Аз оятҳои илоҳӣ он аст, ки барои шумо аз худатон, ҳамсароне офарид”. (Сураи Рум, ояти 21). Хонавода ҷойгоҳи мумтозе дар оятҳои Қуръони карим дорад. Калимаи “завҷ, ва калимаҳои муштақшуда аз он, ҳаштод бор ва калимаи “никоҳ бистусе бор дар Қуръон омадааст, ки ҷамъи ин ду, 103 бор мешавад. Ҳамчунин, ғайр аз калимаи “завҷ ва никоҳ”, калимаҳои марбут ба хонавода ва масоили хонаводагӣ низ, дар ин китоби шариф омадааст ва шояд битавон гуфт, ки ҳудуди 200 бор дар ин китоби осмонӣ, ба масъалаи издивоҷ ва хонавода ишора шудааст, ки ин паёми такрор ва таъкид, аҳамияти хонаводааст.

Аз онҷое, ки оксиген, ғизо ва либос аз аввалин ниёзҳои башар аст, Қуръони карим, ҳамсарро ба либос ташбеҳ кардааст: “Онҳо барои шумо (ҳамчун) либосанд ва шумо барои онҳо ҳамчун либос. (Сураи Бақара, ояти 187)

Ҳамчунин аз ниёзҳои калидии инсон оромиш аст. Ва Қуръони карим ҳамсарро василаи оромиш донистааст: (Сураи Рум, ояти 21) ва ҳамсарашро аз (навъи) ӯ қарор дод, то баданатон ором бигирад. (Сураи Аъроф, ояти 189)

Нақши издивоҷ дар коҳиши гуноҳ, ташкили хонавода ва доштани ҳамсар ва фарзанд, хостаи аҳли имон аз Худованд аст:

وَٱلَّذِينَ يَقُولُونَ رَبَّنَا هَبْ لَنَا مِنْ أَزْوَٰجِنَا وَذُرِّيَّٰتِنَا قُرَّةَ أَعْيُنٍۢ وَٱجْعَلْنَا لِلْمُتَّقِينَ إِمَامًا

Ва касоне, ки мегӯянд: “Парвардгоро! ба мо аз ноҳияи ҳамсарон ва фарзандонамон мояи равшании чашм ато кун ва моро пешвои парҳезгорон қарор деҳ”. (Сураи Фурқон, ояти 74)

Дар ин фасл, ба дидгоҳи Ислом дар робитаи издивоҷ ва қадосати он, фалсафа ва фавоиди издивоҷ ва ҷойгоҳи хонавода дар Ислом ва лузуми талош барои тавсеаи издивоҷ ва таблиғи фарҳанги осонгирии Ислом дар издивоҷ ошно мешавем ва дар идома ба бархе аз монеаҳо ва роҳкорҳо ишора менамоем.

 Нақши издивоҷ дар коҳиши гуноҳ

Тарки издивоҷ ва руҳбоният ва тарки дунё дар дини Ислом ҷойгоҳе надорад. Бархилофи мазҳаби таҳрифшудаи масеҳият ва тафаккури ғалати кешишон ва роҳибони масеҳӣ, ки лозимаи тақарруб ба Худовандро тарки издивоҷ медонанд, Ислом, зимни муқаддас донистани издивоҷ, ташкили хонаводаро ба унвони як коре ибодӣ донистааст.

Бахше аз гуноҳон ба ҷиҳати “шаҳват” ва бахши дигар ба ҷиҳати “ғафлат” аст. Доруи ғафлат, ёди Худованди Мутаол ва намоз аст ва доруи шаҳват, издивоҷ. Ҳазрати Лут (а) барои ҷилавгирӣ аз гуноҳи мардуме, ки собиқаи бад доштанд, ва дур доштани онон аз таарруз ба меҳмононаш, бо ишора ба духтарони худ, ба онон пешниҳоди издивоҷ дод: “гуфт: эй қавми ман! инҳо духтарони мананд, (ки метавонед бо онон издивоҷ кунед.) онҳо барои шумо поктаранд, пас аз Худо парво кунед.” (Сураи Ҳуд, ояти 78)

Унс ва дӯстии инсон дар зиндагӣ худ ниёз ба дӯст дорад. Дӯсте, ки маҳрами асрор буда ва дар сахтиҳо ёр ва ёвари ӯ бошад. Қуръон, ҳамсаронро ба либоси якдигар ташбеҳ карда ва инро дар сураи Бақара, 187 ва дар ин ташбеҳ, нозукиҳои фаровоне аст, ки дар оянда ба он ишора мекунем; Аммо яке аз бахшҳои ин ташбеҳ, метавонад наздикӣ ва унс бошад ва ҳамсар ҳамчун либосе аст, ки ҳеҷ фосилае бо инсон надорад. Ҳамсар, метавонад беҳтарин рафиқ, анис ва ҳамроҳ ва ҳамдарди инсон бошад. Муҳаббати ҳамсарон ба якдигар аз неъматҳои илоҳӣ аст ва Худованди Мутаол ишқ ва дӯстиро байни зану шавҳар қарор додааст:  «وجعل بینکم مودة و رحمة»”ва байни шумо ва ҳамсаронатон алоқаи шадид ва раҳмат қарор дод.” (Рум, 21) ҳамсар, метавонад наздиктарин дӯсти инсон бошад. Рушди фазоили инсонии издивоҷ, канори ҳам қарор гирифтани ду салиқаи мутафовит аст; пас беҳтарин арса барои тамрини таҳаммул ва фурӯ нишондани ғайзу хашм, гузашту бахшиш, сабурӣ, эсор ва ғайра аст. Дар ин арса аст, ки инсон ба хотири хостаҳои дигарон, аз хостаҳои худ сарфи назар мекунад. Дар ҳақиқат, издивоҷ, заминае бурузи истеъдодҳо ва зарфиятҳое аст, ки фард то пеш аз он, аз чунин заминае бархурдор набудааст. Ҳамон гуна, ки иқдом барои издивоҷ ва ташкили хонавода, дорои савоб аст, қадам бардоштан, барои ба ҳам расондани ду завҷ ва васотат байни онҳо низ подоши фаровоне дорад. Худованд дар Қуръони карим мефармояд:

