Беҳтарини умматҳо бошем

119

Даҳ далели содда барои амри ба маъруф ва наҳй аз мункар

1. Решаҳои фитри ва ғаризи дорад

Падарон ва модарон дар тӯли таърих фарзандонро ба корҳое водор ва аз корҳое манъ кардаанд. Ҳушдор ва ихтор дар баробари хатарҳо ва каҷрави махсуси инсон нест. Дар Куръони карим мехонем вақте, ки мурчае дид ҳазрати Сулеймон (а) бо лашкараш дар ҳаракатанд, фарёд зад ва ба мурчаҳои дигар гуфт: Ба лонаҳои худ биравед, то поймол нашавед (Сураи Намл, ояти 18). Ва ҳангоме, ки Ҳудҳуд дар парвози худ аз фазои кишвари Сабо мутаваҷҷеҳи инҳирофи мардум шуд ва дарёфт, ки хуршедпараст ҳастанд, назди ҳазрати Сулеймон омад ва аз ин инҳироф шикоят кард. Ӯ ва қавмашро ёфтам, дар ҳоле ки ба ҷои Худо барои хуршед саҷда мекунанд; ва шайтон корҳояшонро барояшон зинат додааст ва онҳоро аз роҳ[-и Худо] боз доштааст; пас, онҳо ҳидоят намешаванд (Сураи Намл, ояти 24)

  1. Коре аст, ки Худо мекунад

Амри ба маъруф коре аст, ки Худо анҷом медиҳад;

ان‌ الله یأمر بالعدل والاحسان   (Сураи Наҳл, ояти 90)  Амри ба мункар кори шайтон аст ; الشیطان یعدکم الفقر و یأمرکم بالفحشاء (Сураи Бақара, ояти 268)

  1. Аввалин вазифаи паёмбарон

Муҳимтарин вазифаи ҳар паёмбари ду чиз будааст; Амр ба яктопарастӣ (бузургтарин маъруф) ва наҳй аз итоати тоғутҳо (бузургтарин мункар) дар Қуръони карим дар Сураи Наҳл, ояти 36 мехонем

و لقد بَعثنا فی کل اُمه رسولاً ان‌ اعبدوا الله و اجتنبوا الطاغوت

Ва ба таҳқиқ дар ҳар уммате паёмбаре барангехтем, ки Худоро бипарастед ва аз тоғут дурӣ кунед; пас, аз миёни онҳо касонеро Худо ҳидоят кард; ва аз миёни онҳо касоне ҳастанд, ки гумроҳӣ бар он [ҳо] муҳаққақ шуд; пас, дар замин сайр кунед ва бингаред, саранҷоми такзибкунандагон чи гуна буд.

  1. Нишонаи беҳтарин уммат аст

Шумо беҳтарин уммате будед, ки барои мардум падидор шудааст; амри ба маъруф мекунед ва аз мункар боз медоред ва ба Худо имон меоваред. Ва агар аҳли Китоб имон оварда буданд, ҳамоно барояшон беҳтар буд; баъзе аз онҳо мӯъминанд ва бештарашон фосиқанд. (Сураи Оли Имрон, ояти 110).

  1. Боиси ислоҳи худамон мешавад

Ҳазрати Алӣ (рз) ба фарзандаш фармуд ” Амри ба маъруф кун, то аҳли маъруф бошӣ” (Наҳҷулбалоға, номаи 31) Ҳамон гуна, ки ҳар касе либос мешуяд, дасти худаш низ пок мешавад.

  1. Дар подоши некиҳо шарик мешавем.

Дар ривоятҳо мехонем ” Ҳар касе, ки мардумро ба кори хайр роҳнамои кунад, дар подоши онон шарик аст

  1. Сабаби баракат дар иқтисод

Ҳазрати Зайналобидин мефармоянд:” Бо амри ба маъруф ва наҳй аз мункар касбҳо ҳалол ва заминҳо обод мешавад.”

Агар мардум дар баробари кам фурушиҳо, гаронфурушиҳо, рибохӯриҳо ва ҳиллаву тазвирҳои ҳамаи афрод ҳассос бошанд, бозор ҳам ислоҳ мешавад.

  1. Ҷомеъа наҷот пайдо мекунад.

Агар амри ба маъруф ва наҳй аз мункар тарк шавад ба тадриҷ ашрор ҳоким мешаванд ва кор ба ҷое мерасад, ки хубон ҳар чи фарёд бизананд, посухе нашунаванд.

  1. Баракоташ ҷори мешавад.

Бо амри ба маъруфҳо ва тарвиҷи хубиҳо баракатҳои маънавӣ ва дунёгии он дар ҷомеа ҷори мешавад ва хайраш ҳам ба худамон мерасад.

Садақа боиси дафъи бало мешавад.  Закот молро бима мекунад.       Силлаи раҳим ( диду боздид)  умрро зиёд мекунад.  Намоз инсонро аз  фаҳшо ва мункир боз медорад.

  1. Аз балоҳо маҳфуз мемонем.

Агар гуноҳ махфиёна анҷом мешавад. Хатари чандоне барои мардум надорад, вале агар гуноҳ ошкоро анҷом шавад ва мардум қудрати бархурд дошта бошанд вале сокит бимонанд, Худованд ҳамаро мавриди қаҳру азоби худ қарор медиҳад. Чунон чӣ дар Қуръони карим мефармояд “Ва аз фитнае битарсед, ки танҳо ба касоне аз шумо, ки ситам кардаанд, намерасад; ва бидонед, Худованд сахткайфар аст”..( Сураи Анфол, ояти 25)

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.