من یشفع شفاعة حسنة یکن له نصیب منها

Ҳаркас васотати некӯ кунад, ӯ ҳам саҳме аз подош хоҳад дошт. (Сураи Нисо, ояти 85)

Воситагарӣ дар ҳар коре хайре подош дорад ва фарди мусалмон бояд дар ҳамаи умури хайре, ки метавонад, қадам бардорад. Эҳсоси мсъулият дар баробари дигарон, амри муҳиме аст, ки талаби инсоният аст; то чи расад ба мусалмон, ки наметавонад нисбат ба сарнавишти дигарон бепарво бошад. Паёмбари Ислом(с) фармуд: “ҳар касе субҳ кунад ва ба масоили мусалмонон эҳтимом наварзад, мусалмон нест.”

Дар таъсиси бунёни хонавода, ҳар кас ба ҳар миқдоре, ки метавонад бояд қадаме бардорад: аз муаррифии ҳамсарон ба якдигар, аз эътои мол ва тақаббули ҳазинаҳои издивоҷ (кам ё зиёд), то эътибор ва обрӯи худ барои васотат байни ду завҷ ва ҳар иқдоме, ки метавонад дар ба ҳам расондани ду фард муфид бошад. Ин корҳо аз масодиқи “кори нек” аст, ки Паёмбари Акрам фармуданд: “ҳар кас шафоати ҳасана (васотати некӯ) ва кори нек анҷом диҳад, ё амри маъруф намояд ва ё наҳй аз мункар кунад ва ё ба кори хайре роҳнамоӣ кунад, (дар подош) шарик аст.”

Дар байни ҳамаи васотатҳо, васотат дар масъалаи издивоҷ, ҷойгоҳи мумтозе дорад ва дар ривоятҳо ба унвони беҳтарин васотатҳо аз он ном бурда шудааст. Расули Худо(с) мефармояд: “ҳар касе барои издивоҷи ду мӯъмин қадаме бардорад, то байни он ду нафар ҷамъ кунад, ҳар қадаме, ки бармедорад, ё ҳар калимае, ки дар ин бора мегӯяд, Худованд ба ӯ савоби як сол ибодат медиҳад, ки шабҳояшро то субҳ ибодат кунад ва рӯзҳояшро рӯза бигирад.” Дар ин хусус аҳодиси зиёде омадааст, ки ба бархе аз онҳо ишора мекунем.

Ҳазрати Алӣ (а) фармуд: “беҳтарин воситагариҳо он аст, ки инсон дар масъалаи издивоҷ байни ду нафар миёнҷигарӣ кунад, то Худованд байни он ду нафар ҷамъ кунад.

Паёмбари Акрам (с) дар ривояте, иқдом падарро барои издивоҷи фарзанде, ки ба булуғ ва рушд расидааст, яке аз ҳуқуқи ӯ донистааст, пас волидайн вазифа доранд ва духтаронеро, ки ба рушд расидаанд, ба издивоҷ дароваранд.

Худованд ҳар чизеро, ки мавриде ниёзи мардум буд, ба Паёмбараш таълим дод ва аз таълимоти илоҳӣ инки рӯзе он Ҳазрат болои минбар рафт ва ҳамду санои илоҳӣ намуд ва сипас фармуд: “эй мардум! Ҷабраил аз тарафи Худованд назди ман омад ва фармуд: духтарон ва дӯшизагон ҳамчун хурмои рӯи дарахтанд; замоне, ки расиданд, агар чида нашаванд, хуршед онро фосид ва хароб мекунад ва бодҳо онро меафканад ва пароканда менамояд; дӯшизагон низ ингуна ҳастанд, замоне, ки болиғ шаванд ва ба пойи дигар занон бирасанд, ҳангоми издивоҷи онон аст ва гарна аз фасод дар амон нестанд.”

Дар ривояти дигар, Расули Ислом(с) фармуд: “ҳаққи духтар бар падараш он аст, ки дар фиристодани ӯ ба хонаи шавҳараш шитоб намояд.”

Агарчи равоншиносон ва ҷомеашиносон дар бораи синни издивоҷ, назарҳо ва таҳлилҳое доранд, вале бо таваҷҷуҳ ба мантиқи дин бояд гуфт, ки дар сурати рушд ва мутаориф ва расидани фард ба булуғи ҷинсӣ, отифӣ, фикрӣ ва иҷтимоӣ, издивоҷ ҳарчи зудтар сурат бигирад, беҳтар аст ва таъхир дар издивоҷ, сабаби фитна ва фасод аст.

Мавзӯъ дар сураи Анфол, 73 ҳам баён шудааст, ки мавриди истиноди Расули Худо(с) қарор гирифт ва марбут ба мавзӯъ дигаре аст; Аммо он ҳазрат, таъхир дар издивоҷро ба ин оят татбиқ додааст.

Аз ин ҳадис бармеояд, ки набояд издивоҷ ба баҳонаҳои пуч ба таъхир биафтад, зеро чӣ басо бо рад кардани хостгороне, ки мушкили ахлоқӣ ва динӣ надоранд, мушкилоти ҷиддӣ барои духтарони ҷавон эҷод шавад. Баҳонаи дарс хондан ва гирифтани мадрак, омода набудани васоили зиндагӣ, фавти яке аз наздикон, сарбозӣ надоштан, хона ва ғайра, ҳар кадом метавонад як монеъ барои таъхир дар издивоҷ бошад ва ин дар ҳолест, ки дар ҳамаи шароит, ба вижа дар шароите номатлуби фарҳангӣ, омодагӣ барои фитна ва фасод зиёд аст ва ин шароит метавонад таҳдиде барои духтарон ва писарон бошад. Ҳамонгуна, ки дар ҳавои сард, заминаи сармохӯрдагӣ зиёд аст, дар фазои олӯда ҳам рӯҳ ва равони афроди беҳамсар осебпазиртар аст.

Бо таваҷҷуҳ ба нерумандии ғаризаи ҷинсӣ волидайн ба хубӣ медонанд, ки ғаризаи ҷинсӣ дар инсон неруманд аст ва агар аз тариқи издивоҷ конторол нашавад, осебҳоеро барои фард ва ҷомеа ба думбол дорад. Дар оғози Ислом, дар шаб ва рӯзи моҳи Рамазон, омезиш бо ҳамсар мамнуъ буд, аммо бархе мусалмонон ин корро анҷом медоданд, ва дучори хиёнат мешуданд; пас Худованд омезиш бо ҳамсарро дар шабҳои моҳи Рамазон бо фармони Худованд дар шабҳои рӯза (моҳ рамазон), омезиш бо ҳамсаронатон барои шумо ҳалол шуд, онҳо барои шумо (ҳамчун либосанд ва шумо барои онҳо ҳамчун либос). Худованд медонист, ки шумо ба худ хиёнат мекардед (ва омезишро, ки мамнуъ буд, баъзан анҷом медодед) пас таваҷҷуҳи шуморо пазируфт ва шуморо мавриди бахшиши худ қарор дод. Акнун метавонед бо онҳо ҳамбистар шавед. (Сураи Бақара, ояти 187)

“ҳар сол ҳудуди 85 то 100 сафар дорам; Дар аксари сафарҳо дар донишгоҳҳо суханронӣ мекунам. Дар баъзе аз номаҳое, ки аз донишҷуён ба дастам мерасад, донишҷӯ ба падар ва модараш нафарин мекунад ва менависад, ки: “замони пеш аз дохил шудан ба донишгоҳ, дабиристон, ҳатто соли аввали донишгоҳ, хостгорҳои хубе доштам, падар ва модарам мегуфтанд: ҳоло зуд аст. Донишгоҳ рафта дарс бихон, баъд. Онҳо хостгорҳои хуби манро рад карданд; ҳоло, ки донишгоҳро хатм кардаам ва машғули таҳсил дар сатҳҳои олитар ҳастам дигар хостгорҳои қаблӣ пайдояшон нест ва ҳоло ин гуноҳи манро чӣ касе гардан мегирад. Ори! хостгор, ки омад, агар фикраш солим аст ва мушкиле надорад, духтартонро бидиҳед ва ба хона, мошин, тилло ва ғайра сахтгирӣ накунед. Хона, мошин, тилло фақат бахше аз зебоии як хона аст; аммо духтари шумо инсон аст; Инсонро фадои моддиёт накунед. Дипломи донишгоҳ як фазилат аст ва издивоҷ як зарурат; пас заруратро фидои фазилат накунед! издивоҷро ҷиддӣ бигиред.

Бале! агар мехоҳем насли мо гирифтори хиёнати нафс нагардад, роҳи машрӯъро, ки ҷилави онҳост, банд накунем ва бидонем ҳар баҳонае сари роҳи издивоҷи фарзандон, мисдоқи ояти 45 аз сураи Аъроф аст; чун издивоҷ роҳи Худост ва падару модар ё ҳар касе, ки баҳонаи беҷо бигирад, ҷилави роҳи Худо истода ва ин кор гуноҳ аст.

Издивоҷи ба мавқеъ, фардро аз гуноҳи чашмчаронӣ ва тамоюл ба номаҳрам наҷот дода ва санги бинои зиндагиро ба ҳалол устувор карда ва аз доми шайтон наҷот медиҳад.

Аммо издивоҷи дерҳингом, дорои паёмадҳои баде аст, ки диққат дар табаоти он, моро вомедорад дар ин амри муҳим таъхир накуним ва ба думболи фароҳам шудан ва идаол шудани ҳамаи шароит набошем; Балки бо вуҷуди ҳаддиақалҳо ва таҳаммули бархе мушкилот, ба ин амри муҳим таваҷҷуҳ намоем. Бархе паёмадҳои таъхир дар издивоҷи ҷавонон иборатанд аз:

Кам шудан инъитофпазирӣ, ба иллати субот дар сифатҳо ва шахсият, камҳавсалагӣ, бурузи мушкилот дар фарзандоварӣ, адами нишоти лозим дар фарзанддорӣ, адами шӯр ва нишоти лозим барои шурӯи зиндагӣ, заъф ва нотавонии ҷинсӣ ба хотири инҳирофоти ҷинсии қабл аз он, аз даст додани тароват, зебоӣ ва шӯри ҷавонӣ, эҳсоси нороҳатӣ ва афзоиши нигаронӣ аз номуаян будани таклиф, эҳсоси сарбор будан дар хонаводаи падарӣ ва ғайра…

Мутаассифона бархе масоил, монеи пайванд ва издивоҷи ҷавонон мегардад. Албатта, бархе монеаҳо воқеӣ буда ва бархе тасаннӯӣ ва хаёлӣ мебошад. Дар ин қисмат, ба бархе мавонеи издивоҷ, ки дар ҷомеа роиҷ аст, мепардозем:

Таҷаммулот ва таваққӯоти нобаҷо аз муҳимтарин мавонеи издивоҷ мебошад. Таҷаммулгароӣ ва таваққӯъҳои зиёд дасту пойгир аст; Пешниҳоди меҳрияҳои сангин, таваққӯи василаҳои ва имконоти фаровон барои оғози зиндагӣ, таваққӯи баргузории маросими сангини никоҳ ва арӯсӣ бо ҷамъиятӣ зиёд, таваққӯи хонаи ҷудогона, интизори кори пурдаромад ва даҳҳо хостае, ки дар хушбахтӣ ва зиндагии ҷавонон нақш надорад, метавонад мавонеи издивоҷ бошанд.

Аз нигоҳи дин, ҳар кас бояд ба миқдори тавоноиаш иқдом кунад; он кас, ки тавоноӣ дорад, ба андозаи тавонаш ва он кас, ки тангдаст аст, ба андозаи вусъаташ (Бақара, 236) дар таъбири дигаре Худованд фармудааст: “Худованд ҳеҷ касро ҷуз ба андозаи тавоноияш таклиф намекунад.” (Бақара, 286) ин фарҳанги саҳеҳи издивоҷ аст, ки ҳазрати Шуъаиб(а) дар хусуси издивоҷи ҳазрати Мӯсо(а) бо духтараш, ба ӯ мегӯяд: “ман намехоҳам, ки барту сахт гирам”.

Бояд хонаводаҳо нигоҳи имтиёзгирӣ аз якдигарро канор бигузоранд ва бо гузашт ва тафоҳум, дар эҷоди пайванд миёни духтар ва писар талош намоянд. Албатта, масъулони фарҳангӣ низ саҳми зиёде дар бартараф кардани ин монеи бузурги фарҳангӣ доранд.

 фақр ё тарс аз фақр

Худованди мутаол, таъмини зиндагии арӯс ва домодро ваъда додааст ва издивоҷро василаи вусъат ва баракати зиндагӣ қарор дода ва ба ҳама супориш мекунад бедуни таваҷҷуҳ ба фақр, шароити издивоҷи афроди беҳамсарро фароҳам оваред ва аз фақр натарсед:

“Писарон ва духтарони беҳамсар ва ғуломон ва канизони шоистаи худро ҳамсар диҳед. Агар тангдаст бошанд, Худованд аз фазли худ бениёзашон мегардонад ва Худованд гушоишгари доност”. (Сураи Нур, ояти 32)

Албатта хонаводаҳо, нисбат ба мавзӯи “фақр” ду даста ҳастанд:

Дастаи аввал, ки воқеан фақиранд ва даромаде надоранд ё даромадашон аз ҳаддиақали зиндагӣ камтар аст ва дар ин гуна маворид, агар фард талоше барои издивоҷ намуд ва хонаводае ба хотири фақри ӯ ба издивоҷаш розӣ нашуд, бояд то фаро расидани гушоиш, аз худ тақво нишон диҳад ва сабр намояд, ки Қуръон мефармояд: “ولیستعفف الذین لایجدون نکاحا حتی یغنیهم الله من فضله; ва касоне, ки василаи издивоҷ намеёбанд, покдоманӣ ва иффат пеша кунанд, то онки Худованд аз карами хеш, ононро бениёз намояд. (Сураи Нур, ояти 33)

Албатта ҳукумати исломӣ ва афроди некӯкори ҷомеа, масъули расидагӣ ба чунин ҷавонҳое ҳастанд; чаро, ки Қуръон мефрмояд: “сарватмандони ҷомеа бояд барои чунин масоиле барпо хезанд” (Нур, 33)

Қуръони Карим ҳамонгуна, ки духтарон ва писаронро супориш ба тарки нигоҳи ҳаром ва ҳифзи доман мекунад: «قل للمومنین یغضوا من ابصارهم و یحفظوا فروجهم “ба мардони мӯъмин бигӯ, чашмоне худро аз нигоҳ ба номаҳрам фурӯгиранд.” (Нур, 30) «و قل للمومنات یغضضن من ابصارهن و یحفظن فروجهن “Ба занони боимон бигӯ, аз бархе нигоҳҳо чашмпӯшӣ кунанд ва доманҳои худро ҳифз намоянд” (Нур, 31). Хонавода ва ҷомеаро масъули издивоҷи афроди беҳамсар медонад.

Яке аз корҳое, ки метавонад пуштвонаи кор ва издивоҷи ҷавонон қарор гирад, ҳидояти бахше аз закот дар ин кори муқаддас аст. Дар ояте, ки масрафҳои ҳаштгонаи закот матраҳ шудааст, иборати «дар роҳи Худо» ба кор рафта, ки маънои он ин аст, ки закотро метавон дар роҳи Худо масраф кард ва роҳи Худо дар ҳар замоне метавонад мисдоқ ва ҷилвае дошта бошад. Гоҳе мисдоқи роҳе Худо, таъмини имконоти издивоҷ барои афроди беҳамсар аст ва гоҳе эҷоди шуғл барои афроди бекор, гоҳе ҳам фароҳам кардани замина барои таҳсили афроди мутааҳҳид. Бинобарин таъмини ниёзҳои воқеии фард ва ҷомеа аз ҳар навъ, ки бошад, мисдоқи “дар роҳи Худо” ба ҳисоб меояд.

Бедуни таваҷҷуҳ ба масоили моддӣ ва зарқу барқҳо, зиндагиро бо фарди бокамол ва боҷавҳар, ки ирода аз дарунашон меҷӯшуд, оғоз карда ва огоҳона фақрро интихоб намудаанд ва ба ҷои масоили моддӣ, ба сармоя ва доштаҳои маънавӣ таваҷҷуҳ карда ва Худованд ба зиндагии онон баракат иноят намудааст. Ё баъзе хонаводаҳо ҳастанд, ки таҳсилро муҳимтар аз ояндаи зиндагии як духтар ё писар медонанд ва бо андешаҳои иштибоҳи худ ғаризаи ҷинсии фарзандашонро саркӯб мекунанд.

Ба назар мерасад, ки ин гуна нигоҳ ба издивоҷ, нигоҳе ноқис ва як тарафа аст; Зеро натиҷаи ин гуна тафаккурҳо он аст, ки ҷавонони таҳти фишори ғаризаи ҷинсӣ, ё бисӯзем ва бисозанд, то таҳсилоти худро ба саранҷом бирасонанд ва ё дар ирзои ғариза ҷинсӣ, роҳи хатоеро бипаймоянд, ки натиҷаи он, мафосиди ахлоқӣ ва инҳирофоти ҷинсӣ аст. Нигоҳи дуруст ва ҷомеъ, он аст, ки ҷавонон ҳамон гуна, ки ниёз ба таҳсил доранд.

Ҳамон гуна, ки таҳсил масъалаи мубораке аст, издивоҷ ҳам масъалаи муборак аст ва набояд ҳеҷ як монеи дигарӣ бошад; пас метавон байни ин ду масъала, “муборак ва хайр” ҷамъ намуд ва афроде дар канори таҳсил, бо тадобирҳое издивоҷ намоянд.

Бояд таваҷҷуҳ дошт, ки издивоҷ як “зарурат” аст ва таҳсил як “фазилат” ва дар сурате, ки музоҳимат ё носозгорие байн ин ду бошад, издивоҷ, муқаддам аст. Ба вижа бархе соҳаҳои таҳсилӣ, ки хуруҷи он мадраке беш нест ва ҳеҷ нақше дар ояндаи корӣ ва зиндагии фард надорад. Ингуна таҳсилҳои ғайризарурӣ ва ғайрикорбурдӣ набояд монеи издивоҷи духтарон гардад.

Дар бораи мадраки таҳсилӣ низ шавоҳиде вуҷуд надорад, ки нишон диҳад ҳамаи касоне, ки аз таҳсилоти мушобеҳ бо мадраки ҳамсон бархурдоранд, аз тафоҳуми болотаре баҳраманданд.

Агар издивоҷ бар пояи тақво ва имон шакил бигирад, ҳеҷ имтиёзи илмӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ғайри он наметавонад сабаби ихтилоф ва адами тафоҳум байни зан ва мард гардад. Ҳамсон будани мадрак, далели тафоҳум нест; балки ончи сабаби тафоҳум мегардад, дурӣ аз худхурӣ, ғурур, такаббур, худшефтагӣ, таваҷҷуҳ ба таклиф ва Худомеҳварӣ аст.

Одоб ва расмҳои ғалат

Суннатҳо аз дидгоҳи Қуръони Карим ду гуна аст; суннатҳои матлуб, ки бояд пайравӣ кард ва суннатҳои ғалат, ки бояд канор гузошт. Худованд ба Пайғамбари Акрам(с) мефармояд: “ба ҳидояти онон (анбиёи пешин) иқтидо кун” (Анъом, 90) дар хусуси суннатшиканӣ низ Паёмбари Акрам(с) маъмур шуд суннатҳои ҷоҳилиро бишиканад. Зайд ибни Ҳориса бардае буд, ки ҳазрати Хадиҷа ба Паёмбари Акрам бахшид ва ҳазрат, Зайдро фарзандхондаи худ қарор дод. Зайд пас аз издивоҷ бо Зайнаб, ки духтари аммаи Паёмбари Акрам(с) буд, ӯро талоқ дод; дар инҷо Паёмбари Акрам(с) маъмур шуд, то бо издивоҷ бо Зайнаб, суннати ҷоҳилиро бишиканад:

а) гирифтани ҳамсари ҷудошудаи писархонда, ки дар ҷоҳилият монанди гирифтани ҳамсари фарзанд нораво буд.

б) гирифтани ҳамсари бардаи худ, ки ин ҳам дар он замон, зишт ва нораво буд.

Пас чун даврони комёбии Зайд аз ҳамсараш поён ёфт ва аз ӯ ҷудо шуд “мо ӯро ба ҳамсарии ту даровардем, то дар мавриди издивоҷи мӯъминон бо занони писархондаҳояшон ҳангоме, ки талоқ гиранд мушкиле набошад, ва фармони Худованд анҷомшуданӣ аст.” (Аҳзоб, 37) Ба гуфтаи аксари муфассирон ва таърихдонҳо, ин оят марбут ба Зайд ибни Ҳориса аст. Ӯ бардае буд, ки ҳазрати Хадиҷа(а) ба Паёмбари Ислом(с) бахшид ва ҳазрат озодаш намуд. Қабилаи Зайд ӯро аз худ ронданд ва Паёмбар Зайдро фарзанд хондаи худ қарор дод. Баъд аз зуҳури Ислом, Зайд ба оин Ислом гиравид ва аз мусулмононе мумтоз ва фармондеҳи лашкар дар ҷанги мута шуд ва дар ҳамон ҷанг ба шаҳодат расид. Паёмбар(с) аз духтар амааш Зайнаб, ки зани саршинос ва аз наваҳои Абдулмуталиб буд барои Зайд хостгорӣ кард. Дар оғоз, Зайнаб хаёл кард ҳазрат ӯро барои худаш хостгорӣ мекунад. Аммо баъд, ки фаҳмид барои Зайд аст, нороҳат шуд; зеро то он замон ҳеҷ зани озоде (то чӣ расад ба занони саршинос) ҳамсари барда намешуд. Агарчи бардаҳои озод ва писархондаи Паёмбар(с) аз мусалмонони мумтоз бошад. Пас аз издивоҷ, носозгорӣ байни онон оғоз шуд ва Зайд тасмим гирифт Зайнабро талоқ диҳад. Борҳо назди Паёмбар(с) рафт, вале он ҳазрат ба ӯ мефармуд: “ҳамсаратро нигоҳ дор ва талоқ надеҳ”. Ба ҳар ҳол Зайд ӯро талоқ дод ва ду зарбаи рӯҳӣ ва иҷтимоӣ бар Зайнаб ворид шуд, яке ҳамсари Зайд шудан, ки ҷомеаи он рӯз ин корро намеписандид, дувум, талоқ гирифтан.

Бале! Аз масоиле, ки дар корномаи паёмбарон ба чашм мехӯрад, маъмурияти онон дар бардоштани одоби ғалат ва хурофаҳо аст. Қуръони Карим аз ҷумла барномаҳои Паёмбарро ҳазфи қайдҳои даступогир ва ташрифоти нобаҷо донистааст ва он ҳазрат, гиреҳҳоеро, ки бар фаҳму фикри мардум ва бар дасту пои онон зада шуда буд, як як боз кард; аммо мутаассифона бо ин, ки беш аз ҳазору чаҳорсад сол аз фарёде Қуръон мегузарад, дар ҳамин ҷомеаҳои ба зоҳир Қуръондӯст, инсонҳои зиёдеро мебинем, ки ба хотири муқаяд буданшон ба бархе одобҳои муҳум ва ғалат, масъалаи издивоҷро ба таъхир меандозанд. Монанди: фавти яке аз фомил ва бастагон, навбатӣ кардани издивоҷ байни хоҳарон бо бародарон (то хоҳари бузургтар аст, хоҳари кӯчактар набояд издивоҷ кунад ва ё ин, ки то бародари бузургтар издивоҷ накунад, бародари кӯчактар набояд издивоҷ кунад.), парҳези бисёре аз занони беваи ҷавон ва миёнсол аз издивоҷи дубора (ба унвони вафодорӣ ба шавҳари собиқ), напазирфутани бархе хостгорони шоиста ва лоиқ (ба ин баҳона, ки аз хонаводаи муҳим ва машҳур нест ва ё дар шаъне мо нест.)

 Бебандуборӣ дар ҷомеа

Ҳангоме, ки духтар ва писари ҷавон битавонанд ниёзҳои отифӣ ва ҷинсии худро аз роҳи дӯстиҳои номашруъ ва ё равобити озодии ҷинсӣ ирзо намоянд, ангезае барои пазириши масъулияти издивоҷ ва ташкили хонаводаро надоранд ва ба баҳонаҳои мухталиф тафра мераванд. Ғаризаҳо дар инсон, ҳамчун капсули газ аст, ки агар аз лӯла махсус вориди чароғ бишавад, ҳам утоқро гарм ва ҳам ғизоро табх ва ҳам фазоро равшан мекунад ва ҳеҷгуна хатар ва бӯи баде дар кор нест. Вале агар ҳамин газ дар фазо пахш шавад, ибтидо бӯи бадаш ҳама ҷоро мегирад ва сипас сабаби инфиҷор ва оташсӯзӣ мешавад.

“Ва аз онон бори гарон (таколифи сахт) ва бандҳоеро, ки бар онон буда бармедорад (озодашон мекунад)» (Аъроф, 157)

Расонаҳои бегона низ бо ҳадафи тағйири сабки зиндагии исломӣ ва бо тарвиҷи равобити озоди ҷинсӣ мекунанд, ки бархе ҷавонон аз ташкили хонавода ва мсъулиятпазирӣ шона холӣ кунанд ва ё афроди ҳамсардорро ба равобити озод тарғиб ва сабаби фурӯпошии хонавода мегарданд: касоне, ки аз ҳавасҳо пайравӣ мекунанд, мехоҳанд, ки шумо ба инҳирофи бузург тамоюл пайдо кунед.” (Нисо, 27)

Бетаваҷҷуҳи волидайн бояд барои издивоҷи фарзандони худ барнома дошта бошанд ва муқаддимаҳои издивоҷи ононро фароҳам кунанд, на онки фарзандонро ба ҳоли худ раҳо карда ва бигӯянд: “ҳар вақт ҳамсар бихоҳанд худашон мегӯянд. Волидайни дилсӯз медонанд рафтан ба сафарҳои зиёратӣ дар шароите, ки фарзандон ниёз ба издивоҷ доранд, кори дурустӣ нест ва ҳатто агар фарзанд ба гуноҳ биафтад, онон муқассир ҳастанд. Дар ин гуна маворид ҳазинаи издивоҷ ба ҳазинаи зиёрат муқаддам аст.

Монеаҳои дигаре ҳам метавонад дар тарк ё таъхири издивоҷ муассир бошад, ки ба ановин онҳо ишора менамоем:

Тарс аз маҳдуд шудани озодиҳои даврони беҳамсарӣ, рушди раванди талоқ ва беэътимодии хонаводаҳо ба якдигар, тарс аз мушкилот ва сахтиҳои эҳтимолии баъд аз издивоҷ, тарс аз издивоҷ ба далели таҷрибаҳои номуваффақи дигарон, ҳарос аз мардсолорӣ, ки духтарон дар хонаи падар мебинанд, васвос дар интихоб, равобити отифии шадид миёни волидайн ва фарзандон, бадбинӣ ва баддилии бархе писарон бо таваҷҷуҳ ба бархе равобити пинҳонӣ ва доштани бадгумонӣ ба ҳама.

Худованд дар Қуръони Карим, Паёмбарашро “бетакаллуф” муаррифӣ кардааст: “ман аҳли такаллуф нестам.” Мо низ бояд пайрави ин Паёмбар бошем ва сабки зиндагии мо исломӣ ва қуръонӣ бошад. Қуръони Карим, зимни баёни аҳкоми издивоҷ дар сураи Нисо, дар поён мефармояд: “Худованд мехоҳад (бо осон кардани қавонине издивоҷ, бори таклифи шуморо сабук кунад. Ва инсон заиф офарида шудааст.” (Нисо, 28). Ин оят паём медиҳад, ки Ислом, дини осоне аст ва бунбаст надорад ва таколифи динӣ, ба мизони тавон ва тоқати инсон аст ва ҳаргуна мушкилтарошӣ дар издивоҷ, хилофи хости Худост ва пайравӣ ва пойбандӣ ба аҳкоми издивоҷ, заминаи сабукборӣ ва дур мондани ҷомеа аз офатҳо ва сахтиҳо аст. Ва бо таваҷҷуҳ ба заъфи инсон дар баробари ғаризаи ҷинсӣ, муқаррарот ва қавонини издивоҷ тасҳилу осон гардид.

Волидайн низ бояд аз такаллуф дурӣ намуда ва дар шаклгирии издивоҷҳо, ба ҷои гиреҳ задан, гиреҳгушоӣ кунанд. Коҳиши ҳазинаҳо ва таваққӯъҳои беҷо, роҳнамоии ҷавонон, ҳимоятҳои моддӣ ва маънавии масъулин, иштиғолзоӣ, тақвияти эътиқодҳо динӣ, пешқадам шудани бузургтарҳо ва… ҳама ва ҳама, роҳҳои тасҳили издивоҷ мебошад.

Интихоби ҳамсар, аз муҳимтарин ва калидитарин мароҳили издивоҷ аст. Агарчи шитоб дар асли издивоҷ мавриди таъкид аст, вале тайид ва диққат дар гузиниши ҳамсар, мавриди супориш аст. Дар интихоби ҳамсар ва шарики зиндагӣ, набояд бо таваҷҷуҳ ба эҳсосоти зудгузар иқдом намуд ва ба як нигоҳ ва гуфтору рафтор, чашмбаста, таслими дил шуд ва бо аҷала интихоб намуд; балки бояд пас аз фикр ва машварат ва гуфтугӯ бо хонавода ва афроди бузургтар ва ботаҷриба ва бо таваҷҷуҳ ба меъёрҳои саҳеҳ иқдом кард.

Решаи бисёре аз ихтилофҳои хонаводагӣ, адами диққат дар интихоби ҳамсар аст. Маъмулан издивоҷҳои сатҳӣ, ки бо як бархурд ва ошноӣ дар автобус бо порк ё меҳмонӣ ва… шакл мегирад, оқибати хубе надорад. Ошноиҳои телефонӣ сабаби ба талоқҳои зудҳангом мешавад. Интихоби ҳамсар, интихоби худрав ва мошин нест, ки инсон ҳарчанд сол якбор ивазаш кунад. Интихоби шарики молӣ нест, ки одам ҷудо шавад; агар дар интихоби ҳамсар, гузиниши номуносибе сурат бигирад, рӯи насл ва балки наслҳо муассир аст. Аз Паёмбари Акрам(с) нақл шудааст, ки фармуд: “ҳар фарде, ки ба дунё меояд, мутобиқ бо фитрати худопарастӣ мутаваллид мешавад, магар ин, ки падар ва модараш, ӯро мунҳариф кунанд.”

Баҳрагирӣ аз таҷрибаҳои афроди бузургтар ва машварат бо онон барои интихоби беҳтар ва дақиқтар лозим аст. Дар зарбулмасал мегӯянд: лангро барои хариди асб нафиристед, ҷавонро барои хостгорӣ нафиристед; чун одами ланг, ки наметавонад роҳ биравад; ҳар асберо хуб медонад.

а) Дин ва имон: Қуръони Карим “ҳаёти тайиба”-ро дар партави имон медонад; пас дар интихоби ҳамсар, “имон”, шарти асосӣ аст, (Нисо, 25) чуноне ки дар ҷои дигари Қуръони Карим мефармояд: “бо занони мушрик издивоҷ накунед, магар онки имон биоваранд ва канизи боимон беҳтар аз зани озоди мушрик аст, ҳар чанд аз (зебоии) ӯ ба шигифт ояд ва ба мушрикон зан надиҳед, магар онки имон биоваранд ва ҳамоно бардаи муъмин беҳтар аз озодаи мушрик аст, ҳар чанд аз (мол ва зебоии ӯ шигифтзада шавед.)

Паёми ояти шарифа ин аст, ки дар интихоби ҳамсар, “имон” асл аст ва набояд фиреби ҷамол ва сарват ва мавқеиятро хӯрд; инсон бояд тамоюлот ва ғароизи худро дар масири мактаб конторол ва аз издивоҷ бо ғайри мусалмон парҳез кунад. Касе набояд ин гуна фикр кунад, ки ман аввал издивоҷ мекунам ва сипас ӯро мӯъмин мекунам; балки ин як асли қатъӣ аст, ки: ибтидо, имон ва пас аз он издивоҷ. Чун гоҳе мақом ва сарват ё зебоии зоҳирии кофирон, инсонро гирифтор мекунад; пас Қуръон мефармояд, ки агарчи шароити зоҳирӣ ё молии онон ва … шуморо шефта карда ва ба тааҷҷуб водорад, набояд бо онон издивоҷ кард; чаро, ки васлат бо онон заминасози ҷаҳаннам аст.

Издивоҷ бо ҳамсарони ғайримӯъмин, метавонад таъсири манфӣ бар тарбияти фарзандон ва насли ояндаи инсон бигузорад, чуноне ки метавонад инсони беимон, ҳамсарашро дучори инҳироф намояд. Ояте, ки зикри ҳар кас аз мард ё зание, ки мӯъмин бошад ва кори шоиста кунад, ҳатман ба зиндагии пок ва писандидае зиндааш медорем ва қатъан муздашонро некӯтар аз ончи анҷом додаанд, подош хоҳем дод.” (Наҳл, 97) “ҳаёти тайиба” он аст, ки инсон, дили ором ва рӯҳи мӯъмин дошта бошад, мӯъмин ба нури Худо мебинад, машмули дуои фариштагон аст, машмули таъйидҳои илоҳӣ аст, ин гуна афрод хавф ва ҳузне надоранд.

Қуръони Карим мефармояд: “занони шумо киштзори шмоянд, ҳаргоҳ бихоҳед, ба киштзори худ дароед” (Бақара, 223) дар ин оят, занон ба мазраъа ва киштзор ташбеҳ шудаанд, ки базри мардро дар даруни худ парвариш дода ва пас аз нуҳ моҳ, фарзандро ба ҷомеа тақдим мекунанд; аз онҷо, ки базр ва замин, ҳарду дар тавлиди маҳсул нақши муҳиме доранд; волидайн низ дар шахсияти фарзанд нақшофаринӣ мекунанд.

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.